Сарояндаи ишқу муҳаббат

№108 (3902) 04.09.2018

12«Шабҳои Душанбе» номи китоби шеърҳои Ҳаким Гӯёст. Ишқи Ватан ва мафҳуми одамият чун риштаи сурх давродаври ашъори шоир печидааст. Шоири халқии Тоҷикистон Ҳақназар Ғоиб дар пешгуфтори китоб шеъри Ҳаким Гӯёро чунин тавсиф мекунад: «Дар эҷодиёти Ҳаким Гӯё васфи гӯшаву канори гуногуни тарабафзои Ватани ҳамешабаҳораш Тоҷикистони азиз, хушиҳои дунёи моддӣ, сулҳу ваҳдат, муҳаббати поки инсонҳо, ростӣ, фидокорӣ, инсондӯстӣ, адлу инсоф ва панду ҳикматҳо мавқеи асосиро ишғол мекунад…

Ҳаким Гӯё чун вориси касби Сино табиби ҳозиқ ва олими ихтироъкори соҳаи тиб мебошад. Ногуфта намонад, ки ӯ ҳофизи хушовоз ва оҳангсози хуб низ ҳаст. Сабти шеърҳояш дар фонди телевизион ва радиои Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст».

Ҳамин тавр, Ҳақназар Ғоиб барои хонанда ҳунару истеъдод ва паҳлуҳои гуногуни кору фаъолияти Ҳаким Гӯёро ошкор месозад. Воқеан ҳам, Ҳаким Гӯёи табиб чун чароғи ҳунар, илму маърифат ва шеър месӯзаду атрофу акнофи хешро равшанӣ мебахшад. Дар зер як шеъри шоирро чун намунае аз хирвор пешкаши хонандагон мегардонем.

Пешвоёни ояндабин

(Тараннуме барои дӯстии халқҳои тоҷику ӯзбек)

Карда во дарвозаҳои дӯстиро баъд аз ин,

Офарин, эй сарварони ҳар ду миллат, офарин!

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмону Шавкат Мирзиё,

Кардаед ӯзбеку тоҷикро зи нав бо ҳам қарин.

Мақсади дуи шумо осудагии халқҳост,

Маънии умри шумо хушбахт кардан одамин.

Аз азал тоҷику ӯзбек унс бо ҳам доштанд,

Бегазанд ин дӯстӣ дар байнашон монад яқин.

Мон фараҳ бошад насиби ин ду миллат ҷовидон,

Ин ду миллатро мабодо ҳеҷ гоҳе дил ҳазин.

Шод бинмудед Ҷомиву Навоиро равон,

Он ду шоирро, ки буда шуҳраи чархи барин.

Шеъри Турсунзодаву Лоиқ Ғафуру Қодирӣ,

То кунун вирди забонҳо ҳаст чун шеъри навин.

Во дари бахти ду миллат гашта бо дасти хирад,

Офарин, ду Пешвои бихради ояндабин.

Дӯстии ҳар ду миллатро ситоиш мекунад,

То Ҳаким чун тӯтии гӯёст дар рӯи замин.