Бонкҳо - муҳаррики иқтисодиёти кишвар

«Спитамен бонк». Саҳмгузорӣ дар пешрафти кишвар ҳадафи асосист

№114 (3751) 26.09.2017

DSC_3421Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ибрози Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон зикр намуданд, ки «Фаъолияти муътадили низоми бонкӣ дар шароити имрӯза яке аз омилҳои асосии тараққиёти босуботи иқтисодӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат, Бонки миллӣ ва Вазорати молия вазифадоранд, ки фаъолияти бонкҳо, ташкилотҳои қарзӣ ва корхонаву муассисаҳои буҷетиро ба таври қатъӣ назорат намоянд ва дар самти ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии амонатгузорон, пеш аз ҳама, нигоҳ доштани эътимоди аҳолӣ ва иҷрои уҳдадориҳои бонкӣ, чораҳои фаврӣ андешанд».

Воқеан ҳам дар шароити кунунӣ саҳми бонкҳо ба сифати муҳаррики иқтисодиёти кишвар дар пешрафти тамоми соҳаҳо муассир аст. Ба ин хотир, Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон ҳамчунин таъкид намуданд, ки «Дар чунин шароит сиёсати пуливу қарзии давлат бояд бо роҳи беҳтар намудани шароити маблағгузории молиявӣ ва дигар хизматрасониҳои бонкӣ ба ҳавасмандсозии бахши воқеии иқтисодиёт барои ташкили истеҳсолот ва ҷойҳои нави корӣ нигаронида шуда, инчунин ба хотири таъмини устувории пули миллӣ, баланд бардоштани пардохтпазирӣ ва эътимоднокии низоми бонкӣ, фаъолияти самарабахш ва бехатари низоми пардохтҳо чораҳои муассир ва саривақтӣ андешида шаванд».

Яке аз бонкҳое, ки дар татбиқи дас­туру супоришҳои Сарвари давлат ва иҷрои рисолати худ собитқадам аст, ҶСП «Спитамен Бонк» маҳсуб меёбад.

Се сол қабл, тибқи талаботи қонунгузории ҷорӣ ва иҷозатномаи Бонки миллии Тоҷикистон, ҶСП «Спитамен Бонк», ки ҳамчун ташкилоти хурди қарзӣ фаъолияташро пеш мебурд, ба бонк табдил ёфт. Гуфтан бамаврид аст, ки умури хизматрасонӣ аз ҷониби бонки мазкур дар сатҳи олӣ (VIP – сервис) роҳандозӣ шудааст, ки дар низоми бонкии мамлакат таҷрибаи нав ба ҳисоб меравад. ҶСП «Спитамен Бонк» дар кушодани филиалҳо хеле фаъол аст. Соли гузашта якчанд филиали бонк дар манотиқи гуногуни мамлакат, аз ҷумла ноҳияи Данғара, шаҳрҳои Турсунзода ва Қӯрғонтеппа мавриди истифода қарор гирифт. Нишондиҳандаҳои оморӣ далели онанд, ки рӯз то рӯз мавқеи «Спитамен Бонк» дар бозори бонкии мамлакат мустаҳкам гашта, сафи мизоҷонаш афзуда истодааст. Бешубҳа, вазъи молиявӣ ва раванди фаъолияти «Спитамен Бонк» ба устуворӣ ва дар сатҳи муътадил қарор доштани низоми бонкии ҷумҳурӣ мусоидат менамояд. Меҳвари фаъолияти ҶСП «Спитамен Бонк»-ро масъулиятшиносӣ ташкил медиҳад. Собитқадамии ин муассисаи молиявӣ дар амалисозии ҳадафҳояш, аз ҷумла дар таъмини дастрасии бештари эҳтиёҷмандон ба хизматрасониҳои бонкӣ дар сатҳу сифати баланд,  далели возеҳи ин гуфтаҳост. Айни замон бонк хеле самаранок фаъолият намуда истодааст. Роҳбарияти он дар самти боз ҳам беҳбуд бахшидани сатҳу сифати хизматрасонӣ тасмимҳои зиёд доранд, ки афзудани ҳаҷми қарздиҳӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, ҷорӣ кардани шаклҳои нави хизматрасонӣ ба аҳолӣ, ба роҳ мондани ҳамкории зич бо созмонҳои байналмилалии молиявӣ ва бонкҳои хориҷӣ барои фароҳам овардани фазои мусоид баҳри ҷалби бештари сармояи хориҷӣ, кушодани марказҳои амалиётии нав дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ва барориши кортҳои пардохтӣ аз ҷумлаи онҳост.

