Ваҳдат паёми мост ба фардои мушкбез

№88 (3389) 27.06.2015

Ширин  БУНЁД,

Шоири халқии Тоҷикистон

Ваҳдат нигини миллати меҳрофарини мо,

Ваҳдат дар осмони ману дар замини мо,

Дар вусъати замонаю чархи барини мо,

Ваҳдат саломи мост,

Ваҳдат низоми мост,

Ваҳдат каломи мост.

 

Ваҳдат паёми мост ба фардои мушкбез,

Буду набуди мост ба фардои мардхез,

Мероси мост насли навинро ба гирурез,

Гуфтори неки мо,

Рафтори неки мо,

Пиндори неки мо.

 

Мо киштаем донаи ваҳдат ба синаҳо,

Аз мурғи устухон зудудем кинаҳо,

Худро шинохтем дар имрӯзу динаҳо,

Соҳибзамон шудем,

Худ як ҷаҳон шудем,

Бас роздон шудем.

 

Дар ҷумла буди мову ҷаҳони вуҷуди мо,

Андар дуруди мову ҷилои суҷуди мо,

Ваҳдат бақои мост ба ҳар тору пуди мо,

Ваҳдат санои мост,

Ваҳдат вафои мост,

Ваҳдат сафои мост.

 

Олам шинохт тоҷики меҳрошёни ман,

Аз рӯзгори рафтаву аз ину они ман,

Аз бенишонаҳои замону нишони ман,

Аз талх зардаҳо,

Зи фарёди бардаҳо,

Дар пушти пардаҳо.

 

Аз пастию баландии олам гузаштаем,

Аз имтиҳони бобаи Одам гузаштаем,

Аз кӯчаҳои хорию Ҳотам гузаштаем,

Бо ҷони дарднок…

Бо синаҳои чок…

Бо қалбҳои пок…

 

Имрӯз ҷамъ омада андар баҳори худ,

Гулрезу гулнисор намуда диёри худ,

Бигрифта дӯстро ба муҳаббат канори худ,

Ваҳдат баҳори мост,

Ваҳдат барори мост,

Ваҳдат шиори мост.