Тоҷикистон

№109 - 110 (4215-4216) 09.09.2020

Сад кунҷи даҳр гаштам, сад хушку баҳр гаштам,

Сад гӯшаю маконе, сад мулку шаҳр гаштам.

Сад боғу сад чаманро, сад кӯҳу сад даманро,

Сад ҷӯю рӯду дарё, сад кӯлу наҳр гаштам,

Хушрӯй ман надидам чун рӯйи Тоҷикистон,

Мушку гиёҳу анбар чун бӯйи Тоҷикистон!

Субҳаш зи шому шомаш аз субҳ дилработар,

Пур аз сафою роҳат, бисёр ҳам муаттар.

Ҳар заррае зи хокаш, ҳар қатра оби покаш,

Бошад азиз моро, бо ҷони мо баробар.

Хушрӯй ман надидам чун рӯйи Тоҷикистон,

Мушку гиёҳу анбар чун бӯйи Тоҷикистон!

Оваҳ, ки чӣ диёре, боғи биҳиштворӣ,

Саршори нозу неъмат, бофайзу обшоре.

Бо мардуми банангу номусу ифтихоре,

Бо Пешвои машҳур дар роҳи ҷоннисорӣ. 

Хушрӯй ман надидам чун рӯйи Тоҷикистон,

Мушку гиёҳу анбар чун бӯйи Тоҷикистон! 

Шукре ҳазор дорам аз мулки чун баҳорам,

Мисли биҳишт бошад ҳар гӯшаи диёрам.

Бо арҷу бо иҷозат, халқи бузургворам,

Ин байтро ба ҳар ҷо аз меҳр менигорам: 

Хушрӯй ман надидам чун рӯйи Тоҷикистон,

Мушку гиёҳу анбар чун бӯйи Тоҷикистон!

Мирзо РУСТАМЗОДА,

«Садои мардум»