Ваҳдат ва якдигарфаҳмӣ омили асосии оромӣ дар ҳар кишвар аст

№130 (3924) 27.10.2018

«Мо таъмини сулҳу суботро дар Афғонистон омили амнияти кишвари худ ва тамоми минтақа медонем».

Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

1229319_originalҶумҳурии Тоҷикистон чун кишвари осиёӣ, ки дар мавқеи муҳими геополитикӣ ҷойгир аст, дар ҳаллу фасли мушкилоти сатҳи минтақавию байналмилалӣ саҳми бориз дорад. Дар ин росто, муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя, қабл аз ҳама, бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, аҳамияти бештарро доро мебошанд. Муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Афғонистон, ки ҷавобгӯйи манфиатҳои миллӣ дар таъмини рушди бемайлони иқтисоди кишвар, сулҳу субот ва амнияти минтақа аст, аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ба шумор мераванд.

Робитаҳо дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ бо Афғонистон, ки бештар дорои ҷанбаи фарҳангӣ буданд, бо рафтуомади гурӯҳҳои мусиқӣ, ҳунарӣ ва шоирону нависандагони ду кишвар маҳдуд мешуд. Вале, пас аз инқилоби Савр (соли 1978) ва вуруди Артиши Шӯравӣ ба Афғонистон сатҳи робитаҳои фарҳангии Тоҷикистону Афғонис­тон беҳтар гардид. Дар ин давра сафарҳои мутақобилаи ҳунарии овозхонону сарояндагони маъруфи тоҷику афғон дар шинохт ва наздикии бештари мардуми ду кишвар нақши зиёд бозидааст. Дар солҳои 80-уми асри гузашта овозхонони тоҷик дар Афғонис­тон хеле машҳур буданд. Дар он солҳо ҳузури садҳо нафар мушовир, тарҷумон, афсар ва сарбози тоҷик дар сохторҳои мухталиф ва Артиши Шӯравӣ дар Афғонистон, ки ба таври рӯзмарра бо мардуми он тамос доштанд, имкони ошноии лозими тоҷикони муқими Афғонис­тонро бо ҳамтаборони ин тарафи дарёи Омӯ ба миён овард. Огоҳӣ аз мавҷудияти ҷумҳурие бо номи Тоҷикистон ва ҳарф задани аҳолии он бо забони тоҷикӣ барои сокинони одии Афғонистон хушҳолкунанда буд. Аз ҷониби дигар, ҳузури сершумори мутахассисони тоҷик дар Афғонистон низ ба рӯҳияи худшиносии миллии онҳо ва махсусан, таваҷҷуҳ ба асолат ва покиза нигоҳ доштани забони тоҷикӣ, таъсири мусбат дошт.

Ин таъсир дар солҳои баъдӣ дар расонаҳои хабарӣ ва таълифоти адабиву илмӣ баръало мушоҳида мешуд. Фарҳангиёни тоҷике, ки дар Афғонистон кору фаъолият доштанд, аз тарҷумаи таҳтуллафзӣ ва шаклии истилоҳот парҳез карда, ибораву калимаҳои бисёр зиёди барои он давра комилан тозаву ҷаззобро ба гардиш дароварданд. Имрӯз бо забони салису зебоӣ тоҷикӣ сухан гуфтани на танҳо фарҳангиён, балки роҳбарону мансабдорони кишварамон чун як амри табиӣ пазируфта мешавад, вале дар он замон ин падида бисёр арзишманд буд.

