Ба дарёфти озмуни Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода

Шеърдармонӣ

№54 (4004) 14.05.2019

(Андешаҳо перомуни маҷмӯаи ашъори Муҳтарам Ҳотам – «Сухандору», ки соли 2018 дар нашриёти «Адиб» ба табъ расидааст)

Ба олами пурасрори шеър, ки ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи ҳаводорони каломи бадеъ аст, ҳар нафар – хоҳ шоиру хонанда, хоҳ муҳаққиқу мунаққид, аз даричаи махсус ворид шуда, таассуроту тасаввуроти гуногун ҳосил мекунад. Шоир дар ифшои бардоштҳо ихтиёри бештар дорад, аммо дигарҳо дар баррасии шеър ба хотири воқеъгӯйӣ ва дур нарафтан аз асли мақсад, дар баробари андеша бояд ҳадафу мароми шоирро ҳамеша пеши назар дошта бошанд. Албатта, дарки ҳадафи аслии шоир, ки гоҳо номумкин ҳам ҳаст, роҳу усулҳои гуногун дорад, аммо бештар аз ҳама, номи шеъри алоҳида ва ё унвони маҷмӯа дар ин амр ба хонанда кумак мекунад. «Сухандору» унвон гирифтани китоби нави ашъори Муҳтарам Ҳотам ишора ба он аст, ки дар маҷмӯа нуктаи меҳварӣ сухан мебошад, сухани таскинбахш ва давоию мумиёӣ, ки бо рӯҳи инсон иртиботе қавӣ дорад. Муаллиф, ки дар дунёи шеър на мусофиру муҳоҷир, балки ватандоре асил аст, ниёзи хонандаро ба сухани воло хуб дарк мекунад. Ин шоири дардошно, ки аз буҳрони маънавии инсон огаҳии комил дорад, чораву илоҷи онро танҳо дар сухан мебинад ва чун дар илоҷи дарди инсон дигар чораҳоро бечора меёбад, гирифторонро ба сухандармонӣ мехонад:

 Зи сӯзандору озурда шудат тан?

Сухандору, биё, мебахшамат ман.

Муаллиф дар эҷодиёташ, ки бо истифода аз навъҳои гуногуни шеърӣ ва жанрҳои адабӣ, вазнҳои равону дилнишин, мазмуну мундариҷа ва вазъу ҳолатҳои гуногуни рӯҳӣ эҷод гардидаву бо беҳтарин перояи шеърӣ ороиш ёфтаанд, сухани олиро мадори ҳастӣ медонад ва аз беқадр шудани он ранҷ мекашад. Аз ин ҷост, ки мегӯяд:

 

Сухан,

Ки омада буд

Аз осмон

Ба дилҳо нишаст.

Баъд аз лабҳо фурӯ рехт

Ва бар зери по афтод.

Худоё, Суханро бубар дубора ба осмон.

Муҳтарам Ҳотам шеъру шоирро оинаи якдигар ва шоириро на суханбозӣ, балки сухансозӣ медонад. Ба андешаи ӯ, шеър бояд дар «танӯри дил» пухта шавад. Эҳсос мегардад, ки саҳлу сода гирифтани шеъру шоирӣ, бемасъулиятии бархе  аз қаламкашон ва зиёд шудани нозимону кам шудани шоирон солҳои охир ӯро сахт андуҳгин намуда.

Ин шоири «ватандардил»-у «ватандарҷон» дар оғози китоб ашъори ватанпарваронаро ҷой дода, ба ин васила аз меҳру муҳаббат ва садоқати самимию бепоён нисбат ба ёдгори муқаддаси аҷдодӣ шоирона дарак медиҳад. Муаллиф бар ин бовар аст, ки яке аз вазифаҳои асосии шоир ва шеър таблиғу ташвиқи худогоҳӣ ва меҳанпарастӣ мебошад. Муҳаббати шоирона ба Ватан боис гардидааст, ки Муҳтарам Ҳотам Тоҷикистонро дар баробари қиблаи ормон, равзаи ризвон, ҷони сайёраи гардон, ҳамчунин рукни шашуми эмону эътиқод бихонад:

 Бо меҳри Ватан, ёрон, шаш рукни мусулмонист,

Бе меҳри Ватан набвад имону амон аз ман.

Аз ин ҷост, ки қисмати асосии маҷмӯаро ашъоре ташкил медиҳад, ки ба тавсифи манзараҳои зебову дилнишин ва нотакрори Тоҷикистон бахшида шудаанд. Аз ин миён шеърҳои «Меҳан», «Шоири ватанпарвар», «Қалъа», «Дараи Алмосӣ», «Мелоди Ғарм» хеле ҷолибанд.

Меҳанпарастии шоир нофаҳмо ва тақлидию бебунёд нест, балки дилбастагиест огоҳонаву оқилона. Далели ин гуфтаҳо огоҳии комили ӯ аз обу дарёҳои хурду бузург, дараву воҳаҳои кушоду бартанг, чашмаҳои талху ширин, қасру қалъаҳои ободу хароб, қаҳрамонони маъруфу гумном, расму оини гуногун ва гулу гиёҳҳои давоию зиннатӣ, ки шоир беш аз сӣ соли умрро ба таҳқиқи онҳо бахшидаву вижагияшонро аз мазраи илм ба хиттаи шеър овардааст. Шоир бо ҳар як аз арзишҳои моддию маънавӣ чун бо ҷисми зинда ва ҷони ширин муносибат мекунад.

Адиб шукуфоии Ватан ва комёбиву осудаҳолии миллатро танҳо ва танҳо дар соҳибихтиёрӣ мебинад. Ӯ истиқлолиятро на фақат хати бароти халқ, балки ҷавоби масоили мармуз ва мушкилоти ҷигарсӯз медонад:

 Хати бароти халқ бувад дар китоби Истиқлол,

Кушоиш асту фатҳ ба мо фаслу боби Истиқлол.

Бинобар ин, он нафаронеро, ки дар роҳи ба даст овардан ва пойдор намудани озодии сарзамини аҷдодӣ саҳм доранд, аз ҷумла дар шеърҳои «Абармарди даврон» ва «Эҳё» (эҳдо ба Президенти кишвар), «Боқӣ», «Ба устод Муъмин Қаноат», «Таърихбон» боифтихор меситояд.

Шоири рангинхаёл, ки масъу­лиятро аз сухан зароварию дар сухан зарофарӣ медонад, аз рӯҳи бешикасти бузургони миллат дар баробари тӯфони ҳаводис кохи баланду устувор месозад ва барои амнияту саодати миллат ба бунёди қалъаи худшиносӣ иқдом менамояд:

Амни миллат гар орзу дорӣ,

Рушди ин сарзамин чу мехоҳӣ,

Кох бояд зи худшиносӣ сохт,

Қалъае низ аз худогоҳӣ.

Муҳтарам Ҳотам дар офариниши шеър аз мазмуну маънӣ ва мафҳуму вожаҳо устодона истифода мебарад, гоҳо дар атрофи як ҳарф маъниофарӣ ва гоҳо бо вожае маънии зиёдро ифода мекунад. Ин ки калимаву мафҳумҳо дар ихтиёри ӯ чун гил дар дасти кулолгар қарор доранд, шакку шубҳа нест. Далели ин гуфтаҳо метавонад ғазали ба устод Зафар Нозим бахшидаи ӯ бошад, ки бо зикри номи 65 суруди ҳунарманди маъруф эҷод гардидааст.

Аз чашми шоири нуктасанҷ, ки чун ҳавосанҷ ҳамеша авзои ҷаҳонро ба мушоҳида мегирад, ҳеҷ як аз хурду резаи рӯзгор дур намемонад. Ӯ худро шодишарику ғамрафиқи инсоният медонад ва дар заминаи омезиши ғаму шодӣ бо ғаму шодии дигарон мазмуну маъниҳои баланди шоирона меофарад. Масалан, марсияи «Марде зи рӯдҳо» намунаи барҷастаи ашъорест, ки аз эҳсосу рӯҳияи баланди шоирӣ иншо мешавад.