Ҳоло дар гӯшаву канори ҷумҳурӣ 12 филиали «Спитамен Бонк», аз ҷумла дар шаҳрҳои Душанбе, Истаравшан, Хуҷанд, Қӯрғонтеппа, Ваҳдат, Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Данғара дар хизмати мизоҷон қарор доранд. Сафи мизоҷони бонк сол то сол меафзояд. Ҷалби пасандоз (депозит), пешниҳоди қарзҳои истеъмолӣ ва тиҷоратӣ, интиқоли маб­лағ, хизматрасонии ҳисоббаробаркунӣ ва хазинавӣ, мубодилаи асъор ва ғайра аз ҷумлаи намудҳои хизматрасониҳои бонкӣ ба шумор мераванд. ҶСП «Спитамен Бонк» бо низомҳои байналмилалии интиқоли маблағҳо ҳамкорӣ намуда, тавассути онҳо маблағҳои интиқолиро ба шаҳрвандон дастрас менамояд. Ногуфта намонад, ки фоизи амалкунандаи қарзҳои пешниҳоднамудаи бонк ба талаботи бозор мутобиқ аст. Аз ин ҷост, ки боварии аҳолӣ рӯз то рӯз ба бонк зиёд шуда истодааст.

Аз шиносоӣ бо раванди коргузорӣ дар бонки номбурда муътақид гардидем, ки истифодаи технологияи нав дар он ба таври густурда роҳандозӣ шудааст. Омили мазкур замина фароҳам овардааст, ки сатҳу сифати хизматрасонӣ бамаротиб беҳтар гардида, ҷараёни фаъолият ба талаботи байналмилалӣ мутобиқ гардад. ҶСП «Спитамен Бонк» дар самти ҷорӣ намудани кортҳои пардохтӣ ва насби банкомату POS- терминалҳо низ яке аз пешсафон маҳсуб меёбад. Дар суҳбат бо мо мизоҷони «Спитамен Бонк» гуфтанд, ки омил ва сабабҳои маҳз ин муассисаи молиявиро ба сифати ҳамкор интихоб намуданашон ба сатҳу сифати хизматрасонӣ, обрӯву нуфузи баланд, пешсаф будан дар самти истифодаи технологияи нав, муносибати хеле хуби кормандони он бо мизоҷон ва ғайра алоқаманд аст.Чун болотар дар бораи омилҳои дигар мушаххас маълумот додем, бамаврид аст, ки чанд сухан оид ба назокати муносибати кормандони ҶСП «Спитамен Бонк» бо мизоҷон бигӯем. Тавре масъулини бонк иброз медоранд, онҳо дар муносибат бо мизоҷон андешаи «мизоҷ ҳамеша ҳақ аст»- ро шиори фаъолияти хеш қарор дода, ба ҳар яки онҳо ба тариқи инфиродӣ вобаста ба талабот ва завқашон муносибат менамоянд.

Аз ин бармеояд, ки азми масъулини ҶСП «Спитамен Бонк» дар самти боз ҳам беҳбуд ва ривоҷ бахшидани фаъолият қавӣ ва нияташон нек аст. Мо ба онҳо барору комёбӣ таманно дорем.

 Далер Мерганов,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев