То боздид, эй офтоб!

№114 (3908) 20.09.2018

Ҳар гоҳ ки меҳмони Бадахшон шавам, қиссаҳои Сафарҷон ба ёдам меояд ва ба кӯҳҳои сарбафалаккашида менигараму ба санъати сонеъ қоил мешавам.

Раҳматии Сафарҷон марди ҷаҳонгашта буд. Солҳои Ҷанги Бузурги Ватании 1941- 1945 аз шаҳри Москва то Берлин рафтааст. Мегуфт, ки ҳанӯз дар баданаш оҳанпораҳои зиёд аз ҷанги хонумонсӯз ёдгор мондаанду баъзан сахт азияташ медиҳанд. Соҳибтаҳсилоту суханвар буд. Қисса карданро дӯст медошт. Бадахшонро «Боми дунё» мегуфт ва мо тааҷҷуб мекардем, ки дунё ҳам бом доштааст? Мегуфт, ки ин сарзамин аз қадим диёри мардони бузург будааст ва бо муъҷизаҳояш ҷаҳониёнро ба ҳайрат овардааст. Беҳуда нест, ки бузурге дар як шеъраш фармудааст:

Санг агар дар дил надорад меҳри авлоди Набӣ,

Лаъл дар кӯҳи Бадахшон аз куҷо шуд ғарқи хун?

Мегуфт, ки Худованд барои бандагонаш ба ҳар васила ризқ медиҳад. Барои мардуми мо аз деҳқониву боғпарварӣ ва чорводорӣ. Ризқи мардуми Бадахшон дар синаи кӯҳҳои сангин ҷо шудааст. Агар мардум хоҳанд, ки зиндагии шоиста дошта бошанд, бояд илми маъданшиносиро хуб аз бар кунанд. Дар синаи кӯҳҳои сангини Бадахшон он қадар сарват маҳфуз аст, ки дар «тактак» намегунҷад.

Хушбахтона, баъди 26 сол, қисмат ба рӯям хандиду имсол боз ба Бадахшон сафар кардам. Ин дафъа қарор додам, ки бо роҳи наве, ки бо талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  сохта шудааст, меравам. Солҳои пешин роҳи ин гӯшаи зебои Тоҷикистон душворгузар ба ҳисоб мерафт, хусусан, дар фаслҳои зимистону баҳор. Яъне, анқариб ҳафт моҳ сокинони навоҳии ин диёри домани гардун ба мушкилот гирифтор буданд. Фасли зимистон роҳи ағбаи Хобуробод тамоман баста мешуд.

Ҳар гоҳ ки сари ағба мебаромадам, беихтиёр суҳбати пирони деҳ ба ёдам меомад, ки гоҳ-гоҳ аз сохтмони «роҳи Рӯшон» ёд мекарданд. Мегуфтанд, ки он маҳз бо кӯшиши фарзонафарзанди миллат — Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум сохта шудааст. Ҳанӯз соли 1928 Нусратулло Махсум пиёдаву савора ҳамроҳи комиссияи ҳукуматӣ аз Душанбе то шаҳри Хоруғ манзилу мароҳил тай карда, душвориҳоро бо чашми сар дида будааст.

Дар ин мавзӯъ бештар раҳматии Маҳмаду Сафарҷон ва Фозилу Маҳмадиёр ҳарф мезаданд. Онҳо дар сохтмони роҳи Рӯшон саҳм гузоштаанд.

- Роҳ бо иштироки бевоситаи Нусратулло Махсум ба нақша гирифта шуд. Лоиҳааш болои коғаз омад, аммо насиб набудааст, ки сохтмонро сарварӣ кунад, — гиреҳ ба абрӯ зада мегуфт раҳматии Сафарҷон. – Ӯро ҳамчун «душмани халқ» аз вазифа барканор карданд. Марди ҷонфидову бунёдкор буд. Чанд бор дар суҳбаташ иштирок доштам.

- Сохтмони роҳ осон набуд, — риштаи суханро ба даст мегирифт раҳматии Маҳмад. — Кӯҳҳои Бадахшон соф аз санганд ва ин сангро буридану роҳ кушодан воқеан ҳам душвор аст. Баъзан мо ба навбат одамонро ба банд мебастему овезон мекардем. Онҳоро ҳой медодем ва гоҳи ҳой хӯрдан бо мисрон ба танаи кӯҳи сангин зарба мезаданд ва бо азоб тахта-тахта санг меканданду роҳ мекушоданд. Чанд нафар ҳангоми иҷрои кор ҳалок шуд. Сангҳои тез зуд — зуд бандро мебуриданд, то хабар меёфтем, ки … дер мешуд. Дар бунёди роҳ аз кишвари паҳновари шӯравӣ намояндаҳо ширкат меварзиданд.

