Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№91 (3392) 06.07.2015

Маҳкам Маҳмудзода

Бахтиёр Худоёрзода

(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 24. Масъалаҳое, ки суд ҳангоми қабули ҳалнома дар бораи бекор кардани ақди никоҳ ҳал менамояд

1. Ҳангоми ба тариқи судӣ бекор кардани ақди никоҳ зану шавҳар метавонанд созишномаро дар хусуси бо кадоме аз онҳо зиндагӣ кардани фарзандони ноболиғ, дар бораи тартиби пардохт ва андозаи маблағ барои таъминоти фарзандон ва (ё) зан ва (ё) шавҳари ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд, дар хусуси ҳаҷми ин маблағ ё тақсимоти молу мулки зану шавҳар барои тасдиқи суд пешниҳод намоянд.

2. Дар сурати набудани созишномаи байни зану шавҳар оид ба масъалаҳои дар қисми 1 ҳамин модда зикрёфта, инчунин агар муқаррар гардад, ки ин созишнома манфиати фарзандон ва ё зан ва шавҳарро поймол мекунад, суд вазифадор аст:

- муайян намояд, ки фарзандони ноболиғ пас аз бекор кардани никоҳ бо кадоме аз падару модар зиндагӣ мекунанд;

- муайян намояд, ки барои таъминоти фарзандон аз кадом падару модар ва ба кадом андоза алимент ситонида мешавад;

- бо талаби зану шавҳар (яке аз онҳо) молу мулки дар таҳти моликияти муштараки онҳо қарордоштаро тақсим намояд;

- бо талаби зан ё шавҳаре, ки аз ҳамсари худ ба гирифтани таъминот ҳуқуқ дорад, андозаи ин таъминотро муайян намояд.

3. Ҳангоми бекор кардани ақди никоҳе, ки яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, суд вазифадор аст таъмини иҷрои аҳдномаи никоҳро мавриди баррасӣ қарор диҳад. (ҚҶТ аз 25.03.2011 с., №710).

4. Дар мавриде, ки агар тақсими молу мулк ба манфиатҳои шахсони сеюм дахл кунад, суд метавонад тақозои тақсими молу мулкро ба истеҳсолоти алоҳида ҷудо кунад.

Дар моддаи мазкур ҳуқуқи зану шавҳар дар баробари бекор кардани ақди никоҳ, пешниҳод кардани созишномаҳои доираи муайян дар назар дошта шудааст. Яъне зану шавҳар ҳуқуқ доранд ба суде, ки масъалаи бекор кардани ақди никоҳи онҳоро баррасӣ менамояд, барои тасдиқ созишнома дар бораи муайян кардани ҷои истиқомати кӯдакони якҷояи ноболиғи онҳо, созишнома дар бораи тартиби пардохт ва андозаи маблағи алимент барои кӯдакон, созишнома дар бораи ҳаҷми маблағи таъминот ба зан ё шавҳари ғайри қобили меҳнати эҳтиёҷманд ва созишнома дар бораи тақсими амволи якҷоя пешниҳод намоянд. Созишномаҳои номбурда ба суд бояд ба таври хаттӣ пешниҳод шавад ва дар онҳо иродаи ихтиёрӣ ва озодонаи зану шавҳар бояд ифода ёбад. Дар навбати худ суд бояд асоснок ва қонунӣ будани созишномаҳои зикргардидаро санҷад. Дар бораи тасдиқ кардан ё рад кардани тасдиқи созишнома суд бояд санад қабул кунад ва тахмин кардан мумкин аст, ки он дар шакли таъинот бароварда мешавад. Чунин рафтори суд бо он асоснок мегардад, ки минбаъд таъиноти номбурда аз ҷониби шахсони манфиатдор мавриди шикоят қарор гирифта тавонад.

Аз созишномаҳои номбурда танҳо созишнома оид ба муайян кардани ҷои истиқомати кӯдак ба ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ғайриамволии падару модари кӯдакон дахл дорад. Боқимонда созишномаҳои дар боло зикргардида ба муносибатҳои ҳуқуқии амволии падару модар ва кӯдакон вобаста аст. Суд ҳангоми тасдиқи созишномаҳои номбаршуда бояд манфиатҳои кӯдаконро ба инобат гирад. Ғайр аз ин, суд қоидаҳои КГ ҶТ ба созишнома дахлдоштаро риоя менамояд.

Қисми 2 моддаи 24 КО ҶТ ду ҳолатро муқаррар кардааст, ки ҳангоми мавҷуд будани он суд дар баробари баровардани ҳалнома дар бораи бекор кардани ақди никоҳ ва доираи муайяни масъалаҳоро вазифадор аст ҳал намояд. Доираи масъалаҳоро қонун аниқ нишон додааст: муайян кардани он ки фарзандони ноболиғ пас аз бекор кардани ақди никоҳ бо кадоме аз падару модар зиндагӣ мекунанд; аз кадоме аз падару модар ба кадом андоза барои таъминоти фарзандашон алимент рӯёнида мешавад; тақсими амволи якҷояи зану шавҳар, агар дар ин бора талаб пешниҳод шуда бошад; дар мавриди мавҷуд будани талабот рӯёнидани таъминот ба яке аз ҳамсарон. Ҳалли масъалаҳои номбурда бевосита аз ҷониби суд дар ҳолати якум аз набудани созишномаи байни зану шавҳар оиди пардохт ва андозаи алимент барои фарзандони ноболиғ, созишномаи ҳамсарон оид ба таъминоти якдигар, созишномаи тарафҳо оиди муайян кардани ҷои зисти кӯдакон, созишнома оиди тақсимоти молу мулкии зану шавҳар ва дуюм дар мавриди ин созишномаҳо бархилофи манфиатҳои кӯдак ва ё зан ва шавҳар бошанд, вобастагӣ дорад.

Аз доираи масъалаҳое, ки қисми 2 моддаи 24 КО ҶТ пешбинӣ кардааст, дар ҳалли ду масъалаи аввал: муайян кардани ҷои зисти кӯдак ва рӯёнидани алимент ба фоидаи кӯдак дар ҳолати пешниҳод накардани талабот низ суд ин масъалаҳоро вазифадор аст муайян намояд. Ин ду ҳолат бевосита ба манфиати кӯдак дахл дорад ва қонунгузор, ғайр аз ин, дар ҳалли он манфиати оммаро (ҷомеаро) мебинад. Аммо дар таҷрибаи судӣ ин талабот на ҳама вақт пурра иҷро карда мешавад. Суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе даъвои байни Н.В. ва Н.Н.-ро дар бораи бекор кардани ақди никоҳ ва муайян кардани ҷои истиқомати кӯдакро баррасӣ кард. Бо ҳалномаи суд аз 23 ноябри соли 2001 ақди никоҳи байни тарафҳо бекор карда шуда, кӯдакон дар тарбияи модарашон гузошта шуданд. Аз рӯи маводҳои парванда вазъи моддии Н.Н. (модари кӯдакон) муайян нашудааст, суд танҳо бо он маҳдуд шудааст, ки дар протоколи судӣ (в.қ. 15) сабт шудааст, ки ӯ ба алимент талабгор нест. Оид ба ин гуфтор ягон далел оварда нашудааст. Дар ин маврид дар гумон аст, ки суд ҳуқуқ ва манфиати ду кӯдак, ки яке 4 сола ва дигаре 6 моҳа бударо пурра ҳимоя карда бошад. Барои ҳамин ҳам суд вазифадор аст, баррасӣ намояд. Чунки дар асоси талаботи моддаи 201 КМГ ҶТ суд барои ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои бо қонун муҳофизатшавандаи шаҳрвандон, хусусан кӯдакон метавонад аз доираи талабҳои арзкардаи даъвогар берун барояд.

Аз мазмуни қисми дуюми моддаи зикргардида бармеояд, ки баррасии масъалаи тақсими молу мулки якҷояи зану шавҳар ва таъминоти якдигарии онҳо аз иродаи онҳо вобаста аст. Яъне дар мавриди мавҷуд будани даъво (талабот) дар ин қисм суд вазифадор мешавад, ки дар баробари баровардани ҳалномаи бекор кардани ақди никоҳ ин масъалаҳоро дар доираи даъво низ ҳал намояд. Аз ин рӯ, тахмин кардан мумкин аст, ки суд бо ташаббуси худаш ин ду масъаларо бевосита ҳал намекунад.

Суд дар ҳалномаи худ дар баробари бекор кардани ақди никоҳ, доираи масъалаҳои ба вазифаи суд гузоштаи қисми 2 моддаи 24 КО ҶТ-ро асоснок намуда, дар қисми хулосавии он (ҳалнома) оид ба ҳаллу фасли ҳар як масъала дар алоҳидагӣ ба таври саҳеҳ нишон бояд диҳад. Аз ҷумла ҳалнома дар қисми рӯёнидани алимент дар асоси моддаи 216 КМГ ҶТ фавран бояд иҷро гардад.

Ҳолати дигари баррасии парванда ба шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд будани яке аз тарафҳо ва таъмини иҷрои аҳдномаи никоҳ вобастагӣ дорад. Масъалаҳои ба аҳдномаи никоҳ таалуқдошта, мазмуни он ва шартҳои бастани он дар тафсири моддаи 41 Кодекси оилаи ҶТ маълумот дода шудааст.

Судя ҳангоми баррасии парвандаи бекор кардани ақди никоҳ, ки яке аз тарафҳо шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мебошад, вазифадор аст, ки иҷрои аҳдномаи никоҳро аз ҷониби шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрванд мавриди баррасӣ қарор диҳад. Бояд тахмин кард, ки дар мавриди иҷро нагардидани шартҳои аҳдномаи никоҳ, судя дар санади судии қабулкардааш як тарафи баҳс – шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандро барои иҷрои он уҳдадор намояд.

Қисми 4 моддаи 24 КО ҶТ барои суд баррасӣ намудани ду ҳолати ҳатмиро пешбинӣ кардааст. Ҳолати аввал барои дар истеҳсолоти алоҳида ҷудо кардани баҳс оид ба тақсими молу мулки зану шавҳар вобаста аст. Дар ин маврид қонунгузор як шарт гузоштааст, ин ҳам бошад, агар тақсими молу мулк манфиати шахси сеюмро халалдор намояд. КО ҶТ дар бораи шахси сеюм ба таври умумӣ гуфта гузаштааст. Ин ҳолат бештар предмети ба танзимдарории КМГ ҶТ мебошад. Боби 11 (моддаҳои 104-107) КМГ ҶТ ба шахсони сеюм бахшида шудааст. Дар ин боб дар бораи шахсони сеюме, ки барои баҳс талабҳои мустақил арз мекунанд (моддаи 104 КМГ ҶТ) ва шахсони сеюме, ки барои баҳс талабҳои мустақил арз намекунанд (моддаи 105 КМГ ҶТ) сухан меравад. Ин шахсони сеюм аз ҷиҳати доираи ҳуқуқҳои мурофиавӣ аз якдигар фарқ мекунанд. Лекин мазмуни қисми 3 моддаи 24 КО ҶТ ҳар ду намуди шахсони сеюмро дар назар дорад. Барои ба истеҳсолоти алоҳида ҷудо кардани баҳси тақсими молу мулки зану шавҳар суд моддаҳои 135 ва 220 КМГ ҶТ-ро ба асос гирифта, таъинот мебарорад.

(Давом дорад)