Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№77(3378) 06.06.2015

Маҳкам Маҳмудзода

 Бахтиёр Худоёрзода

(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 11. Тартиби ақди никоҳ

1. Қайди ақди никоҳ бо тартиби муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» ба ҷо оварда мешавад.

2. Дар сурати аз ҷониби мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ рад кардани бақайдгирии ақди никоҳ шахсоне, ки хоҳиши ақди никоҳ кардан доранд (яке аз онҳо), метавонанд ба суд арз намоянд.

Қисми аввали моддаи тафсиршаванда муқаррар менамояд, ки тартиби бастан ва қайди ақди никоҳро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» танзим менамояд. Тибқи моддаҳои 35 ва 36 ин Қонун асоси қайди давлатии ақди никоҳ аризаи якҷояи шахсонест, ки нияти ба ақди никоҳ даромадан доранд. Албатта, додани ариза ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ худ аз худ барои аризадодагон оқибатҳои ҳуқуқӣ ба вуҷуд намеорад ва онҳоро ба ҳам вобаста намекунад. Ҳар яке аз ҷуфти издивоҷкунанда, ки бо мақсади бунёди оила ба мақомоти САҲШ ариза пешниҳод кардаанд, метавонанд ҳар лаҳза то қайди ақди никоҳ аз раъйи худ баргарданд. Аслан, додани ариза ба мақомоти САҲШ қисми таркибии тартиби қайди ақди никоҳ ба шумор меравад. Тартиби қайди ақди никоҳ бошад, маросими дар шакли аз ҷиҳати қонун пешбинишуда таҷассум намудани созишнома оид ба ақди никоҳ аст. Созишнома оид ба ақди никоҳ дар шакли хаттӣ баста шуда, аз қайди давлатӣ гузаронида мешавад. Вобаста ба асосҳои пайдоиши муносибатҳои ақди никоҳӣ дар адабиёти ҳуқуқӣ афкори мухталиф вуҷуд дорад. Гурӯҳе аз муҳаққиқон ақида доранд, ки муносибатҳои никоҳӣ аз таркиби мураккаби ҳуқуқие пайдо мешаванд, ки унсурҳои он – ризоияти тарафайн, расидан ба синни никоҳӣ ва қайди ақди никоҳ ба ҳисоб мераванд. Ба қавли муҳаққиқи ҳуқуқи оилавӣ М.В. Антокольская, муносибати никоҳӣ аз як факти ҳуқуқӣ – созишномаи тарафҳо, ки бояд аз қайди давлатӣ гузарад, ба вуҷуд меояд. Қайди давлатии созишнома оид ба бастани ақди никоҳ ба таркиби созишнома ҳамчун факти ҳуқуқӣ дохил мешавад, аммо факти мустақили ҳуқуқӣ маҳсуб намегардад. Воқеан, қонунгузор ҳатмӣ будани қайди давлатии ақди никоҳро муқаррар карда, мантиқи ба расмият даровардани аҳдҳоро, ки қайди давлатияшон ногузир аст, риоя мекунад. Ҳуқуқу уҳдадориҳо аз аҳдҳое, ки бақайдгириашон ҳатмист, аз лаҳзаи бақайд гирифтанашон пайдо мешаванд. Ҳамин гуна меъёрро Кодекси оила барои қайди ақди никоҳ низ пешбинӣ кардааст: ҳуқуқу уҳдадориҳои ҳамсарон аз рӯзи қайди давлатии ақди никоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба вуҷуд меоянд. Вобаста ба шакли изҳори ирода низ ақидаҳо яксон нестанд. Ақида ҳаст, ки ирода дар лаҳзаи қайди ақди никоҳ ба таври шифоҳӣ изҳор шавад, бо вуҷуди ин қонун ҳатмӣ акди будани аризаи хаттиро оид ба қайди ақди никоҳ пешбинӣ мекунад. Дар ариза бояд ризоияти ихтиёрии тарафҳо барои ақди никоҳ, инчунин набудани ҳолатҳое, ки ба бастани ақди никоҳ монеа мешаванд, тасдиқ карда шавад. Зарур аст, ки ному насаб, номи падари издивоҷкунандагон, санаи таваллуд ва ҷои таваллуд, синни никоҳшавандагон дар рӯзи қайди давлатии ақди никоҳ, табаият, миллат, ҷои зист, насабе, ки онҳо интихоб мекунанд, санадҳои ҳуҷҷатҳое, ки шахсияти тарафҳоро тасдиқ мекунанд, инчунин санаи пешниҳоди ариза сабт карда шавад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» оид ба иштироки ҳатмии ҳар ду нафари издивоҷкунанда дар лаҳзаи додани ариза ба мақомоти САҲШ нишондоде манзур накардааст. Чунонкӣ дар боло қайд гардид, ин тарафи масъала мувофиқи тартиби барои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муқарраргардида ҳал карда мешавад: тарафҳо дар шакли хаттӣ ариза оид ба ақди никоҳ пешниҳод намуда, дар он ризоияти ихтиёрии худ ва мавҷуд набудани монеаҳои ақди никоҳро тасдиқ мекунанд. Дар аризаи муштараки худ тарафҳо бояд маълумоти зеринро нишон диҳанд: ном, номи падар, насаб, сана ва ҷойи таваллуд, синну сол, шаҳрвандӣ, миллат, ҷойи истиқомати ҳар кадоме аз шахсони никоҳшаванда, насабе, ки никоҳшавандагон барои худ интихоб намудаанд, оид ба ҳуҷҷатҳое, ки шахсияти никоҳшавандагонро тасдиқ менамоянд.