…Борҳо аз тариқи воситаҳои ахбори омма дар бораи корномаи роҳсозон хонда ва шунида будам. Шунида будам, ки роҳсозон дар мавзеи байни ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Дарвоз ба мушкилии зиёд рӯ ба рӯ шудаанд. Ман, ки фарзанди кӯҳистонам ин гуфтаҳо бароям воҳима намуданду дар дил андешидам: «чун кори роҳсозон дар ин мавзеъ бомаром пеш намеравад, аз мушкилоти зиёд шиква мекунанд» Аммо «шунидан кай бувад монанди дидан». Замоне ки ба мавзеи Гулдара ворид шудам, аз тааҷҷуб ангушти ҳайрат газидам. Ин дара пештар «Девдара» ном дошт ва Пешвои миллат онро «Гулдара» номидааст. Ҳеҷ боварии кас намеояд, ки инсон ба ин ҳама қодир бошад. Дар ҳақиқат, роҳе ба ин зебоӣ ва беназирӣ кам дидаам. Воқеан ҳам, баъди бунёди ин роҳ дараи девҳо, ба дараи гул табдил ёфтааст. Бовар дорам, ки баъди чанд соли дигар дар ин мавзеъ иншооте сохта мешавад, ки дили садҳо сайёҳи худиву бегонаро мерабояд.

Шаҳраки Қалъаи Хуми ноҳияи Дарвоз ба як шаҳри замонавӣ ва тамошобоб табдил гардидааст. Ин шаҳри кӯчак дар оғӯши кӯҳҳои осмонбӯс хеле зебову дилпазир ба назар мерасид. Лаб — лаби рӯду дарёҳо чанд нишемангоҳ сохтаанд, ки роҳгузарон ва сокинони маҳаллӣ гоҳи фориғ аз кор метавонанд дар онҳо истироҳат карда, хастагиро дур кунанд.

Дар даромадгоҳи Курговад аз мошин фаромадам. Муддате банди андешаҳо ба ин деҳаи пур аз муъҷиза нигаристам ва аз тамошои табиати зебояш ҳаловат бурдам. Садои рӯде, ки васати деҳа бо як ғуруру ҳашамат дар ҷараён буд, ба гӯшам чун навои фораме мерасид…

Чун вориди ноҳияи Рӯшон шудам, аз дидани дигаргуниҳо дар ҳайрат мондам. Рӯшон дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат тағйир ёфтааст. Деҳаҳои Шидз, Вамд, Вознавд, Деҳ, Шпад, Баррӯшон, Дерӯшон, Барзуд, Дерзудро боз ҳам ободтару зеботар гардидаанд.

Ёд дорам: Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 25 июли соли 2016 ҳангоми вохӯрӣ бо фаъолони ноҳияи Рӯшон аз дастовардҳои мардуми Рӯшон дар даврони Истиқлолият ва ояндаи дурахшони ин сарзамин хеле самимона ҳарф зада, Рӯшонро сарзамини равшандилон ном бурданд.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия аз ҳисоби Буҷети давлат ва тавассути бахши хусусӣ 200 иншооти нави иқтисодиву иҷтимоӣ, роҳу пулҳо ва инфрасохтори энергетикӣ ба маблағи 106 миллион сомонӣ ба истифода дода шудааст. Дар маҷмӯъ, барои рушду тараққиёти ноҳия беш аз 480 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Ба андешаи банда, Рӯшон яке аз зеботарин ноҳияҳои Бадахшон аст. Мардумаш низ хеле инсонҳои наҷибу меҳмоннавоз ва заҳматматкашу бунёдкоранд. Мегӯянд, ки Ҳаким Носири Хусрав ҳангоми нахустсафараш ба Бадахшон чанд рӯз дар Рӯшон иқомат кардаааст ва пеш аз рафтан ин байтро барои рӯшониҳо гуфтааст:

Равшандилони Рӯшон оинаи сафоянд,

Ғам аз дили ғарибон сайқал зада зудоянд.

