«Тоҷпласт». Ваъдахилофии баъзе аз шарикон монеи пешрафти фаъолият аст

№95 (3732) 10.08.2017

85648Имрӯзҳо баҳри обёрии заминҳои ташналаб тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Табиист, ки барои ин иқдом лӯлаҳои гуногуни полиэтиленӣ низ лозим аст. Инро ба назар гирифта, ҶДММ «Тоҷпласт» бо ҷалби мутахассисони болаёқат истеҳсоли ин маҳсулотро  ба роҳ монд. Ба ғайр аз ин, дар коргоҳҳои он, ки дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Данғара воқеъ мебошанд, борҷомаҳои полиэтиленӣ, рӯйпӯши симҳои барқӣ ва дигар маҳсулот истеҳсол мешавад.  Маҳсулоти хом аз Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дастрас мегардад. Қутри қубурҳои истеҳсолшуда аз 16 то 500 мм мебошад.

- Аслан корҳоямон бад нестанд,  аммо омилҳое ҳастанд, ки боиси коҳиш ёфтани фаъолият мегарданд. Ҳолатҳое вуҷуд доранд, ки муассисаю ташкилотҳо ба миқдори зиёд маҳсулот фармоиш медиҳанд, шартнома баста мешавад, аз бонк маблағи заруриро барои истеҳсоли маҳсулот мегирем ва корро сари вақт анҷом медиҳем. Вале фармоишгарон пардохти маблағро ба таъхир меандозанд.

Масалан, ҶДММ СУ — 4 «Душанбестрой»  бо мо ба маблағи 500  ҳазор доллари америкоӣ барои тайёр кардани қубурҳои обгузар шартнома баст.  Барои омода сох­тани маҳсулот аз бонк қарз гирифта, маҳсулоти хомро аз кишварҳои хориҷа харидорӣ  намуда,  қубурҳоро омода ва дар вақти муқарраршуда ба ҶДММ СУ — 4 «Душанбестрой»  супоридем. Аммо зиёда аз  як  сол мешавад, ки  ташкилоти мазкур 166000 долларро ба ҷамъият нагузаронидааст, — гуфт Абдуҷаббор Эсанов, роҳбари ҶДММ «Тоҷпласт».

Аз идомаи суҳбат маълум гардид, ки баъзе фармоишгарон қарордод ба имзо расонанд ҳам, аз гирифтани маҳсулот даст мекашанд. Маълум мегардад, ки аз дигар ҷой маҳсулоти бесифатро бо нархи арзонтар дарёфт менамоянд.

Дар натиҷаи бемасъулиятии чунин шарикон «Тоҷпласт» қарзи гирифтаашро дар муҳлати муайяншуда ба бонк супорида натавониста истодааст.

- Ба ғайр аз ин, наметавонем маоши коргарону мутахассисонро пардохт кунем.  Кор ба ҷое расид, ки дар  натиҷаи бад шудани вазъи молиявии ҷамъият маҷбур шудем як қисми коргаронро ба рухсатии бемузд ҷавоб диҳем. Аз даст додани ҳар як коргар барои ҷамъият вазнин аст, зеро онҳо ихтисоси навро  омӯхта, донишашонро ба вазифаи ишғолкардаи худ мутобиқ кардаанд, — бо таассуф изҳор дошт А. Эсанов.

Бо вуҷуди мушкилоти мавҷуда дар ҶДММ «Тоҷпласт» саъю талоши хешро ба он равона месозанд, ки фаъолияти корхонаҳои истеҳсолиро қатъ накарда, роҳҳои нави рушдро дарёфт намоянд. Натиҷаҳои истеҳсолии шаш моҳи аввали соли ҷорӣ аз ин гувоҳӣ медиҳад. Дар ин муддат ба маблағи   11 751 411 сомонӣ  маҳсулот истеҳсол гардида, хароҷот 10208729 сомониро ташкил додааст.

- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳояшон дастгирии соҳибкоронро таъкид мекунанд. Ин ғамхориҳо ва дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон моро водор месозад, ки донишу малака ва кордонии худро ҳар чӣ бештар барои пешрафти кишвар сарф кунем, — гуфт Абдуҷаббор Эсанов.

 Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»,

А. Ҳакимов, рӯзноманигор