Сарвати ҳастӣ

№116-117 (3596-3597) 09.09.2016

Муҳаммад ҒОИБ

Баҳра аз хуршеди истиқлол мегирем мо,

Нури бахти хеш истиқбол мегирем мо.

Мо Ватан дорем, хушҳол аз ҳама дар оламем,

Хӯша аз ҳар донаи иқбол мегирем мо.

 Чашмаи бахту саодат бошад Истиқлолият,

Сарвати ҳастии миллат бошад Истиқлолият.

 Шукр мегӯем аз бахти Худододии худ,

Ёфтем аз баҳри ғам дурдонаи шодии худ.

Рӯйсурхии пас аз дилхун шудан озодӣ аст,

То қиёмат ҳифз месозем озодии худ.

 Чашмаи бахту саодат бошад Истиқлолият,

Сарвати ҳастии миллат бошад Истиқлолият.

 Боз дар пеш аст моро имтиҳони бешумор,

Имтиҳони мулкдорӣ, имтиҳони нангу ор.

Ҳастии худро фидои Тоҷикистон мекунем,

То шавад сарсабзтар ин кишвари доимбаҳор.

 Чашмаи бахту саодат бошад Истиқлолият,

Сарвати ҳастии миллат бошад Истиқлолият.

 

Файзи Истиқлол

Суруд

Дили  аз меҳр моломол дорем,

Дари бахту раҳи иқбол дорем,

Ба ҳар рӯзе нишон аз сол дорем.

Диёри соҳибистиқлол дорем.

 Насими бахт сӯи мо вазон аст,

Баҳори мо баҳори бехазон аст.

 Ба лаб дорем чун гулҳо табассум,

Пайи ғам гаштааст аз роҳи дил гум.

Рухи мо сурхтар бошад зи гандум,

Шавад осудагӣ дар мо таҷассум.

 Насими бахт сӯи мо вазон аст,

Баҳори мо баҳори бехазон аст.

 Муқими кишвари доимбаҳорем,

Ризо аз  ҳадяи Парвардигорем.

Ризо аз Пешвои ҷоннисорем,

Ҳама фарзанди бонанги диёрем.

 Насими бахт сӯи мо вазон аст,

Баҳори мо баҳори бехазон аст.