Маркази ноҳия — шаҳраки Вомар замоне хеле назарногир буд. Ба ёдам омад, ки ҳамроҳи дӯстонам Саидшоҳу Панҷшанбе, Раҳмихудову Назокат дар соҳили дарёи Панҷ соатҳо менишастему дар бораи фоҷиаҳои кишвари ҳамҷавор — Афғонистон суҳбат мекардем.

Он солҳо Вомар аз дигар деҳаҳо ҳеҷ фарқе надошт. Имрӯз чӣ?  Бинои литсейи президентӣ дар даромадгоҳи маркази ноҳия бо шукӯҳу шаҳомоташ ба ҳусни шаҳрак ҳусн зам мекунад. Аз ду тарафи роҳ биноҳои зебо сохта шудаанд. Рӯзе, ки ба маркази ноҳия рафтам, роҳи марказӣ баста буд, гуфтанд, ки роҳи маркази шаҳрак васеъ ва аз нав мумфарш ва чароғон мешавад. Бунёдкориҳоро медидаму қабат — қабат гӯшт мегирифтам. Аз он хурсанд будам, ки имрӯз ба кадом гӯшаи кишвари азиз наравед, бунёдкориву созандагӣ идома дорад. Ният кардам, ки сари қадам ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дароям. Бо узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Рӯшон Хоҷаназар Имомназар вохӯрда, атрофи дастовардҳо суҳбат кунам.

… Раис аз хусуси нақшаҳои корӣ дар роҳи ободу зебо намудани маркази ноҳия маълумоти арзишманд дод ва бо хушнудӣ гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсан Сарвари давлат ҳар як пешниҳод ва талаби онҳоро дастгирӣ мекунанд. Баҳри ободонии ноҳия маблағро дареғ намедоранд.

***

 Дӯстам Саидшоҳ дар хона будааст. Маро бо чеҳраи хандону табъи болида пешвоз гирифт. — Ба нафақа баромадам, -гуфт. — Акнун дар сояи давлати бачаҳо роҳат дорам. Худо кунад, ки ватанамон тинҷу ором бошад. Мо суҳбаткунон дар кӯчаҳои Вомар қадам мезадем.

- Панҷшанбе чӣ ҳол дорад? — пурсидам аз Саидшоҳ.

- Худо раҳматаш кунад, чанде пеш вафот кард.

Хиҷолат кашидам. Дӯстам аз дунё гузаш­таасту ман хабар надорам.

- Духтари Панҷшанбе — Лайло Чоршанбиева директори МД «Мактаб – интернати ҷумҳуриявии ба номи Додихудо Карамшоев» аст, — суханашро идома медиҳад Саидшоҳ. – Ӯ дар ҳузури Пешвои миллат сухан гуфт, хеле хуб ҳарф зад. Сарвари давлат аз сухандонии духтари кӯҳистонӣ хеле хурсанд шуданд…

Деҳаҳои Дерзуд ва Барзуд бо мурури солҳо якҷоя шуда, ба як деҳаи бузург табдил ёфтаанд. Дар ин деҳаҳо нисбат ба дигар мавзеъҳои зисти ноҳия заминҳои ҳамвор ва обӣ зиёдтаранд. Дар замони шӯравӣ ин деҳа ба хоҷагии давлатие тааллуқ дошт, ки онро «Совхози 50 — солагии Октябр» меномиданд. Дар деҳа заминҳои обӣ низ хеле зиёданд, ки баъди соҳибистиқлол гардидани кишвар онҳоро ба сокинон тақсим карда доданд. Аз болои деҳа канали калоне мегузарад. Онро дар асри гузашта сохтаанд ва «Канали ба номи Литва» номгузорӣ намудаанд. Мегӯянд, ки тӯли он 15 километр аст. Мардуми заҳматкаш синаи кӯҳи сангинро шикофта, об баровардаанд. Воқеан ҳам, дар бунёди канал мардум заҳмати зиёде кашидаанд. Чанд сол пеш аз боришоти зиёди барф ва фаромадани сел 12 километри он хароб шуда буд ва сокинони деҳаҳо баҳору тобистон аз норасоии оби полезӣ азоб мекашиданд. Хушбахтона, ин мушкил аз мадди назари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дур намонд. Дар натиҷаи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сафорати Япония дар Тоҷикистон канал пурра таъмир карда шуд. Дар барқарорсозии он 20 нафар аз сокинони деҳот ширкат намуданд. Тибқи маълумоти мутахассисон, барои таъмиру навсозии канал Сафорати Япония дар Тоҷикистон бештар аз 700 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст. Азбаски канал дар доманакӯҳ ҷой гирифтааст, коргарон маҷбур шудаанд, ки масолеҳи бинокориро бо пуштора ба маҳали сохтмон интиқол диҳанд.

