Саршори муҳаббат

№99 (3893) 16.08.2018

(Барои дӯстии безаволи мардуми тоҷику ӯзбек)

 Аз рӯзи азал, ки ҳамсадоем ману ту,

Дар базми висол ҳамнавоем ману ту.

Аз партави рӯйи ҳамдигар пурнурем,

Аз қисмати хештан ризоем ману ту.

Дар чашмаи чашми мо дурахши меҳр аст,

Парвардаи мактаби вафоем ману ту.

Девори ҷудоӣ байни мо бе пояст,

Ҳамсояи хубу бебаҳоем ману ту.

Мо дасти дуо, ки баҳри ҳам бардорем,

Сабзида зи файзи як дуоем ману ту.

Эй тоҷику ӯзбек, дар ин даҳри дудар,

Саршори муҳаббату сафоем ману ту.

Он қадр тапид дилам ба даргоҳи умед,

То пушти дари ҷафо напоем ману ту.

Бо ин ҳама ишқу меҳрубониву ҳавас,

Бингар, ки ба лутфи ҳам гадоем ману ту.

То Меҳринисо ба пои ҳасрат намирад,

Эй дӯст, бигӯ ба ҳам давоем ману ту.

Меҳринисо,  шоира