Ҳамкории минтақавӣ дар сиёсати хориҷӣ афзалият дорад

№54 (4004) 14.05.2019

IMG_5812Ҳафтуми майи соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ дар таъмини амнияти Осиёи Марказӣ» конфронси ҷумҳуриявӣ доир гардид. Дар он намояндагони сафоратҳои Федератсияи Россия, Ӯзбекистон, Беларус, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, вазорату идораҳои давлатӣ ва коршиносони масоили амниятӣ ширкат доштанд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Диловар Қодирзода зикр кард, ки яке аз самтҳои муҳими сиёсати дохилии Тоҷикистон коркард ва ташаккулдиҳии сиёсати ягонаи давлатӣ дар масъалаи мубориза бо ифротгаройӣ мебошад. Бо ин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон як қатор ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла «Стратегияи миллӣ оид ба мубориза бо экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2030»-ро таҳия ва қабул намудааст, ки дар он принсипҳои асосӣ, меъёр, мақсад ва тарзҳои пешгирии мубориза бар зидди терроризму экстремизм нишон дода шудаанд.

Бино ба гуфти Диловар Қодирзода, аз ҷумлаи мушкилоти амнияти минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ин мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, терроризм ва экстремизм, масъалаҳои об, нажодӣ ва низоъҳои наздисарҳадӣ ба ҳисоб мераванд. Аз ин лиҳоз, мубориза бо терроризму экстремизм дар меҳвари муносибатҳои минтақавӣ ва шарикони байналмилалӣ қарор дорад. Ҳамкорӣ ва густариши муносибатҳои минтақавӣ бо СММ, СҲШ, СААД, САҲА, ИДМ низ яке аз афзалиятҳои сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Аз ин хотир, дар ин самт аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 80 санади байнидавлатӣ ва байналмилалӣ ба имзо расидааст.

Муовини сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шараф Эгамзод доир ба нақши СААД дар системаи таъмини амнияти минтақавӣ сухан карда, гуфт, ки кишвари Тоҷикистон ба ҳайси аъзои комилҳуқуқ як қатор ташаббусу пешниҳодҳои муҳимро ҷиҳати таҳким бахшидани системаи амнияти дастаҷамъӣ манзури СААД намудааст. Барои рушд ва таҳкими иқтидори созмон, баланд бардоштани сатҳи самаранокии фаъолияти он кӯшиши зиёд низ ба харҷ медиҳад. Соли 2018 муносибатҳои ҳарбӣ дар чаҳорчӯбаи созмон, омодабошии қувваю воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъӣ мусбат арзёбӣ гардид.

Сардори Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Абдуллозода қайд кард, ки ҳамкорӣ дар доираи СААД имкон медиҳад бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгаройӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, таъмини амният ва субот, инчунин, ҳимояи тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлатҳои аъзои созмон тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Масъалаи мубориза бо ҷиноятҳои мухаддиротӣ характери фаромиллӣ дорад ва ба он муқовимат нишон додан танҳо бо кӯшишҳои муштарак тавассути ҳамкориҳои амалии ҳамоҳанг­гардидаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои СААД ва ҷомеаи ҷаҳонӣ мумкин аст. Бо мақсади якҷо намудани талошҳо дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар ва баланд бардоштани самаранокии он Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқии байналмилалӣ амал карда, бо давлатҳо ва созмонҳои манфиатдор мунтазам ҳамкориро тавсеа ва тақвият мебахшад. Дар солҳои зиёди фаъолияти муштарак дар чорчӯбаи Шӯрои амалисозии СААД таҳкурсии пойдори ҳамкориҳои судманд байни мақомоти давлатҳои аъзо гузошта шуд. Инчунин, заминаҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор фароҳам гардиданд, ки имконияти амалӣ намудани ҳамкорӣ дар масъалаҳои васеътари вобаста ба маводи нашъаоварро медиҳанд. Қочоқи маводи мухаддир, ки солҳои охир ниҳоят афзоиш ёфтааст, мушкилоти сарҳади байни Тоҷикистон ва Афғонистон гардида, то ба ҳадди даргириҳои мусаллаҳона байни сарҳадбонон ва гурӯҳҳои террористӣ расидааст, ки ин ба равобити кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна таъсири ҷиддӣ мерасонад. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатҳои аъзои созмон дар самти мубориза бо муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, аз ҷумла, табодули иттилооти оперативӣ дар ҷараёни амалиётҳои муштарак, таҷрибаи зиёд доранд. Дар шароити феълии байналмилалӣ мавҷудияти СААД омили муҳими субот ва таъмини амнияти сарҳадоти давлатҳои аъзо мебошад. Фаъолияти доимӣ дар чорчӯбаи созмон имкон медиҳад, ки равобити байнидавлатию ҳарбӣ-сиёсӣ ҷиҳати ташаккули низоми воқеан самараноки амнияти дастаҷамъӣ ба сатҳи сифатан нав бардошта шавад, зеро мавқеи ягонаи кишварҳои аъзо нисбат ба вазъи ҷаҳони муосир, ибрози нигарониҳои умумӣ аз таҳдидҳои амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ пояи сиёсии СААД-ро ташкил медиҳад.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА, «Садои мардум»