Аз рӯзгори бонувони наҷиб

Сано бодо ба занҳое, ки марданд…

№29 (3823) 06.03.2018

ываыАсосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бобати мавқеи бонувон дар ҷомеа барҳақ гуфтаанд: «Занон дар ҷомеаи имрӯзаи мо нақш ва мавқеи басо муҳим доранд. Кадом проблемаи дорои моҳияти иҷтимоиро нагиред, ҳаллу фасли онҳоро бе иштироки фаъолонаи занон, назардошти фикру андешаҳои онҳо тасаввур кардан душвор аст…»

Раиси шаҳри Истаравшан Баҳром Иноят­зода дар маҷлисгоҳи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ҳангоми тантанаи рӯзи кормандони милитсия (моҳи ноябри соли 2017) дар ҳузури фаъолони шаҳр ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар баробари шодбошии кормандони соҳа, ҳамчунин, Адолат Ғафуроваро ба муносибати 80 — солагӣ табрику муборакбод намуда, қайд кард, ки ободию пирӯзии имрӯзаи Ватан маҳз ба шарофати кору заҳмати ҳалоли мардону занони фидокори кишвар муяссар шудааст.

Адолат Ғафурова 10-уми ноябри соли 1937 дар деҳаи Сӯфӣ Орифи шаҳри Истаравшан таваллуд шуда, баъди хатми мактаби 7-  солаи деҳа, таҳсилро дар мактаби миёнаи ба номи М. И. Калинини шаҳр (ҳоло ба номи Мирзо Бобоҷонов) идома дод. Соли 1955 ба Институти занонаи шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) дохил шуда, пас аз хатми он фаъолияти меҳнатияшро дар мактаб-интернати навтаъсиси шаҳри Ӯротеппа оғоз кард. Чун институти занонаи шаҳри Ленинобод ба донишкадаи олии педагогӣ табдил ёфт, Адолат Ғафурова шуъбаи ғоибонаи онро хатм карда, нахустин духтари маълумоти олидор дар деҳаи Сӯфӣ Ориф гардид.

Ҷидду ҷаҳд, матонату ҷасорат ва донишу малакаи ин духтари деҳотиро ба назар гирифта, роҳбарияти шаҳр аввал сарварии мактаби рақами 15- уми деҳаи Сӯфӣ Орифро ба зиммааш вогузор ва баъдан номзадии ӯро ба вазифаи котиби озоди Кумитаи комсомоли раёсати истеҳсолии колхозу совхозҳои шаҳр пешниҳод намуд. Адолат Ғафурова баъдтар котиби якуми Кумитаи ноҳиявии комсомоли ноҳияи навтаъсиси Ғончӣ интихоб шуд. Ташаббускорию навҷӯиҳояш ва бо тамоми ҳастӣ пеш бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ дар байни ҷавонон, хоса духтарону занони деҳотӣ, ба идомаи таҳсил ҷалб кардани онҳо, аз чашми раҳбарон пинҳон намонд ва ӯро барои идомаи таҳсил ба Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд фиристоданд. Мавсуф мактаби мазкурро бомуваффақият хатм намуда, дар Кумитаи ҳизбии шаҳри Ӯротеппа ба ҳайси раиси шӯрои занон ба кор оғоз кард. Пайвастагӣ ба кори ҳизб қисмати зиёди умри бобаракати ӯро фаро гирифт ва дар вазифаҳои дастурдеҳ, муовини мудири шуъба ва раиси комиссияи ҳизбии назди Кумитаи шаҳрии ҳизби коммунисти шаҳри Ӯротеппа 25 сол кор карда, баъдан сарварии шуъбаи ақди никоҳи Комиҷроияи шаҳр ва хоҷагии иҷоравии деҳаи Сӯфӣ Орифро ба уҳда дошт.