Муносибатҳои бевоситаи дип­ломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 15 июли соли 1992 барқарор гардидаанд. Дар ҳошияи татбиқи Аҳдномаи дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамсоягии нек, мулоқотҳои сарварони ду кишвар солҳои 1993, 1996, 2001, 2002, 2004, 2006, 2007, 2008, 2009, 2014 ва 2018 дар Тоҷикистон ва солҳои 1993, 1995, 2005 ва 2010 дар Афғонистон баргузор гардиданд, ки дар ҷараёни онҳо доираи васеи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Дар натиҷаи ин мулоқотҳо беш аз 50 санад имзо шудааст, ки онҳо барои густариши ҳамкориҳои байни ду кишвар заминаи устувор гузоштаанд. Ба хотири таҳкиму тавсеаи беҳтари ҳамкориҳо ва робитаи доимӣ дар ҳар ду кишвар намояндагиҳои дипломатию консулӣ фаъолият доранд. Консулгарии Афғонис­тон дар Душанбе ҳанӯз соли 1990 кушода шуда буд ва соли 1995 дар заминаи он сафорат ба кор шурӯъ кард. Дар шаҳри Хоруғ консулгарии Афғонистон ба фаъолият пардохт. Моҳи январи соли 2002 Сафорати Тоҷикистон дар Кобул кушода шуд. Ҳоло дар шаҳрҳои Мазори Шариф, Қундуз ва Файзобод консулгариҳои Тоҷикистон фаъолият доранд. Ҷонибҳо ҷиҳати таъмини сулҳу амният ва бехатарӣ дар сарҳади байни Тоҷикистону Афғонистон, мубориза алайҳи терроризм, ифротгаройӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва тундгаройии мазҳабӣ ҳамкории судмандро ба роҳ мондаанд.

Қобили қайд аст, ки то ба имрӯз дар сарҳади байни ду кишвар 7 пул мавриди истифода қарор гирифтааст ва сохтмони як пули дигар давом дорад, ки барои густариши ҳамкориҳои тиҷоративу транзитии Тоҷикистон ва Афғонистон аҳамияти муҳим доранд. Таъсиси нуқтаҳои тиҷоратӣ дар ноҳияҳои наздисарҳадии Тоҷикистон бо Афғонистон ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва дӯстонаи байни ду кишвар мусоидат мекунанд.

Дар доираи муносибатҳои фарҳангию илмӣ Тоҷикистон барои рушди захираҳои инсонии Афғонис­тон низ кӯшиш ба харҷ дода истодааст. Бо ин мақсад барои ҷавонон ва донишҷӯёни кишвари ҳамсоя бурсия ҷудо намуда, ба хотири бозомӯзии мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи Афғонистон барномаҳои омӯзишӣ омода месозад. Тибқи Созишномаи ҳамкорӣ миёни вазоратҳои дифои Тоҷикистон ва Афғонистон дар Донишкадаи ҳарбии шаҳри Душанбе аз моҳи марти соли 2003 гурӯҳи низомиёни Вазорати дифои миллии Афғонистон таҳсил намуда истодаанд. Моҳи феврали соли 2006 дар шаҳри Душанбе ҷаласаи якуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Афғонистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва техникӣ барпо шуд ва дар он Протоколи ҳамкорӣ ба имзо расид. Бояд тазаккур дод, ки ин комиссия имконияти баррасии ҳаматарафаи ҳамкориҳои байни ду кишварро дар соҳаҳои мухталиф фароҳам овардааст.

Дар маҷмӯъ, бо истиқлолият ёфтани Тоҷикистон робитаҳои Душанбеву Кобул вориди марҳилаи комилан нав гардиданд. Аммо, мутаассифона, нооромиҳо ва идомаи ҳарҷумарҷи сиёсӣ дар Афғонистон ба рушди ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ду кишвар монеаҳо эҷод менамоянд.

Хуллас, барои ба роҳ мондани рушди бемайлони иқтисодӣ, боло бурдани сатҳи иҷтимоии мардуми Афғонистон таъмини сулҳу субот ниҳоят муҳим аст. Бо ёрии аслиҳа ҳалли мушкилот имконнопазир аст ва танҳо мардуми Афғонистон тавоноии таъмини сулҳу оромиро дар кишвари худ доранд.

Хайрулло Раҷабалиев, корманди Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ, Раҳматкарим Давлатов, журналист