Ҳадаф — рушди робитаҳои тиҷоратӣ

№135(3436) 12.10.2015

Даҳуми октябри соли равон дар Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир гардид. Муовини раиси Палата Манзура Рустамова иттилоъ дод, ки рӯзҳои 14-16 октябри соли 2015 дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи соҳибкорон Намоишгоҳи сеюми байналмилалии кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва бастабандии Agrofood-2015 доир мегардад. Ташкилкунандагони намоишгоҳ Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати байналмилалии Expo Central Asia  мебошанд. Номбурда ҳамчунин гуфт, ки намоишгоҳ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади фароҳам овардани имкониятҳои нав барои фурӯши маҳсулот, пайдо намудани шарикон, бунёди корхонаҳои нав, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва ба бозор баровардани амволи нав ташкил карда мешавад, ки ҳадаф аз он густариши робитаҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои қитъаи Аврупо ва Осиё аст.

Директори Ширкати байналмилалии Expo Central Asia  Маҳмуд Эр иттилоъ дод, ки дар ин ҷо техникаю таҷҳизоти кишоварзӣ, тухмию ниҳол, технологияҳои обёрӣ, маҳсулоти боғдорию гулпарварӣ, ҳамчунин маҳсулоти ширӣ, моҳӣ, сабзавот, мева, консерва, нону кулча, маснуоти қаннодӣ, шарбатҳои гуногун ва таҷҳизоти таббохӣ аз ҷониби 60 ширкат ва корхонаҳои ҷумҳурии Тоҷикистон, Франсия, Ҷумҳурии Федеративии Германия, Италия, Голландия, Туркия, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Словения, Беларус, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва ИМА ба намоиш гузошта мешавад.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»