Тафаккури миллӣ — таҳкимбахши истиқлолият

№113-114 (4375-4376) 09.09.2021

Истиқлолият ҳамчун неъмати бузурги халқу миллатҳои озодихоҳ ҳамеша соҳибихтиёриро дар ҳудуди ­муайян бо доштани ҳувияти хос таҷассум месозад. Соҳибихтиёрӣ, пеш аз ҳама, молики воситаҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маданӣ будани халқро маънидод менамояд.

Вақте ки дар оила фазои боварибахш, рӯҳияи болида ва муносибатҳои пайвандон бо ғамхорӣ ва меҳрубонии якдигар якҷояанд, ин нишонаи истиқлолият аст. Яъне, фазои амну осоиши Ватан ин ҳама саодатро ба кошонаи хонавода ҳадя мекунад. Ба ҳамин тартиб, аз муҳити хонадон то маҳал, аз ноҳияву шаҳр то вилояту ҷумҳурӣ мерасад. Соҳибихтиёрӣ бо манофеи умумимиллӣ пайвандӣ дорад. Вақте ки мардум дар атрофи идеяи миллӣ ва ормонҳои мардумӣ сарҷамъ шуданд, метавонанд бо ифтихор аз соҳибистиқлолӣ сухан гӯянд. Агар баръакси он бо тафаккури музофотӣ ҳарф аз мушкилоти кишвар зананд, фоида нахоҳад дошт. Дар таърихи пурфоҷиаи миллат, вақте ки ғояи миллӣ дучори ҳуҷумҳои фикрӣ ва идеологии бегона қарор гирифт, бешак хеле маҳрумияту шикастҳоро дидем. Вақте тафаккури миллӣ осеб дид, ҳарфи ватандорӣ ба гӯшаҳои фаромӯшӣ меравад. Аз ин рӯ, миллати сарбаланди тоҷик баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ нагузошт, ки андешаи миллиаш зиён бинад. Ҳуҷумҳои пай дар пай хисороти гаронро ба миён овард, вале тафаккури миллӣ ба ҳамон маҷрои шинохти мардумӣ ва аҳамияти таърихиву миллатсозӣ баргашт. Маҳз иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат буд, ки андешаи миллӣ тақвият ёфта, аз ҳуҷумҳои идеологию фарҳангӣ эмин монд. ­Яъне, баъди он ҳама таърих ҳамаро бо мавзӯи «Оқибатҳои ҷаҳл» шиносонид. Сипас, бар соҳибтафаккури бедор арзиши маърифат аён шуд. Баъд бар қадри маърифату хирад ва ҳикмат расидем, ки миллат ва кишваре, ки дар уқёнуси кишварсозӣ заврақи ҳикмату хирад меронад, албатта, ба соҳили мурод мерасад. Ҳакиме гуфтааст:  «Оне, ки хирад ва ҳикмат меофарад, фарзанди башарият ва фарзанди абадият хоҳад монд, зеро аз ӯ маърифати ҷовидонӣ мемонад. Маърифате, ки мутааллиқ ба қавму ҳудуде набуда, балки дар хизмати башар қарор хоҳад гирифт». Дуруст аст, ки кишварҳо бо он афроди ҳикматмеҳвару маърифатпарвару маорифпешаашон овозадор шуданд. Номи онҳо ҳаргиз аз ёди таърих нахоҳад рафт. Зеро дар тафаккури башар тантана  ва бар ҷаҳл қиём карданду ба ҷои бефит­ратӣ маърифатро истифода бурданд.

Ҳоло ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ дар асри муборизаҳои иттилоотӣ ва бархӯрди фарҳангӣ аз таҳкими ҳувияти миллӣ, тақвияти тафаккури давлатмеҳвар, посдории анъанаҳое, ки реша дар умқи таърих ва давлатсозии миллӣ доранд, ибтидо мегирад. Дар ин маврид пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат асоси устуворӣ ва идеологии арзишҳои миллист.

Истиқлолияти давлатӣ вазифаҳои асосӣ дорад, ки пойдорӣ ва бақои кишвар дар устувории онҳо метавонад пойбарҷо монад. Ноил гардидан ба ин муқаддасоти мардумӣ мақсад ва вазифаҳои давлатсозиро муайян менамояд. Ин вазифаҳо дар маҷрои истиқлолхоҳӣ бақои кишварро мушаххас месозанд. Метавон  вазифаи муттаҳидгардонӣ,  сафарбарсозӣ,  тарбиявӣ ва ташаккулдиҳиро  номбар кард. Вазифаи муттаҳидгардонии истиқлолият дар он таҷассум меёбад, ки миллат ва халқҳои маскуни давлатро барои ояндаи бузург ва шукуфо ба ҳам меорад. Вазифаи сафарбарсозии истиқлолият дар он зоҳир мешавад, ки шаҳрвандони мамлакат, новобаста ба мансубияти миллӣ, забонӣ, нажодӣ ва динӣ бояд, ки бо эҳсоси масъулият дар тақдир ва ҳаёти Ватан шарик бошанд. Рисолати тарбиявии истиқлолият бозгӯи ифтихор аз мероси пурғановати ниёгон аст, ки дар асоси арзишҳои маънавию анъанаҳои нек ҷамъ гардидааст. Вазифаи ташаккулдиҳии истиқлолият, пеш аз ҳама, ба рушди касбият ва тавонмандии зеҳнии қишри солимфикру ҳушманди кишвар вобастагии зич дорад.

Ба андешаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, бояд арзишҳои  Истиқлолияти кишварро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем. Пеш аз ҳама, он рӯзҳои вазнин ва сангинеро, ки ба сари миллат омад, ҳаргиз фаромӯш накунем. Дарк намоем, ки агар истиқлолият бошаду бақои он бо идеяи миллӣ таъмин нашавад, заволи давлатро меорад. Давоми сӣ сол бунёдкорӣ, созандагӣ ва тараққиёти соҳавию сохториро наметавон нодида гирифт. Агар сӣ солро аз лиҳози рушд ва раванди барқарории давлат таҳлил намоем, даҳ соли аввали он ҷанги дохилӣ буд. Баъди он даҳ соли дигар пайи бартараф намудани оқибатҳои низои дохилӣ ва ­таҳияи нақшаҳо барои оянда. Инак, даҳ сол мешавад, ки ба сӯи рушди устувор қадам мондем. Яъне, аз соли 2010 рушди Тоҷикистони навин оғоз ёфт, ки дар ин муддат пешрафти бесобиқаро ба чашм дида истодаем.

Дигар ҷиҳати шинохти соҳибихтиёрӣ маънои истиқлоли андеша ва истиқлоли хирадро дорад, то ки дар иҷрои вазифа содиқ  ва меросбари аслӣ бошем, рӯ ба илм орем, таҳаввулот дар омӯзишу маориф ва талош ба рисолати касбӣ намоем.

Зуҳуриддин АСРОРЗОДА,

сардори Раёсати таъмини ташкили кори судҳо

ва баррасии муроҷиатҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон