Тафсири Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

№136 (3437) 15.10.2015

тафсирМаҳкам Маҳмудзода

Бахтиёр Худоёрзода

(идома аз шумораҳои гузашта)

Моддаи 63. Ҳуқуқу уҳдадориҳои падару модар дар тарбия ва таълими фарзандон

1. Падару модар барои тарбияи фарзандони худ дорои ҳу­қуқу уҳдадорӣ мебошанд.

Падару модар барои тарбия ва рушду камоли фарзандонашон масъулият дошта, вазифадоранд, ки дар бораи саломатӣ, такомули ҷисмонӣ, рӯҳӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, таълим, касбомӯзии фарзандонашон ғамхорӣ намоянд.

Падару модар дар тарбияи фарзандони худ нисбат ба ҳамаи шахсони дигар ҳуқуқи афзалиятнок доранд.

2. Падару модар вазифадоранд, ки барои гирифтани таҳ­си­лоти умумии асосӣ, ба фарзандонашон имконият фароҳам оваранд.

Падару модар ҳуқуқ доранд, ки бо назардошти фикру хо­ҳиши фарзандонашон муассисаҳои таълимӣ ва шаклҳои таҳсили онҳоро то давраи аз ҷониби онҳо гирифтани маълумоти умумии асосӣ интихоб намоянд.

Давлат барои тарбияи пурра ва ҳаматарафаи кӯдакон дар оилаи солим аз ҷониби падару модар манфиатдор аст. Пас, аз ҷониби падару модар анҷом додани ҳуқуқ ва уҳдадориҳояшон оид ба тарбияи кӯдак аҳамияти давлатӣ дорад.

Ҳуқуқи падару модар ба тарбия, ки ҳуқуқи субъективии онҳост, асосан бо иҷрои уҳдадориҳояшон оид ба тарбияи кӯдак амалӣ мегардад. Ҳангоми ба амал баровардани ҳуқуқ ба тарбия падару модар бо рафтори худ ба психикаи кӯдак, мафкураи ӯ таъсир мерасонанд. Барои ҳамин ҳам аз рафтори падару модар сифати ахлоқу одоби кӯдак вобастагӣ дорад. Чунки дар аксарияти ҳолатҳо ахлоқу одоби худи падару модар дар оила ва берун аз он барои кӯдакон намуна аст.

Падару модар барои беҳдошти саломатӣ, такомули ҷис­монӣ, рӯҳӣ, маънавӣ, ахлоқӣ ва касбомӯзии фарзандонашон бояд ғамхорӣ намоянд. Барои иҷрои уҳдадориҳои номбурда онҳо бояд асоси моддӣ (хусусан шароити бозаргонӣ инро талаб мекунад) тайёр намоянд, то ин ки фарзандонашонро бо ҷои хоб, хӯрока, сару либос, китобҳои дарсӣ, ҷо бо ҷо кардан дар боғчаи бачагона, мактаб таъмин намуда, дар оила муҳити муътадил ташкил намоянд.

Тарбияи рӯҳӣ, маънавӣ ва ахлоқии кӯдак хеле мураккаб аст. Он бо роҳи таъмини кӯдак дар боғчаи бачагона, мактаб ва бевосита дар оила, ҷалб кардан ба меҳнат, муоширати доимии бевоситаи падару модар ва аъзои дигари оила бо кӯдакон ба даст оварда шуда, яке аз сарчашмаҳои ташаккул ёфтани кӯдак ҳамчун шахсият дар ҷомеа мебошад.

Падару модари дорои ҳуқуқ ба тарбия кӯдаконашонро худашон бояд тарбия намоянд. Қонун доираи рафтори падару модарро муайян кардааст, лекин бевосита усул ва роҳҳои тарбияро муқаррар накардааст. Барои ҳамин ҳам падару модар дар интихоби усул ва роҳҳои тарбияи кӯдак озод мебошанд. Аммо ин озодӣ маънои онро надорад, ки онҳо усул ва воситаҳои тарбияеро, ки хилофи одобу ахлоқи ҷомеа ва қонун ҳастанд истифода баранд. Дар мавриди роҳ додан ба чунин ҳолат нисбати падару модар ҷавобгарӣ татбиқ карда мешавад.

