Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№115 (3416) 28.08.2015

Маҳкам Маҳмудзода

Бахтиёр Худоёрзода

тафсир(Идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 50. Ба тартиби судӣ муқаррар намудани падарӣ

1. Дар сурати аз падарӣ, модарӣ ақди никоҳнадошта таваллуд ёфтани кӯдак ва набудани аризаи муштараки падару модар ё аризаи падари кӯдак, аслу насаби кӯдак аз шахси мушаххас (падар) дар асоси аризаи яке аз падару модар ё васии (парастори) кӯдак, аризаи шахсе, ки кӯдак дар таъминоташ мебошад, инчунин ҳангоми ба балоғат расидан дар асоси аризаи худи кӯдак ба тариқи судӣ муқаррар карда мешавад.

2. Ҳангоми муқаррар намудани падарӣ суд зиндагӣ ва пешбурди хоҷагии якҷоя бо модари кӯдак ё тарбияи муштарак ё таъмини кӯдак ё далелҳои дигари боэътимодеро, ки аз ҷониби шахси мушаххас таваллуд шудани кӯдак, далелҳои саҳеҳ тасдиқкунандаи аз ҷониби ҷавобгар эътироф гардидани падариро собит месозад, ба назар мегирад.

Талабот оид ба муқаррар кардани падарӣ бо роҳи пешниҳоди даъво дар суд баррасӣ мегардад ва дар байни парвандаҳои дигари марбут ба масъалаҳои оилавӣ мавқеи хоса дорад. Дар натиҷаи чунин даъво тақдири ба вуқӯъ омадани муносибатҳои ҳуқуқӣ байни падару модар ва фарзанд ҳал мегардад.

Яъне, қонеъ гардонидани даъво маънои онро дорад, ки байни падар ва фарзанд муносибатҳои оилавӣ бо оқибатҳои ҳуқуқии он асоси қонунӣ пайдо менамояд.

Таҷрибаи судӣ шаҳодат медиҳад, ки одатан падари кӯдак аз додани ариза ба мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ оид ба муқаррар кардани падарӣ саркашӣ менамояд. Ҳолатҳое низ мешавад, ки модари кӯдак барои ба таври расмӣ эътироф гардидани падари воқеӣ монеа мегардад. Пас дар ҳолати ба таври ихтиёрӣ муқаррар накардани падарӣ ин воқеият бо роҳи судӣ баррасӣ мегардад. Ҳуқуқи ба суд муроҷиат карданро дар бораи муқаррар кардани падарӣ қонунгузор ба ашхоси зерин додааст:

1) яке аз падару модар;

2) васӣ ё парастори кӯдак;

3) шахсе, ки кӯдак дар таъминоташ аст;

4) кӯдаке, ки ба балоғат расидааст.

Қисми 2 моддаи 50 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолатҳоеро муқаррар намудааст, ки суд ҳангоми баррасии парванда оид ба муқаррар кардани падарӣ бояд ба назар гирад.

Ҳангоми баррасии ин қабил парвандаҳо суд бояд яке аз ҳолатҳоеро, ки қонун пешбинӣ кардааст, зиндагӣ ва хоҷагии якҷоя бо модари кӯдак доштани ҷавобгарро ба инобат гирад. Зиндагии якҷоя ва пешбурди хоҷагии якҷоя байни модари кӯдак ва ҷавобгар бояд то таваллуди кӯдак ҷой дошта бошад.

Бояд қайд кард, ки Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳлати зиндагии якҷояи модари кӯдак ва ҷавобгарро муқаррар накардааст. Ин ҳолат ҳамеша дар иртибот бо лаҳзаи саршавии ҳомиладорӣ бояд омӯхта шавад ва суд уҳдадор аст, ки ҳолатҳои номбурдаро дар ҳар як воқеияти мушаххас муқаррар намояд.

Инчунин қонунгузор пешбинӣ намудааст, ки ҳангоми муқаррар кардани падарӣ суд тарбияи муштарак ё таъмини кӯдакро аз ҷониби ҷавобгар ва модари кӯдак ба инобат гирад. Ҳар яке аз ҳолатҳои номбурда дар алоҳидагӣ асоси мустақили қонеъ намудани даъво шуданашон мумкин аст.