Аз барҷастатарин хусусиятҳои шоирии Муҳтарам Ҳотам ҷуръату ҷасорати эҷодии ӯ ба ҳисоб меравад, ки устуворона таъбиру мақолҳои чандинҳазорсоларо бо диди нав тафсиру таъвил мекунад, вожаҳоро бо маънии аслиашон ба кор мебарад, калимаву мафҳумҳои тозаро  ҷасурона ба майдони сухан мекашад, шаклҳои нави шеъриро пешниҳод ва тимсоли қаҳрамонони навро муаррифӣ мекунад.

Офаридани таъбиру ибораҳо аз аркони аслии шеъру шоирӣ аст ва Муҳтарам Ҳотам дар ин масъала муваффақияти чашмрас дорад. Намунаҳои зерин метавонанд далели иддаои мо бошанд: бозичаи кӯдакии худ будан, ғамро нахоида фурӯ бурдан, бо арраи нафас дарахти умр афтондан, бар дари замин ангушт задани борон, гунҷишкаки январӣ, гӯш – мавҷгири ҳуш, компутари ёд, харгӯши дил, Рустами дастони забон, соядил (дар баробари соядаст), таърихбон ва ғайра.

Ҷуръату ҷасорати эҷодӣ ба Муҳтарам Ҳотам имкон дода, ки воқеан ҳам шеър гӯяд, шеъре, ки тахайюли баланд, бадеият, қолабшиканию навпардозӣ дорад. Барои мисол, ӯ бо салобату виқор ва тамкини шоирона гуфтааст:

 

Аз лаби ман мебарад ангушти ман

Бӯсаҳои тар ба рухсори китоб.

 

Ҳаст яксон гиряи навзодҳои безабон,

Ман валекин гиря кардам бо забони тоҷикӣ.

 

Мечакад хуни сиёҳи сайди маънӣ то саҳар,

Шомгоҳе бар шикор ояд агар шери қалам.

 

Ҳар субҳ яке рӯзи хушам дод Худо,

Бурдам ба паси кӯҳи ғурубаш куштам.

 

…Ман ба рӯйи реги соҳилҳо-т

Шеъри регӣ мекунам иншо.

Ташнаи шеъри манӣ, дарё,

Мекашӣ бар коми худ онро.

Муваффақияти шоир дар шеърҳои нимоӣ ва сафед, аз ҷумла «Шишахона», «Хати мехӣ», «Субҳ», «Боғбони пир», ки самимияти хоса доранд, низ ба чашм мерасад. Овардани қисмате аз шеъри «Ғазалгуна», ки дар он фазои тозаи шеърӣ мушоҳида мешавад, метавонад хонандаро ба гуфтаҳои мо мутмаин созад:

 Ман 

Дар хомӯшии хилвати хеш

Бо дастгоҳи хотира

Шеър месозам.

 

Ман

Аз як варақ

Аз як қалам

Ва аз як танҳоӣ

Шеър месозам.

 

Шеъре

Аз хуни фикр

Ва эҳсоси хун

Ва аз равшании дури як ситора

Ва аз тапиши дили гунҷишке боронхӯрда…

Албатта, дар як мақола наметавон вижагиҳои эҷодии як нафар қаламкаши сермаҳсулро пурра баррасию баҳогузорӣ кард. Аз ин рӯ, бо умеди нашри ашъори тозаи Муҳтарам Ҳотам ва таҳқиқи ҳамаҷонибаи онҳо аз тарафи муҳаққиқон суханро кӯтоҳ карда, изҳор менамоем, ки маҷмӯаи «Сухандору» барои дарёфти Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода муносибу сазовор ва қадршиносии шоире чун Муҳтарам Ҳотам қадршиносии шеъри асил ва сухани воло мебошад.

Алишер МУҲАММАДӢ