Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№90 (3391) 04.07.2015

 Маҳкам Маҳмудзода

Бахтиёр Худоёрзода

(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 23.     Ба тариқи судӣ бекор кардани ақди никоҳ ҳангоми розигии мутақобилаи зану шавҳар барои бекор кардани ақди никоҳ

1. Агар зану шавҳари дорои фарзандони ноболиғи муштарак, инчунин зану шавҳари дар қисми 2 моддаи 21 ҳамин Кодекс тазаккурёфта барои бекор кардани ақди никоҳ розӣ бошанд, суд ҳуқуқ дорад ақди никоҳро бекор намояд.

2. Ақди никоҳ дар давоми як моҳи баъди ариза додани зану шавҳар бекор карда мешавад.

Моддаи тафсиршаванда ҳамонро дар назар дорад, ки ҳамсарони дорои кӯдакони ноболиғ дар сурати розӣ буданашон ба қатъи ақди никоҳ танҳо бо тартиби судӣ ба мақсад мерасанд. Ба тартиби судӣ анҷом додани қатъи ақди никоҳи ҳамсарони дорои кӯдакони ноболиғ мақсади ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдаконро ба эътибор мегирад. Дар ин ҳолат, сабабҳое, ки аз рӯи онҳо ҳамсарон ба оғози парвандаи талоқ шурӯъ кардаанд, аз ҷониби суд аниқ карда намешавад. Ин нукта ба ҳамсароне низ дахл дорад, ки даъвои онҳо ба суд бинобар саркашӣ кардани яке аз онҳо аз қатъи ақди никоҳ ба воситаи мақомоти САҲШ ворид шудааст. Мазмуни ин модда мақсади гузаронидани тафтишоти судӣ дар хусуси қонунӣ будани созишномаҳои ҳамсарони ҷудо мешудагиро низ дорад. Масалан, созишнома дар бораи таъмини кӯдакон бояд ба талаботи боби 16 ҳамин Кодекс ҷавобгӯ бошад. Созишнома дар бораи бо кӣ зиндагӣ кардани кӯдакони ноболиғ (баъди қатъи ақди никоҳ) мумкин бо тарзи хаттӣ (ё худ дар аризаи даъво) ифода шавад ва бояд манфиати кӯдакон ва иродаи онҳоро дар мадди назар дошта бошад. Агар ин гуна созишнома набошад, суд баъди таҳқиқи ҳолатҳои парванда бояд чораҳоро барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон андешад. Муҳлати якмоҳа аз рӯзи пешниҳоди ариза ба суд оид ба қатъи ақди никоҳ то аз ҷониби суд қатъ шудани он танҳо имконияти каме пештар баррасӣ шудани парвандаро маҳдуд намуда, ба муҳлате, ки барои бақайдгирии талоқ дар мақоми САҲШ муқаррар мешавад, баробар аст.

(Давом дорад)