Раҳоварди сафар

Се рӯз дар зодгоҳи Камол

№132 (4238) 27.10.2020

logo_kamoli_khujandi_jpgШиркат дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, ки зери унвони «Ҷойгоҳи Камоли Хуҷандӣ дар адабиёт ва фарҳанги Шарқ» 16 октябри соли равон дар шаҳри бостонии Хуҷанд бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, барои адибон мояи ифтихор буд.

15 октябр мо — як гурӯҳ адибону олимони тоҷик аз шаҳри Душанбе озими шаҳри Хуҷанд гардидем. Сафар аз тариқи роҳи мошингард бо автобусҳо сурат гирифт. Ба берун менигарис­тему аз он хурсанд будем, ки кишвари азизамон рӯз ба рӯз зеботару дилработар мегардад.

Моро дар даромадгоҳи ноҳияи Айнӣ муовини якуми раиси вилояти Суғд Ҳайдар Холов, намояндагони Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бо гулдаста пешвоз гирифтанд.

Вақте ки вориди шаҳри Хуҷанд гардидем, беихтиёр ғазали машҳури Шайх Камоли Хуҷандӣ ба ёдам омад:

Ин чӣ маҷлис, чӣ биҳишт, ин чӣ мақом аст ин ҷо,

Умри боқӣ, рӯҳи соқӣ, лаби ҷом аст ин ҷо.

Давлате, к-аз ҳама бигзашт, аз ин дар нагузашт,

Шодие, к-аз ҳама бигрехт, ғулом аст ин ҷо…

Шаҳр хеле хуб ороставу зебо буд. Пиру барно пайи кор буданд, кӯчаву растаҳо зинат ёфта, ба арӯси нозанин шабоҳат доштанд.

На ҳар роҳбар метавонад чунин корҳои бузургро анҷом диҳад ва барои абадӣ гардонидани номи бузургони миллат заҳмат кашад. Агар чорабиниҳои тӯли чанд соли охир баргузоргардидаро, ки номи фарзандони шоистаи миллатро бори дигар дар ҷаридаи олам зинда гардонидааст, ба ёд биёрем, сухан зиёд мешавад. Танҳо ду санаи охирро ин ҷо ёдовар мешавам, ки гувоҳи гуфтаҳои болост.

Манзур ҷашни 5500 — солагии шаҳри бостонии Саразм аст, ки бо осори то ба ҳол мондааш назир надорад ва далели он аст, ки тоҷикон аз қадим шаҳрдору бунёдкор будаанд. Санаи дигар 700-солагии шоири маъруфи Шарқ Камоли Хуҷандист.

Бо талошҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон созмони бонуфузи байналмилалии ЮНЕСКО оид ба баргузории ин ду ҷашнвораи муҳим ва арзишманд қарор қабул намуд. Ба ибораи дигар, бузургонро бузургон зинда медоранд.

Ҳамон рӯз ба боғи машҳури шаҳр, ки номи Камоли Хуҷандиро дорад, рафтем. Бояд гуфт, ки Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва сокинони шаҳр барои дар сатҳи баланд баргузор намудани зодрӯзи шоири бузурги тоҷик омодагии хуб доштанд. Боғ он рӯз ба боғи Ирам шабоҳат дошт. Аз ҳар тараф ашъори пуртаровати шоири шаҳир ба гӯш мерасид. Намоиши ҳунарҳои мардумӣ низ ҷолиб буд. Ба пояи ҳайкали Шайх Камол гулчанбар гузоштем ва баъд мақбараи рамзии ӯро зиёрат намуда, бо хонамузейи ӯ ошно шудем.

Саҳни ҳавлии Хоҷа Камол он рӯз серодам буд. Дар ҳар қадам хонандагони муассисаҳои таълимӣ, донишгоҳу донишкада ва коллеҷҳои шаҳр аз ашъори шоир шеър мехонданд, ки шуниданаш ҳаловати дигар дошт.

