Нақшаҳои генералӣ набояд ҳамчун нақш дар рӯи қоғаз монанд

№13(3650) 08.02.2017

1015148697Даврони соҳибистиқлолӣ дар кишвар иншоооти зиёди замонавӣ бунёд шуд. Дар ин замина шаҳру навоҳии мамлакат симои худро дигар карданд. Аммо эътироф бояд кард, ки зимни бунёди онҳо дар баъзе шаҳру навоҳӣ талаботи меъмориву шаҳрсозӣ ба инобат гирифта намешаванд.

 Яке аз василаҳои тавсеабахши бунёдкориву созандагӣ таҳия ва тасдиқи нақшаи генералии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба ҳисоб рафта, солҳои охир ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Мутахассисон муътақиданд, ки мавриди амал қарор додани нақшаҳо муҳим аст.  Аз Раёсати шаҳрсозии Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ гирифтем, ки ҳоло аз 65 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ нақшаи генералии 33 шаҳру ноҳия аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд. Чанде пеш Нақшаи генералии маркази ноҳияи Деваштич бо вазорату идораҳо мувофиқа гардида, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд. Нақшаи генералии маркази ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Спитамен ва шаҳраки Пролетари ноҳияи Ҷаббор Расулов бо вазорату идораҳо мувофиқа гардида, пас аз такмил барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мешаванд. Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ва шаш шаҳру ноҳияи дигар — Сарбанд, Гулистон, Варзоб, Дӯстӣ, Дарвоз, Бохтар низ дар марҳалаи мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд. Таҳияи нақшаи генералии 10 шаҳру ноҳия, аз ҷумла Панҷакент, Турсунзода, Зафаробод, Шаҳристон, Ашт, Кӯҳистони Мастчоҳ, Ҷайҳун, Хуросон, Панҷ ва Мурғоб пурра ба анҷом расидааст. Инчунин, таҳияи нақшаи генералии нуҳ шаҳру ноҳия — Бӯстон 25 фоиз, Бобоҷон Ғафуров — 80 , Мастчоҳ — 55, Айнӣ — 20, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ — 25 , Носири Хусрав — 25, Фархор — 20, Қубодиён — 20 ва Ховалинг  95 фоиз иҷро шуда, корҳо дар ин самт идома доранд қисмати аъзами нақшаҳои генералӣ аз ҷониби Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Шаҳрофар» таҳия мегарданд. Директори ҶСК «Шаҳрофар» Бахтиёр Ишанов иброз дошт, ки бидуни нақша эъмори иншоот мувофиқи мақсад нест. Номбурда аз иқдомоти пас аз рух додани офати табиӣ дар шаҳри Кӯлоб амалишуда ёдовар гашта, гуфт, ки маҳз мавҷудияти нақшаи генералии шаҳр замина фароҳам овард, ки бунёди манзили нав барои зарардидагон ва дигар иншооти зарурӣ тибқи талаботи меъёрҳои шаҳрсозӣ сурат гирад. Нақшаи генералӣ ба маънои том чорчӯбаест, ки дар доираи он ибтикори ба минтақаи мавриди назар рабтдошта амалӣ мешавад. Он барои давраи муайян, аз 25 то 30 сол таҳия ва тасдиқ мегардад. Агар дар муҳлати зикршуда пурра татбиқ нагардад, он гоҳ зарурати аз нав таҳия ва тасдиқ намудан пеш меояд.

- Барои мисол, Нақшаи генералии шаҳри Душанбе, ки соли 1983 тасдиқ шуд, то муҳлати муқарраршуда — соли 2005 дар шакли комил иҷро нашуд. Биноан, айни замон таҳияи нақшаи нав идома дорад. Аз ҷониби дигар, дар ин раванд ҳолатҳое пеш меоянд, ки дар робита ба онҳо бояд нақшаи генералӣ бознигарӣ шавад. Ба ин ҳолат зимни таҳияи Нақшаи генералии шаҳри Қӯрғонтеппа мувоҷеҳ шуда будем. Бинобар ин, аз ҳисоби ноҳияҳои Вахш ва Бохтар масоҳати он васеъ гардид. Дар раванди таҳияи Нақшаи генералии маркази ноҳияи Деваштич маълум гардид, ки се деҳаи ҳамшафат, қариб ки бо он якҷоя шудаанд,  — афзуд Б. Ишанов. Аз Бахтиёр Ишанов бобати чӣ гуна таҳия гардидани нақшаҳо пурсон шудам. Ӯ гуфт, ки иқдоми мазкур саҳлу сода набуда, барои таҳияи як нақшаи генералӣ 15 нафар тӯли як сол заҳмат мекашанд. Дар ин раванд тамоми ҷанба, аз ҷумла экологӣ, ҷуғрофӣ, меъморӣ, коммуникатсионӣ ва ғайра амиқан мавриди омӯзиш қарор мегиранд.

Дар маҷмӯъ, корҳои дар ин самт басомонрасида зиёданд. Вале бояд мадди назар дошт, ки таҳия ва тасдиқи нақшаҳо ҳанӯз анҷоми ин раванд нест, баръакс ибтидои бунёдкориҳост. Биноан, масъулинро мебояд кӯшиш ба харҷ диҳанд, то онҳо дар рӯйи қоғаз намонанд.

Далер МЕРГАНОВ«Садои мардум»