Ба истиқболи ҷашни 5500-солагии Саразм

Аз бозёфти табарча то кашфи Саразм

№98 (4048) 15.08.2019

DSC_1704Соли 1976 сокини деҳаи Авазалии шаҳри Панҷакент, иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Ашӯралӣ Тайлонов духтарчаи 8-солаашро ба маркази шаҳр оварда, бо хоҳиши вай барои тамошо ба осорхона меравад. Дар осорхонаи ба номи Рӯдакӣ, пас аз дидани нусхаи гаҷии табарчаи биринҷии аз деҳаи Ёрӣ ёфтшуда, изҳор медорад, ки ҳангоми хонасозӣ ӯ чунин асбобро пайдо кардааст ва агар лозим бошад, онро ба осорхона туҳфа менамояд. Сипас, бостоншинос Абдуллоҷон Исоқов барои овардани табарча ба хонаи ӯ меравад ва аз ҳамон вақт — моҳи сентябри соли 1976 қадимтарин шаҳраки Суғдиён — Саразмро кашф мекунад.

 Моҳиятан табарчаи ҳангоми хонасозӣ пайдокардаи Тайлонов дар бостоншиносии ҷаҳон саҳифаи навро боз кард. Абдуллоҷон Исоқов дар китобаш «Саразм» ёдовар шудааст, ки пеш аз оғози ҳафриёт бо Усмонҷон Эшонқулов ва Ашӯралӣ Тайлонов майдони ёдгориро бо қадам чен карда, масоҳати онро 100 гектар тахмин кардаанд.

Абдурауф Раззоқов, ки умрашро баҳри пажӯҳиши Саразм сарф кардааст, мегӯяд, ки масоҳати Саразм шояд зиёда аз 100 гектар буд. Пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон, 21 сентябри соли 2000, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории 5500-солаи Саразм мамнӯъгоҳи таърихӣ-бостоншиносӣ эълон гардид.

DSC_1827- Баъдан, Президенти кишвар супориш доданд, ки масоҳати ёдгориро муайян намоем. Маълум кардем, ки он 47 гектар аст. Аз ин 17 гектар пурра ба омӯзиши бостоншиносӣ мусоидат буда, 30 гектари дигар ҳудуди муҳофизатӣ мебошад, ки дар он сохтмони иншоот манъ аст. 17 гектари ёдгорӣ панҷарабандӣ ва 5 мавзеаш болопӯш шуда, сохтани чанд болопӯши дигар то ҷашни 5500-солагии Саразм дар назар аст, — зикр кард номбурда. Лозим ба ёдоварист, ки то пайдо шудани табарча қисми зиёди ёдгорӣ ҳамчун заминҳои кишт ва наздиҳавлигӣ аз ҷониби мардуми маҳаллӣ аз худ шуда буд.

- Агар табарчаро пайдо намекарданд, шояд ёдгорӣ кашф намегардид, — гуфт А. Раззоқов.

Ӯ 38 сол боз дар Саразм ба кофтуков машғул аст. Ҳар бозёфти шаҳраки қадима барояш арзиш дорад. Вай мегӯяд:

- Аз соли 1977 ковишҳои бостоншиносӣ идома дошта, то ҳол дар ягон минтақаи мамнуъгоҳ кор пурра анҷом дода нашудааст. Соли 2011 бо мутахассисони Франсия таҳқиқоти геофизикӣ гузаронидем. Маълум шуд, ки дар қаъри ин макон девору пайроҳаҳо мавҷуд аст.

- Бозёфтҳо аз шаҳри тиҷоратӣ будани Саразм шаҳодат медиҳанд. Масалан, ақиқ аз Қароқурум, ки имрӯз дар ҳудуди Туркманистон аст, оварда мешуд, фирӯза аз Нишопуру Фарғона, лоҷувард аз Бадахшон. Аз устухонҳои пайдошуда маълум шуд, ки саразмиён гӯшти моли то яксоларо тановул мекардаанд, — зикр кард А. Раззоқов.

Яке аз бозёфтҳои нодири аз ҳафриёт пайдошуда ҷасади маликаи Саразм мебошад. Доир ба ин масъала доктори илми таърих Саидмурод Бобомуллоев маълумот дод. Бино ба гуфти ӯ, қабри малика соли 1983 кашф гардид. Антрополог Телман Хоҷаев муайян кард, ки хонум 23 — сола буда, як фарзанд таваллуд кардааст ва қадаш 1 метру 65 сантиметр мебошад.

- Ҳамроҳаш 49 муҳраи тиллоӣ ва бештар аз 4,5 кило сангҳои лоҷувард, ақиқ, инчунин ҳайкалчаи гилӣ ва як оинаи биринҷӣ дафн шуда буд. Ин далел аст, ки ӯ дар ҷамъият нуфузи баланд дошт. Азбаски давраи модаршоҳӣ буд, аз ин хотир ӯро малика гуфтанд, — афзуд ӯ.

Ҳамин тариқ, бо Фармони Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2020-ум 5500-солагии Саразм ҷашн гирифта мешавад. Бо ин мақсад кумитаи тадорукот ташкил шуда, омодагӣ ҷиддӣ аст. Раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода гуфт, ки се ҷаласаи кумитаи тадорукотро таҳти раёсати раиси он — Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода гузарониданд.

- Дар робита ба ҷашн ба истифода додани 29 иншоотро ба нақша гирифтаем. Аз ҷумла, дар Саразм меҳмонхона, осорхона бунёд гашта, атрофи мамнӯъгоҳ панҷарабандӣ шуда, роҳ таъмир мешавад. Инчунин, чор муассисаи таълимӣ бунёд мекунем. Мардум дар ин раванд саҳми бориз дошта, боварӣ дорем, ки ҷашнро дар сатҳи баланд мегузаронем, — зикр кард ӯ.

Бино ба гуфти мудири шуъбаи бос­тоншиносии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Сайфуллоев, неруи аҳли илм низ барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашн равона гардидааст. Дар назар аст, ки олимони машҳур аз хориҷи кишвар даъват шуда, бостоншинос Юсуфшоҳ Яқубов низ то баргузории ҷашн барои фаъолияти доимӣ ба Панҷакент меояд. Ибтикори амалишуда моро мутмаин намуд, ки то таҷлили ҷашн асрори шаҳри  бостонӣ пурра кашф  ва рӯнамоӣ хоҳад шуд.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»,

Душанбе-Панҷакент-Душанбе.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