Бо вуҷуди душвор будани кор онҳо тавонистанд, ки дар муҳлати кӯтоҳ 12 километри каналро таъмир намоянд. Дар масофаи 200 метр каналро бетонпӯш кардаанд, то тармаву сел онро хароб накунад.

***

Суҳбати мо дар деҳаи Дерзуд бо муаллим ва журналисти собиқадор Занҷирбек Ёғибекови 86 — сола хеле хотирмон буд. Муаллим дар ҳақиқат китоби зиндаи таърихи мардуми Бадахшон аст. Ӯ дар хонаводае, ки муҳити фарҳангӣ- маърифатӣ дошт, ба дунё омадааст. Бобояш мулло ва мутриб, падару амакаш ҳам мутриби хубе будаанд. Албатта, завқи бадеиаш аз муҳити хонавода маншаъ гирифтааст. Фаъолияти меҳнатии ӯ, ки беш аз 45 сол идома ёфтааст, дар муассисаҳои таълимӣ ва идораи рӯзномаи ноҳиявии «Овози дӯст» сипарӣ шудааст. Ӯ замони дар мактаб ва редаксия кор кардан, барои театри халқӣ ва ҳаваскорон монтажҳои адабӣ-мусиқӣ ва интермедия навишта, барои сюитаҳои созию овозӣ шеърҳо интихоб мекардааст.

Устод Ёғибеков аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар ҳарф зад ва онҳоро ба даврони пешин муқоиса кард. Бо эҳтиром номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба забон овард ва бахту саодати мардуми тоҷик, рушду нумӯи кишвар, аз ҷумла Бадахшонро, натиҷаи хизмати фидокоронаи Пешвои миллат арзёбӣ кард.

- Шумо бо чашми худ дида истодаед, ки, — мегӯяд устод Ёғибеков, -дар деҳаи дурдасти мо тарабхонаи дуошёна ба номи «Наим», муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии дуошёна, чандин хонаи истиқоматӣ сохта шудаанд. Албатта, барои сохтмонашон маблағҳои зиёд сарф гардидааст. Мо парвардагони давлати шӯравием, аммо рости гапа гӯям, ҳамин хел мактабу тарабхона ва хонаҳои зебо он солҳо дар деҳа ва маркази ноҳия набуд.

***

Дар сари замини кишт суҳбати мо бо Акбари Худобанда хеле тӯл кашид. Чанд сол боз ӯ ба кишоварзӣ машғул аст.

- Касе бовар надошт, ки рӯзе мо соҳиби замин мешавем, — табассум дар лаб гуфт Акбар ва идома дод: — Мо аз обилаи даст нон мехӯрем. Инсон соҳиби кадом касбе набошад, заҳмат мекашад. Замоне ронанда будам, ҳоло ба киштукор машғулам. Ним гектар замин дорам. Соли гузашта дар як қисми он каду кишт кардам. Он қадар ҳосил гирифтам, ки бовари кас намеояд. Мо — мардуми Бадахшон  солҳои пешин аз касби тиҷорат баҳрае надоштем. Бадахшонӣ илми тиҷоратро намедонист, дар бозор наменишаст. Шукр, ки дар замони соҳибистиқлолӣ садҳо нафар даст ба тиҷорат заданд ва муваффақ шуданд. Ман ҳам соли гузашта аз фурӯши маҳсулоти худ даромади хуб гирифтам. Дар дашт беш аз 50 нафар ҳамдеҳаам хоҷагии деҳқонӣ ташкил намудаанд. Чор-панҷ нафари онҳо боғ бунёд кардаанд. Ман ҳам дар ҳавлиам боғ дорам. Хоҳ бовар кунед, хоҳ не, дар Рӯшони мо себу нок аз себу ноки Ғарм хубтар мешудааст…

Ноҳияи Рӯшон макони тутпарварист. Сокинони он аз тут ҳосили хуб ба даст меоранд. Огоҳ шудам, ки чанде пеш бори аввал бо ибтикори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия дар деҳаи Баррӯшон «Иди тут» баргузор гардидааст.