Вакили чандинкаратаи Шӯрои Олии Тоҷикис­тон, собиқ раиси Комиҷроияи шаҳри Ӯротеппа Фотима Шарифова мегӯяд: «Вақте ки Адолат Ғафурова пас аз хатми мактаби олии ҳизбӣ ба кор омад, ман вазифаи котиби Кумитаи шаҳрии ҳизби коммунисти шаҳри Ӯротеппаро ба уҳда доштам. Ӯро аз давраи сарвари мактаби деҳа, котиби озоди комсомоли колхозу совхозҳо ва котиби якуми комсомоли ноҳияи навтаъсиси Ғончӣ (ҳозира Деваштич) будан хуб мешинохтам. Духтари беқарор, ҳамеша дар такопӯ буд. Одатан чунин одамонро дар байни халқ «алобдор» мегӯянд. Агар ба қавли нависандаи шаҳири тоҷик устод Ҷалол Икромӣ гӯем, Адолат Ғафурова «Духтари оташ» буд. Ман, бо дарназардошти ҳамин хислатҳояш, бо котиби якуми ҳамонвақтаи кумитаи шаҳрии ҳизб Мирзоқосим Рустамов (рӯҳашон шод бод), ки нисбат ба ҷавонон бисёр дилсӯзу ғамхор буданд, маслиҳат карда, роҳбарии Шӯрои занони шаҳрро ба уҳдаи Адолат Ғафурова вогузор кардам ва хато накардам. Дар муддати кӯтоҳ ин зани кордон барои ҳаллу фасли бисёр масъалаҳои муҳими рӯзгори занону духтарон, аз қабили ба мактабҳои олӣ ва меҳнати созанда ҷалб кардани духтарони деҳотӣ, ба ифоқа овардани ҷанҷолҳои оилавӣ, бунёди оилаҳои солим ва ғайра саҳми босазо гузошт.

Сарварии мактаби рақами 15- уми деҳаи Сӯфӣ Орифро, ки ба мактаби даҳсола табдил ёфт, ба уҳдаи шавҳари Адолат Ғафурова — Ҳамдамов Ортиқбой вогузор кардем. Ин марди заҳматкаш 35 сол мактабро сарварӣ кард, онро ободу зебо гардонид, чанд синф­хонаи иловагӣ сохт, бригадаҳои истеҳсолии мактабиёнро созмон дода, талу теппаҳои бекорхобидаро ба боғу токзор табдил дод  ва дар ин кори хайр саҳми завҷаи ӯ — Адолат Ғафурова низ калон буд.

Ин ҷуфти муносиб фарзандони хубу таълимдидаро ба воя расониданд. Писари калониашон — Алиҷон ва сеюмӣ — Ҷамшед саҳмдори хоҷагии деҳқонӣ, писари дуюмӣ — Бахтиёр журналисти номдор мебошанд. Духтарашон Тоҷинисо омӯзгор аст ва касби падару модарро дар мактаби деҳа идома медиҳад.

Адолат Ғафуроваро метавон аз зумраи заноне шуморид, ки тамоми ҳастӣ ва умри бобаракаташро ба ободии Ватан, шукуфоии диёр ва ҳамчун одамони ватандӯсту заҳматқарин тарбия ёфтани насли ҷавон бахшидаанд, — мегӯяд Фотима Шарифова.

Собиқадори меҳнат, собиқ раиси Комиҷ­роияи шаҳри Ӯротеппа Зебӣ Маъруфова хислатҳои хосаи Адолат Ғафуроваро ба ёд оварда мегӯяд: «Муаллима зани босавод буданд, дар кори ҳуҷҷатгузорӣ тамоми қоидаву қонунҳои заруриро риоя мекарданд ва аз зердастҳо низ талаб менамуданд. Ҳақиқатҷӯӣ, росткорӣ  аз хислатҳои муҳимтарини муаллима буд. Аз ин рӯ, сарварии комиссияи ҳизбиро солҳои зиёд ба уҳда доштанд. Чун ин вазифа дар замони шӯравӣ аз вазифаҳои калидии ҳизбӣ ба ҳисоб мерафт, онро ба ҳар кас бовар намекарданд. Ба шарофати дастгириву ғамхориҳои Адолат Ғафурова, духтарони деҳотӣ соҳиби маълумоти олӣ, узвият ба ҳизби коммунист ва мақому манзалат дар ҷомеа гашта буданд».

- Адолат Ғафурова агар дар миқёси деҳаи Сӯфӣ Ориф нахустин духтари маълумоти олидор бошад, дар миқёси шаҳри ҳамонвақтаи Ӯротеппа нахустин зане буданд, ки автомашина меронданд. Барои иҷрои тамоми кор аз автомашинаи шахсии «Жигулӣ» истифода мекарданд, -мегӯяд Зебӣ Маъруфова.

Собиқадори ҳизбию давлатӣ Абдуҳафиз Толибов солҳои ҳамкор буданаш бо Адолат Ғафуроваро ба хотир оварда, мегӯяд:

- Буздилону коргурезон, фиребгарону ҳаннотон аз Адолат Ғафурова метарсиданд, зеро ӯ ҳамеша бар зидди беадолатиҳо мубориза мебурд, хислату характераш баёнгари номаш буд. Ёд дорам, ки барои ҷузъитарин сохтакорӣ ӯ се нафар коммунистони шуъбаи савдои шаҳрро аз сафи ҳизб ронд.