Бегоҳии ҳамон рӯз барои тамошои намоишномаи «Булбули Хуҷанд» вориди Театри давлатии мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ шудем. Он ба қалами Шоири халқии Тоҷикис­тон Толиб Озарахш мансуб аст ва басо таъсирбахш буд. Маълум аст, ки коргардон Суҳроб Шехов барои ба рӯи саҳна овардани он заҳмати зиёд кашидааст. Хосса, ҳунарнамоии актёрон Ҳикматилло Аҳадов (нақши Камоли Хуҷандӣ) ва Покиза Шодмонзода (нақши маъшуқаи Камол) олӣ ба назар мерасид.

Субҳи 16 октябр бо мақсади ширкат дар Симпозиуми байналмилалӣ роҳи «Кохи Рӯдакӣ»-ро пеш гирифтем. Онро президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ кушод ва суханро ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дод. Иштирокчиён Пешвои миллатро самимона пазироӣ намуданд. Пешвои миллат дар бораи рӯзгор ва фаъолияти шоири бузург Камоли Хуҷандӣ андеша баён дошта, оид ба вазифаҳои адибону олимон дар даврони соҳибистиқлолӣ сухан карданд.

Аз он бояд ифтихор кард, ки Сарвари давлат ба адабиёти гузаштаву ҳозира таваҷҷуҳи зиёд доранд ва маҳз дар натиҷаи талошҳои пайвастаи ин абармард мардуми тоҷик, ки як муддат аз китобхонӣ дур шуда буданд, дигарбора ба мутолиаи китобҳои бадеӣ машғул гардиданд. Пешвои миллат дар бораи мақоми китобхонӣ дар тарбияи маънавии инсон андарзҳо гуфтанд, ки бояд онҳоро дар тарбияи ҷавонону наврасон истифода барем. Барномаи фарҳангӣ, ки аз ҷониби ҳунармандон пешкаш гардид, рангину гуногунмавзӯъ ва диданӣ буд.

Дар ҷаласаи пленарӣ суханрониҳои Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа — академик Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон — академик Муҳаммадюсуф Имомзода, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, доктори илми филология Фахриддини Насриддинро шунидем, ки пурмуҳтаво буданд. Дар рафти ҷаласа девони тозанашри Камоли Хуҷандиро туҳфа гирифтем. Он ҳадяи нави Пешвои миллат аст, ки аз нашрҳои пешин комилан фарқ дошт, яъне мукаммал аст.

Нимаи дуюми рӯз симпозиуми байналмилалӣ дар бинои Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров идома ёфт. Олимони тоҷик зимни суханронӣ ҳаёт ва эҷодиёти Камоли Хуҷандиро арзёбӣ карданд.

Бегоҳи ҳамон рӯз дар Фестивали шеъру суруд аз ашъори Камоли Хуҷандӣ иштирок намуда, бори дигар бовар кардем, ки дар кишвар рӯз то рӯз сафи овозхонҳои боистеъдод аз миёни ҷавонони ҳунарманд зиёд мешавад.

17 октябр барои ширкат дар ҷашни Меҳргон ва ҷашнҳои 700-солагии Камоли Хуҷандӣ, 160-солагии шоири тоҷик Зуфархон Ҷавҳарӣ ба шаҳри Истаравшан рафтем. Масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр чорабиниро дар сатҳи олӣ баргузор намуданд. Дар намоишгоҳе намунаи ҳунарҳои мардумии ноҳия ба тамошо гузошта шуд. Самараи ранҷи кишоварзон гӯшаи дигари намоишгоҳро зинат медод. Барномаи омоданамудаи ҳунармандони истаравшанӣ низ ҷолибу дилпазир буд. Аз тамошои ҳунари ҷавононе, ки ба кандакорӣ машғуланд, кас ангушти ҳайрат мегазид.

Баъди анҷоми чорабинӣ ба роҳ баромадем ва ҳар нафар аз таассуроташ сухан мегуфт. Пеш аз ҳама, шукронаи онро мекарданд, ки Пешвои миллат тавонистанд дар як муҳлати кӯтоҳ миллати порагаштаро ба ҳам биёранд, давлати таназзулёфтаро дубора эҳё кунанд, Тоҷикистонро рӯи олам машҳур намояд, барои ваҳдату ягонагии миллат чораву тадбир андешанд.

Зиҳӣ Пешвое, ки ба шарофату заҳматашон Тоҷикистон ба биҳишт табдил ёфтаву сокинони он саодатёру хушбахт гаштаанд.

Диловари МИРЗО,

«Садои мардум»