Забони модарӣ

№132(3433) 05.10.2015

Ифтихори мо бувад, Мирзо, забони  модарӣ,

Аз ниёгон монда моро лафзи шевои дарӣ.

Аз қадим оини мо, таърихи мо, фарҳанги    мо,

Гаштааст ин нақши мо дар донишу донишварӣ.

Аз Душанбе то ба Кобул, то Бухорои шариф,

То ба Теҳрон мерасад бар гӯши мо  лафзи дарӣ.

То замону то ҷаҳон бошад бимонӣ дар   амон,

Нур пошӣ рӯи оламро чу шеди ховарӣ.

Пос дорем мо забони хешро дар ин ҷаҳон,

«Қадри зар заргар шиносад, қадри гавҳар гавҳарӣ».

Мекунад аз дил таманно бар шумо Гӯёи мо,

Бо забон гардад ҳувайдо ҷавҳари   одамгарӣ.

 

Ҳаким Гӯё   (Мирзо Ғафурзода)