Соли 1995 Адолат Ғафурова директори хоҷагии иҷоравии деҳаи Сӯфӣ Ориф таъин шуду ман директори хоҷагии давлатии «Навоӣ». Ӯ дар кори хоҷагӣ ҳам хеле серталаб буд. Ба муқобили тороҷгарони моликияти давлатӣ муборизаи беамон мебурд. Боре дар шаҳр овоза шуд, ки ӯ як сардори бригадаро аз кор холӣ карда, ҳатто сабабгори аз сафи ҳизб ронда шуданаш низ гаштааст. Сабаб ҳамин шудааст, ки бригадир хушомад карда, бо мошине ба хонаи раис як миқдор ангур мефиристад. Раис ангурро нагирифта, ба анбори хоҷагӣ месупорад ва аз паи ҷазодиҳии зердаст мешавад.

- Мо — 5 нафар фарзандони падар дар оилаи Қорӣ-Шоғафур, ки ҳофизи шинохта буданду бо табақча ашӯла мехонданд, ба дунё омадаем. Дар оила хоҳари калониамон ва дар як вақт сахтгиру мардсифат — Адолат Ғафурова буданд. Падарамон, ки инсони соҳибдониш ва бомаърифат буданд, бо дарназардошти хислатҳои мардона доштани апаамон ӯро «писарам» — гӯён ном мебурданд, зеро ақлу фаросаташ ба ҳама тарафи зиндагӣ мерасид. Он кас, бо вуҷуди серкор будан, аз паи таҳсили хоҳарону додарон шуда, барои дар рӯҳияи ватанпарварӣ, хештаншиносӣ, мардонагию ҷасурӣ ва донишандӯзӣ тарбия ёфтанамон ҳиссаи сазовор гузоштаанд, — мегӯяд додари қаҳрамони мақола Шомурод Ғафурӣ.

Апаам ҳамеша бо халқ, дар байни халқ ва аз паи дастгириву кумак ба халқ буданд, бинобар ин мардум ӯро борҳо депутати шаҳриву вилоятӣ интихоб карданд. Давлату Ҳукумат хизматҳои вайро ба инобат гирифта, бо ду Грамотаи Президиуми Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон, медали «Шуҷоат» ва ғайра мукофотонидааст. Мукофоти аз ҳама баланд барои апаи ман ин иззату эҳтироми мардум аст. Ҳарчанд синнашон ба ҷое расидааст, ҳоло ҳам дар хона бекор нишаста наметавонанд. Аз паи тарбияи фарзандону наберагон ва умуман авлод мебошанд.

Шоире хуб фармудааст, ки:

Сано бодо, ба занҳое, ки марданд,

Баёзи зиндагиро байти фарданд.

Ба мардон ҳам бидода дарси мардӣ,

Даме ҳусни заниро кам накарданд,

Бо Адолат Ғафурова суҳбати тӯлонӣ доштам. Ӯ дар бораи заҳмати фидокоронаи устодону ҳамкорон ва шогирдон ҳарф мезад, вале дар бораи худ чизе намегуфт. Ӯ шукргузорӣ аз рӯзгори хешу саодати мардум мекунад. Ифтихор дорад, ки умр барабас надодааст. Кори ӯро фарзандону шогирдонаш идома дода истодаанд.

- Сол то сол беҳтар гардидани шароити рӯзгору меҳнат, баланд рафтани мақому манзалати зан дар ҷомеа, такомули дунёи маънавии занон, ба таҳсил фаро гирифта шудани духтарон, хоса фарзандони мардуми минтақаҳои дур, шинохти рисолати зан-модар подоши ибтикору талошҳои пайвастаи Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст. Ин ҳама барои мо, ҳатто дар замони шӯравӣ ҳам, як орзую омол буд ва амалӣ шуданашро имрӯз дар замони Истиқлолияти давлатии кишвар дида истодаем. Ба қадри ин ҳама накӯиҳо расидан даркор, дар атрофи Пешвои ҷоннисори миллат муттаҳид гашта, Ватанро аз ин ҳам ободу шукуфотар сохта, ба ворисон мерос гузоштан лозим аст, — мегӯяд Адолат Ғафурова.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО,

«Садои мардум»