Шахсони издивоҷкунанда метавонанд ҳар яке дар алоҳидагӣ ариза пешниҳод кунанд, агар иштироки яке аз тарафҳо ҳангоми додани ариза бинобар сабабҳои узрнок номумкин бошад (масалан, агар онҳо дар ҷойҳои гуногун бошанд ва якҷоя пешниҳод кардани ариза душворӣ ба вуҷуд орад), дар ин ҳолат имзои аризаи тарафи ғоиб тибқи муқаррароти қонун бояд дар идораи нотариалӣ тасдиқ шуда бошад. Аммо дар қиёс ба пешниҳоди ариза аз ҷониби шахсони издивоҷкунанда, ки қонун имконпазир будани шахсан иштирок надоштани яке аз тарафҳоро (албатта, бо тасдиқи нотариалии имзои ӯ дар ариза) пешбинӣ кардааст, ҳангоми қайди никоҳ ҳар ду ҳамсари оянда ҳатман бояд дар маросими бақайдгирии давлатии ақди никоҳ ба мақомоти САҲШ ҳозир шаванд. Ба воситаи намоянда, хешу табор ё ягон шахси дигар ё худ аризаи дар идораи нотариалӣ тасдиқшудаи яке аз тарафҳо бастани ақди никоҳро қонун манъ кардааст. Қонунгузории аксар давлатҳои мутамаддин иштироки ҳатмии ҳамсарони ояндаро ҳангоми маросими ақди никоҳ пешбинӣ кардааст. Дар баъзе мамлакатҳои ҷудогона, аз қабили Аргентина, ақди никоҳ ба воситаи намоянда иҷозат дода мешавад.