Таҷрибаи судӣ таҳти маҳфуми таъмини кӯдак дар таъминоти модар ва ҷавобгар будани ӯро, ё ин ки аз ҷониби ҷавобгар новобаста аз ҳаҷми кумак ба таври мунтазам расонидани онро ба кӯдак дар назар дорад. Шарт нест, ки кӯмаки ҷавобгар ба кӯдак доимӣ ё ин ки сарчашмаи асосии рӯзгузаронии ӯ (кӯдак) бошад.

Ғайр аз ҳолатҳои номбурда қисми 2 моддаи 50 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ки суд ҳангоми муқаррар кардани падарӣ инчунин далелҳои дигари боэътимодеро, ки аз ҷониби шахси мушаххас таваллуд шудани кӯдакро тасдиқ менамоянд, ба назар мегирад. Ин талабот маънои онро дорад, ки ҳолатҳои номбурдаи Кодекс маҳдуд набуда, ин номгӯй васеъ мебошад ва он имконияти бо роҳи судӣ муқаррар кардани падариро зиёдтар намуда, ба ҳимояи манфиатҳои кӯдакони берун аз ақди никоҳ таваллудёфта равона карда шудааст. Барои ҳамин ҳам, дар муқаррар кардани падарӣ мавқеи экспертизаҳо баланд мегардад. Ҳангоми баррасии чунин парвандаҳо судҳо одатан гузаронидани экспертизаҳои судию биологӣ, судию гинекологӣ, судию урологиро таъин менамоянд. Хулосаҳои ин экспертизаҳо бояд бо маҷмӯи дигар далелҳо дар муайян намудани пайдоиши кӯдак аз шахси мушаххас мусоидат кунад.

Дар баррасии парвандаҳо оид ба муқаррар кардани падарӣ аз ҳуқуқҳои мурофиавӣ истифода кардани даъвогар бояд ба манфиатҳои кӯдак мувофиқат намояд. Ҳолатҳо ва тартиби муқаррар кардани падариро қонун муайян намудааст, аз ин сабаб таҷрибаи судӣ доир ба ин парвандаҳо тасдиқ кардани созиши тарафҳоро инкор менамояд. Чунин таҷриба ба ҳимояи манфиатҳои кӯдак мувофиқ аст. Масалан, суди ноҳияи Октябри (ҳоло И. Сомонӣ) шаҳри Душанбе ҳангоми баррасии даъвои Х. ба О., дар бораи муқаррар кардани падарӣ нияти ҷавобгарро дар хусуси оянда дар мақоми сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ҳал намудани масъала ба инобат нагирифта, падарии О-ро нисбати духтараш Н., муқаррар намуд.

Дар мавриди дар суд розӣ будани ҷавобгар ба ихтиёран эътироф кардани падарии худ ва розигии даъвогар оид ба ин масъала, судя то пешниҳод намудани шаҳодатнома дар бораи муқаррар кардани падарӣ баррасии парвандаро бояд мавқуф гузорад. Ҳангоми пешниҳод накардани шаҳодатномаи зикргардида судя парвандаро моҳиятан баррасӣ менамояд. Агар судя пешакӣ шаҳодатнома дар бораи муқаррар кардани падариро нагирифта баррасии парвандаро бинобар созиши тарафҳо қатъ намояд, он гоҳ дар мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба таври ихтиёрӣ ба расмият надаровардани падарӣ аз ҷониби ҷавобгар ҳимояи манфиатҳои кӯдак халалдор мегарданд. Ғайр аз ин, аз рӯи талаботи қонуни мурофиавӣ роҳи такроран муроҷиат ба суд аз рӯи ин даъво манъ мегардад. Ҳамин тавр, ҳимояи манфиати кӯдаки берун аз никоҳ таваллудшуда моҳиятан баррасӣ намудани парвандаро талаб менамояд.

(Давом дорад)