Дар банди 2 қисми 1 моддаи 63 КО Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври умумӣ дар бораи масъулияти (ҷавобгарии) падару модар сухан меравад. Аввал ин ки барои номатлуб иҷро кардани уҳдадорӣ оид ба тарбияи кӯдакон падару модар аз ҷиҳати маънавӣ масъулият доранд. Ин масъулият берун аз доираи амали меъёрҳои ҳуқуқӣ мебошад. Вале соҳаҳои гуногуни қонун, аз ҷумла КО Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодаи усул ва роҳҳои тарбия, ки хилофи қонун мебошанд, инчунин ба таври номатлуб иҷро кардани тарбияи кӯдак ҷавобгарии амволӣ, маъмурӣ, ҷиноятӣ ва ғайра пешбинӣ кардаанд. Масалан, КГ Ҷумҳурии Тоҷикистон (м. 29) ҷавобгарии амволии падару модарро барои рафтори кӯдакони хурдсолашон, Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ (моддаҳои 172-173) ҷавобгарии маъмуриро барои ноболиғро ба ҳолати мастӣ оварда расонидани падару модарон, барои вазифаи тарбия ва таъмини фарзандони ноболиғро иҷро накардани падару модар, барои майдаавбошӣ ё авбошӣ кардани наврасони аз 14 то 16-сола, Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (моддаҳои 165, 166, 174 ва ғайра) ҷазои ҷиноятиро барои аз ҷониби падару модар ба содир кардани ҷиноят ҷалб намудани ноболиғон, барои аз ҷониби падару модар ҷалб намудани ноболиғон ҷиҳати истеъмоли мунтазами нӯшокиҳои спиртӣ, истифодаи ғайритиббии моддаҳои сахттаъсир ва мадҳушкунанда, ба фоҳишагӣ ва ғайра, барои аз ҷониби падару модар иҷро накардан ё иҷрои уҳдадориҳо оид ба тарбияи ноболиғ, ки кирдор бо муносибати бераҳмона бо ноболиғ алоқаманд аст, пешбинӣ шудааст. КО Ҷумҳурии Тоҷикистон (м. 69) барои номатлуб тарбия намудани фарзанд масъулиятро дар шакли маҳрум кардан аз ҳуқуқи падару модарӣ муқаррар намудааст. Бояд қайд кард, ки масъулиятҳои номбурда барои падару модар аз як тараф заҳмати иловагиро дар назар дорад, аз тарафи дигар ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона шудааст. Дар ҳар ҳолат падару модар аз иҷрои уҳдадориҳояшон озод намебошанд.

Дар ҷумҳурӣ оилаҳои серфарзанд бисёранд ва аз рӯи одат дар онҳо кӯдакон бо падару модар, бибию бобо, бо дигар хешу табор якҷоя ва дар як ҳавлӣ зиндагӣ мекунанд. Дар ҷараёни зиндагӣ бобою бибӣ ва дигар аъзои оила низ бо тарбияи кӯдак машғул мешаванд. Дар ин маврид падару модар ҳуқуқи афзалиятноки тарбияи кӯдакро доранд. Аз ин рӯ, баҳсҳое, ки байни падару модар ва дигар шахсон оид ба тарбияи кӯдак пайдо мешавад, ба манфиати падару модар ҳал мегарданд.

Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон (м. 41) таълими умумии асосиро ҳатмӣ эълон карда, бепул гирифтани ин маълумотро дар муассисаҳои давлатӣ кафолат медиҳад. Ин меъёри конститутсионӣ дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» аз 17 майи соли 2004 тақвият дода шудааст. Мутобиқи моддаи 41 қонуни зикргардида падару модар ҳуқуқ доранд, ки барои кӯдакони ноболиғашон муассисаҳои таълиму тарбияро интихоб намоянд. Баҳри иҷрои ин талабот падару модар вазифадоранд, ки барои сиҳатии ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдак пайваста ғамхорӣ кунанд, ӯро ба мактаб омода ва барои инкишофи қобилиятҳои вай шароити зарурӣ муҳайё созанд.

Падару модар ҳангоми истифодаи ҳуқуқашон оид ба интихоби муассисаи таълимӣ ва шакли таҳсил фикри фарзандашонро ба инобат мегиранд. Онҳо метавонанд муассисаҳои таълимии давлатӣ ва ғайридавлатӣ, пулакӣ ва бепул, тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратиро интихоб намоянд. Интихоби муассисаи таълимии пулакӣ то ба андозае аз вазъи моддӣ ва молиявии оилае, ки кӯдак дар он зиндагӣ мекунад, вобастагӣ дорад. Дар ҳама ҳолат падару модар вазифадоранд, ки фарзандашон ҳатман дорои маълумоти асосӣ (нуҳсола) шаванд. Инчунин таълими иловагӣ гирифтани кӯдакон ва машғулияти онҳо дар муассисаҳои таълиму тарбияи беруназмактабӣ – қасрҳо, хонаҳо, стансияҳо, клубҳо ва марказҳои эҷодии бачагону наврасон, мактабҳои ҳунарӣ, бадеӣ, студияҳои мусиқӣ, муассисаҳои солимгардонӣ аз падару модар вобаста аст.

Вазифаи падару модар оид ба он ки фарзандонашон маълумоти умумии асосӣ гиранд, онҳоро водор мекунад, ки садди роҳи маълумотгирии фарзандонашон нагарданд ба тарбияи фарзандон беэътиборӣ зоҳир накунанд. Дар ҳолати роҳ додан ба чунин амалиётҳои хилофи қонун падару модар аз ҳуқуқи падару модарӣ маҳрум мегарданд.

(Давом дорад)