- Рӯшон, дар ҳақиқат, диёри зебост ва метавонад яке аз мавзеъҳои асосии сайёҳии кишвар бошад. Водии Бартанг бо кӯҳҳои сар ба осмонаш, роҳҳои пурпечутоб, ҷангалу деҳаҳои зебо, мардуми наҷибу меҳмоннавоз,олами ҳайвоноти нодир ва Сарези нозанин, дар ҳақиқат, диққати сайёҳони ҷаҳонро ба худ ҷалб мекунад.

Ҳатто, аксар сокинони Бадахшон Сарези афсонавиро танҳо дар аксу наворҳо дидаанд. Он дар баландии 3250 метр аз сатҳи баҳр, дур аз чашми инсон, чун донаи марворид дар нигини қуллаҳои осмонбӯси Бартанг ҷой гирифтааст, — мегӯяд раиси ноҳия Хоҷаназар Имомназар.

***

Рӯзе, ки мо тарафи шаҳри Хоруғ таноби роҳ кашидем, болотар аз шоҳроҳ деҳаи Пасхуф ба назар менамуд. Он зодгоҳи нахустомӯзгори мо Бандаалӣ Хаёлов аст. Хаёловҳо ду нафар пайи таҳсил аз Рӯшон ба маркази ҷумҳурӣ рафта буданд. Маликбек Хаёлов баъдтар дар шаҳри Кӯлоб хонадор шуд ва то охири умр он ҷо кору зиндагӣ кард. Фарзанди калониаш раҳматии Музаффар Хаёлов актёр ва коргардони шинохтаи тоҷик буд. Бандаалӣ Хаёлов дар ноҳияи Ғарм (Рашт) сукунат ихтиёр кард. Фарзанди калониаш шодравон Мирзоалӣ Хаёлов бо пайроҳаи падар қадам зад ва яке аз омӯзгорони номдори ноҳияи Рашт гардид.

Рӯзи бозгашт ба нақша гирифтем, ки бегоҳ ба роҳ мебароему шаб сафарро то шаҳри Душанбе идома медиҳем, чунки ҳаво рӯзона гарм буд. Замоне ки дарвозаи Рӯшонро пушти сар кардем, ҳанӯз офтоб як қади найза баланд буд. Мушоҳида кардем, ки шоҳроҳ то мавзеи Рӯшон — Нулванд ба таъмири асосӣ ниёз дорад. Сокинони Бадахшон бо боварӣ мегӯянд, ки Худованд умри Пешвои миллатро дароз гардонаду танашро бедард. Модом, ки Девдараро ба Гулдара табдил дод, метавонад дар ояндаи наздик роҳи онҳоро низ пурра таъмир намояд ва омадурафт ба Бадахшон барои меҳмонону мизбонон боз осон шавад.

Гоҳи аз дарвозаи Рӯшон баромадан як чархи мошини моро санги тез бурид. Ронанда чархи эҳтиётиро иваз кард ва сафарро идома додем. Ҷойи таассуф аст, ки то ноҳияи Муъминобод таъмиргоҳе пайдо накардем, ки чархро таъмир кунанд. Танҳо дар маркази шаҳраки Қалъаи Хум ҷое будааст, ки он рӯз кор намекард.

Агар соҳибкорон дар ҳамкорӣ бо мақомоти маҳаллӣ дар шоҳроҳ чанд меҳмонхонаи замонавиву ошхона ва таъмиргоҳ месохтанд, гумони ғолиб ин аст, ки сафи сайёҳон ба Бадахшон зиёдтар мегардид.

Даме ки аз шаҳраки Қалъаи Хум берун мешудем, офтоби ҷаҳонтоб пушти кӯҳи баланд чеҳра пинҳон мекард, вале ҳанӯз нурҳои он дар баландиҳо ба назар мерасиданд. Устод Зафар Нозим дар ин лаҳза суруди дӯстдоштаи моро мехонд.

Имрӯз ҳам омад, ба сар, то боздид,  эй офтоб,

Ҳастем ё не то саҳар, то боздид, эй офтоб.

Аз домани чархи барин дорӣ нигоҳи охирин,

Бар домани кӯҳу камар, то боздид, эй офтоб.

Ва ман аз ин суруд барои хеш маънӣ бардоштам. Дар дил аз Худованд таманно кардам, ки боз бароямон имконият фароҳам оварад, то ба дидорбинии бародарон тавассути роҳи нави бо стандарти ҷаҳонисохта ба Бадахшони пур аз муъҷиза биёем…

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»