Ақди никоҳ баъди гузаштани як моҳи пешниҳоди ариза ба мақомоти САҲШ ба ҷо оварда мешавад. Бақайдгирии давлатии ақди никоҳ пас аз гузаштани як моҳ аз рӯзи ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ аризаи муштарак додани шахсоне, ки хоҳиши ақди никоҳ карданро доранд, ба ҷо оварда мешавад. Оид ба моҳияти пешниҳод гардидани муҳлати якмоҳа дар боло ишора рафтааст, ки муҳимтаринаш набудани монеаҳоест, ки ақди никоҳро ғайриимкон мегардонанд. Дар ин муҳлат тарафҳои манфиатдор оид ба ҳар як ҳолате, ки ба ақди никоҳ монеа мешаванд, ҳуқуқи арз кардан доранд. Вазифаи мақомоти САҲШ бошад, тафтиши воқеӣ будан ё набудани арзи пешниҳодшуда мебошад. Дар аксарияти мутлақи давлатҳои ҷаҳон таҷрибаи баъди муҳлати муайян ба ҷо овардани ақди никоҳ раво аст, ки мақсади он, аз як тараф барои фикру мулоҳиза, аз тарафи дигар – муайян кардани сабабу ҳолатҳоест, ки имконпазирии ақди никоҳро зери шубҳа мегузоранд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» (м. 36) муқаррар меномояд, ки дар асоси аризаи муштараки никоҳшавандагон муҳлати якмоҳаи бақайдгири давлатии ақди никоҳ метавонад аз тарафи роҳбари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, дар шаҳрак ва деҳот бошад, аз тарафи раиси ҷамоати шаҳрак ва деҳот бо асосҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир дода шавад. Мафҳуми «тағйир дода шавад» имрӯз дар қонунгузорӣ аниқ карда нашудааст. Моддаи 11 Кодекси оила дар таҳрири аввала муқаррар карда буд, ки муҳлати як моҳаи қайди ақди никоҳ то се моҳ зиёд кардан мамкин аст.

Тибқи моддаи 13 Кодекси оила синни никоҳӣ барои зану мард аз 18-солагӣ муқаррар мешавад. Дар ҳолатҳои истисноӣ суд ҳақ дорад дар асоси хоҳиши шахсони издивоҷкунанда синни никоҳиро (18-солагиро) ба муҳлати на бештар аз як сол кам кунад. Бақайдгирии давлатии ақди никоҳи чунин шахсон бе муайян намудани муҳлати як моҳаи интизорӣ ба амал бароварда мешавад.

Бо хоҳиши никоҳшавандагон бақайдгирии давлатии ақди никоҳ дар вазъияти ботантана дар бинои мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ва ё берун аз он сурат мегирад. Чунин тартиби гузаронидани ақди никоҳ ба устувории муносибатҳои ояндаи оилавии никоҳшавандагон, хотирмон гардидани лаҳзаҳои ҳаяҷонбахш, изҳори орзуҳои нек ва ба ин восита тарғиби ахлоқи нек дар ҷомеа мебошад.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ» (қ. 3 м. 36) пешбинӣ менамояд, ки дар ҳолатҳое, ки агар шахсони никоҳшаванда (яке аз онҳо) бо сабаби беморӣ ё дигар сабабҳои урзнок ба мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳозир шуда натавонанд, бақайдгирии давлатии ақди никоҳ дар хона, муассисаи тиббӣ ва ё дар дигар ташкилот бо ҳузури шахсони никоҳшаванда сурат мегирад.

Бақайдгирии давлатии ақди никоҳ бо шахсоне, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ муҳлати ҷазоро адо менамояд, дар ҷое, ки роҳбари муассисаи дахлдор бо мувофиқаи роҳбари мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ муайян намудааст, ба ҷо оварда мешавад. Ин меъёрҳои ҳуқуқӣ ба он равона карда шудаанд, ки ҳар шаҳрванд ҳуқуқҳои конститутсионии худро оид ба бастани ақди никоҳ озодона ба амал барорад.

Ақди никоҳ бо шаҳрвандони хориҷӣ дар асоси Кодекси оила ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайди давлатӣ гирифта мешавад. Шуъбаҳои САҲШ пас аз қабули ариза ва баъди бақайдгирии давлатии ақди никоҳ дар муддати 3 рӯз бояд ба шуъбаи раводиди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарзи хаттӣ хабарнома мефиристанд (ниг. ба моддаи 167 Тафсир).

Қисми дуюми моддаи 11 Кодекси оилаи ҶТ муқаррар менамояд, ки дар сурати аз ҷониби мақомоти САҲШ рад кардани бақайдгирии ақди никоҳ тарафҳо метавонанд ба суд муроҷиат намоянд ва ба ин восита имконият пайдо менамоянд, ки аз ҳуқуқҳои конститутсионии худ истифода намоянд.

(Давом дорад)