Проблема ва мулоҳиза

Ангишт метавонад ба рушди «энергияи сабз» мусоидат кунад

№1 (3795) 04.01.2018

Истифодаи самараноки ангишт дар як қатор кишварҳои мутараққӣ боиси пешрафти бахшҳои саноату энергетика гаштааст. Масалан, Анг­лияву Чин дар заминаи истифодаи мақсадноки ангишт дар соҳаҳои гуногуни саноат ба дастовардҳои назаррас ноил гаштаанд.

Ангишт аз канданиҳои фоиданокест, ки захирааш дар ҷумҳурӣ фаровон мебошад. Аз 4,5 миллиард тонна захираи ангишти ҷумҳурӣ 320,3 миллион тоннаи он захираи таҳқиқшуда мебошад. Мувофиқи маълумоти Раёсати саноати истихроҷи ангишти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳоло дар мамлакат 19 корхонаи истихроҷи ангишт дар 14 кон фаъолият доранд. Зиёда аз 208 корхонаи соҳаҳои саноат ва энергетика ангиштро ҳамчун сӯзишвории ивазкунандаи гази табиӣ истифода мебаранд. Тадбири мазкур вобастагии иқтисодиёти ҷумҳуриро аз воридоти гази табиӣ ва маҳсулоти нафтӣ коҳиш дод.

Маҳз дастгирии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шароит фароҳам овард, ки солҳои охир истихроҷи ангишт афзоиш ёбад. Ҳанӯз 30 апрели соли 2007 Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин дастур дода буданд: «Бо назардошти захираҳои бойи ангишти мамлакат, ки 4,5 миллиард тоннаро ташкил медиҳад имкониятҳои ба истифодаи ангишт гузаронидани марказҳои гармидиҳӣ, баъзе корхонаҳо ва таҳияи лоиҳаҳои инвеститсионӣ оид ба сохтмони неругоҳҳои барқӣ бо истифодаи ангишт мавриди омӯзиши ҳамаҷониба қарор дода шаванд».

Солҳои 2009 — 2010 ба ҳисоби миёна ҳар сол бештар аз 240000 тонна ангишт истеҳсол шуд, ки ба ҳар сари аҳолӣ тақрибан 30 килограммӣ рост меомад. Аз камчинии маводи сӯхт дарахту буттазори зиёд нобуд гардид. Пас аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ангишт» вазъият рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Соли 2014 истихроҷи ангишт ба 870 ҳазор, соли 2015 ба 1 миллион ва соли 2016 ба 1,3 миллион тонна расид. Ин рақам соли 2017 ба дараҷаи рекордӣ расида, 1,7 миллион тоннаро ташкил дод.

Мувофиқи маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, талаботи воқеии солонаи соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии ҷумҳурӣ ба ангишт 1,7- 1,8 миллион тонна аст. Аз ин 53 дарсад ба соҳаи энергетика, 34,2 дарсад ба саноат, 10 дарсад ба аҳолӣ ва 2,8 дарсад ба муассисаҳои буҷетӣ рост меояд.

Баҳри ба роҳ мондани ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар соҳаҳои афзалиятноки мамлакат, аз ҷумла соҳаи саноати ангишт, имкониятҳои кофӣ мавҷуданд. Истифодаи самараноки онҳо аз афзоиши сармоягузории мустақили дохиливу хориҷӣ ва воридоти техникаву технологияҳои муосир вобастагии калон дорад. Дар асоси истихроҷи зиёди ангишт, газификатсияи он саноати химия ва истеҳсоли нуриҳои минералиро тараққӣ додан мумкин аст.

Аз ҷиҳати таъсир ба муҳити зист ангишт «ифлостарин» сӯзишворӣ барои истеҳсоли неруи барқ дар сайёра маҳсуб меёбад. Ҳар сол дар сайёра аз сабаби таъсири хокистару дуд ва газҳои зарарноки аз сӯхтани ангишт ҳосилшуда садҳо ҳазор нафар мефавтанд. Дуоксиди сулфур, оксиди нитроген, симоб ва дигар моддаҳои аз ангишт ба фазо партобшуда эҳтимоли гирифторшавӣ ба саратони шуш, инсулт, бемориҳои роҳҳои нафас ва дилу рагҳоро зиёд мекунад. Бештар кӯдакон, пиронсолон ва занони ҳомила ба гурӯҳи осебпазир шомиланд. Олимон ҳисоб кардаанд, ки як неругоҳи ҳароратии бо ангишт коркунанда ба ҳисоби миёна 40 — 60 сол фаъолият мекунад, вале гази карбонати аз он хориҷшуда то сад сол дар атмосфера боқӣ мемонад. Аз ин рӯ, бисёр кишварҳои пешрафта, аз ҷумла Австралия, Германия, Голландия, Дания ва Хитой ба ҷойи ТЭС- ҳои бо ангишт коркунанда неругоҳҳои офтобию шамолӣ бунёд карда истодаанд. Бо ҳамин сабаб соли 2016 дар ҷаҳон истифодаи ангишт 1,7 фоиз нисбат ба соли 2015 кам шуд.

Газҳои аз ангиштсанг хориҷшаванда боиси гармшавии иқлим ва обшавии пир­яхҳо мегарданд. Бинобар ин, бо мақсади то охири садсола дар ҳадди 2 дараҷа нигоҳ доштани гармшавии иқлим аксари кишварҳо тасмим гирифтаанд, ки 10 — 20 соли минбаъда пурра аз истифодаи ангишт даст кашида, ба «энергияи сабз» гузаранд. Созишномаи Париж оид ба иқлим низ ҳаминро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, дар мамлакат истихроҷи ин намуди сӯзишвориро дар 2- 3 соли минбаъда афзун кардан лозим аст. Ангишт ҳоло барои мамлакат сӯзишвории стратегӣ ба шумор меравад. Зарур аст, ки содироти ангишти аз талабот изофиро ба хориҷи мамлакат, мисли Афғонистону Покистон, зиёд кунем. Чанд сол пеш тоҷирони покистонӣ ангишти Тоҷикистонро мехариданд. Баъдан, фурӯши ангишт берун аз ҷумҳурӣ манъ шуд. Ҳоло вақти он расидааст, ки дубора содироти ангиштро ба роҳ монем. Бо мақсади замина гузоштан ба «энергияи сабз» ҳар сол аз фурӯши ангишт фоизи муайянеро барои истеҳсоли таҷҳизоти офтобӣ дар Тоҷикистон ҷудо бояд кард. Таҷҳизоти офтобӣ (коллекторҳо — неругоҳҳои офтобӣ)- ро дар маҳаллаҳои навбунёд, ки ҳанӯз хатти барқ кашида нашудааст ва дар он мавзеъҳое, ки сарборӣ ба трансформаторҳо зиёд аст, насб кардан беҳтар аст. Зеро хароҷоти кашидани хатти барқу гузоштани симчӯб ва трансформатор аз байн меравад. Дар ҷумҳурӣ замина барои истеҳсоли панел ва обгармкунакҳои офтобӣ мавҷуд аст. Танҳо каме маблағи аввалия зарур аст, ки корхона фаъол гардад.

Амороти Муттаҳидаи Араб, Кувайт, Арабистони Саудӣ ва ғайра як миқдор маблағи аз фурӯши нефт бадастомадаро сарфи харидану насб кардани таҷҳизоти офтобӣ намуданд, ки заминаи хубест барои фардо. Ҷумҳурии Ӯзбекистон, ки дорои захираи фаровони нефту газ мебошад, то соли 2021 мақсад гузоштааст, ки 810 лоиҳаро барои истифода аз энергияи офтобӣ дар тавлиди барқ ба маблағи 5 миллиарду 300 миллион доллар амалӣ созад.

Таҷрибаи кишварҳои мутараққӣ нишон дод, ки аз ангиштсангу нефту газ дида, энергияи офтобу шамолу об безарар, барқароршаванда ва сол то сол арзоншаванда аст.

Дар ин ҷода кишварҳое бурд мекунанд, ки ҳар чӣ зудтар рӯ ба энергияи барқароршаванда оранд. Соли 2007 бо ташаббуси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади тарғиби таҷҳизоти офтобӣ чанд семинар бо иштироки соҳибкорони ватанӣ баргузор гардид. Баҳри аз наздик нишон додани самараи таҷҳизоти офтобӣ аз Туркия обгармкунаки офтобӣ оварда, дар шаҳрҳои Душанбе ва Қӯрғонтеппа насб карданд. Соҳибкорон самаранокии таҷҳизоти мазкурро аз наздик диданд, вале ба ҷойи харидани чунин таҷҳизот, ба хотири соҳиби барқи белимит гаштан, ришва дода, ба «хатти сурх» пайваст шуданро «афзал» донистанд. Аз байн 10 сол гузашт. Агар он соҳибкорон дурандеш мебуданду панелу обгармкунаки офтобӣ мехариданд, бо мурури 3 сол хароҷоти харидани таҷҳизоти офтобӣ пӯшонда мешуду солҳои минбаъда барқу оби гарм бе пул насибашон мегашт.

Агар дар ҷумҳурӣ истеҳсоли таҷҳизоти офтобиро ба роҳ монем, сафи муштариёни он зиёд хоҳад гашт, зеро имрӯз бисёриҳо аз телевизиону нашрияҳо ва зимни сафар ба мамолики пешрафта дар бораи ин гуна таҷҳизот маълумоти кофӣ пайдо намудаанд.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»