Аз нишастҳои матбуотӣ

№82 (3228) 24.07.2014

Афзоиши ММД — 6,7 фоиз

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Абдуҷаббор Ширинов зимни нишасти матбуотӣ минҷумла зикр намуд, ки сарфи назар аз ноустувории иқтисодиёти кишварҳои минтақаву ҷаҳон ва тағйирёбии нархҳои ҷаҳонии молу ашёи асосии содиротӣ, давоми нимсолаи аввали соли ҷорӣ вазъи иқтисодиёти кишвар дар сатҳи нисбатан муътадил қарор дошт.

Маълум гардид, ки дар давраи фавқуззикр ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ ба 17,9 млрд. сомонӣ баробар шудааст, ки рушди воқеии он нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,7 фоизро ташкил намуд.

Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ меъёри таваррум 4,5 фоизро ташкил дод, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 банди фоизӣ зиёд мебошад. Нишондиҳандаи мазкур асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ 7 фоиз, хизматрасонии пулакӣ 2,4 фоиз ва маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 0,3 фоиз ба вуқӯъ пайваст.

Таварруми солона дар ин давра 6,6 фоизро ташкил намудааст, ки дар муқоиса ба ҳамин  давраи соли гузашта 1,1 банди фоизӣ зиёд мебошад.

Дар раванди саволу ҷавоб иттилоъ гирифтем, ки қурби пули миллӣ дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ тағйирёбии муътадил дошта, нисбати доллари ИМА 3,5 фоиз паст гардидааст.

Гардиши савдои хориҷӣ дар ин давра 2892,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 14,3 фоиз зиёд мебошад. Дар ҳамин радиф, ҳаҷми содирот 14,8 фоиз коҳиш ёфта, ба 521,0 млн. доллари ИМА расид, ҳаҷми воридот бошад, 23,5 фоиз афзуда, 2371,7 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуд.

Абдуҷаббор Ширинов муътақид аст, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2014, бо дарназардошти вазъи иқтисодиёт, сиёсати пулию қарзиро баҳри иҷрои дурнамои нишондиҳандаҳои пулӣ, таъмини пардохтпазирии низоми бонкӣ ва муътадилии ҳаҷми пул дар иқтисодиёт равона намудааст.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»

Дар анборҳои вазорат китобҳо зиёданд

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин Шодибек дар нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи вазорат зикр намуд, ки бо мақсади ҷалби бештари таваҷҷуҳи мардум ба китоб ва ташвиқу тарғиби ҳамаҷонибаи он байни аҳолӣ Муассисаи нашриявии «Адабиёти бачагона» дар 29 мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, коллеҷҳо, литсей ва гимназияҳои пойтахт намоиш-фурӯши китобҳои бачагонаро таҳти унвони «Душанбе — шаҳри китоб» баргузор намуд.

Зикр гардид, ки алҳол дар анборҳои муассисаҳои нашриявӣ дар маҷмӯъ 605 ҳазору 472 нусха ё ба маблағи 6 миллиону 447 ҳазору 336 сомонӣ китоб маҳфузанд, ки ҳолати мазкур боиси нигаронии ҷиддист.

Аз нигоҳи Орумбекзода Шамсиддин Шодибек яке аз масъалаҳои доғ дар сохтори театрии ҷумҳурӣ норасоии коргардонҳои касбӣ ва актёрҳои ҷавон мебошад. Ба  хотири пурра кардани ин фазо бо Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия мувофиқа шуд ва тибқи он барои довталабон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии соҳаи фарҳанги ин кишвар дар соли таҳсили 2014-2015-ум 53 квота ҷудо гардидааст.

Дар нимсолаи аввал дар саҳнаи театрҳои касбии мамлакат 25 намоишномаи нав гузошта шудааст.

Дар мавриди ҷараёни баргузории Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ «Андалеб-2014» зикр шуд, ки дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даври аввали ин озмун анҷом ёфт ва даври дуюми он моҳи август бо иштироки ғолибони даври аввал -шаҳру ноҳияҳои Файзобод, Қӯрғонтеппа, Рашт, Хуҷанд, Фархор, Роштқалъа Сино, Кӯлоб, Ҳисор, Қумсангир, Шуғнон, Зафаробод, Тоҷикобод ва Ваҳдат дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев баргузор мешавад.

Х.АБДУВАҲҲОБ, «Садои мардум»

Дар муддати кӯтоҳ корҳои зиёде анҷом ёфтааст

Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Ҳасанзода Ҳомид Усмон дар оғози нишасти матбуотӣ аз он ёдовар шуд, ки Агентии мазкур мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013 таҳти №12 «Дар бораи такмили сохтори мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», бинобар барҳам додани Вазорати мелиоратсия ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис гардидааст. Баъди омода ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 27 феврали соли 2014 ҳамаи бастҳои кории  Агентӣ  ба фаъолият шурӯъ карданд. Амалӣ намудани пешбурди сиёсати ягонаи давлатӣ ва танзими меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи беҳдошти замин, заминҳои обёришаванда, азхудкунии заминҳои нав, беҳтар намудани  ҳолати мелиоративии заминҳо, иҷрои корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, таъмин, истифода ва ҳифзи об аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти кормандони Агентӣ маҳсуб меёбанд. Сипас, номбурда роҷеъ ба корҳои анҷомёфта маълумот дод. Зикр гардид, ки алҳол 280,8 ҳазор гектар заминҳои  корами обӣ тавассути 384 адад пойгоҳҳои обкашӣ ва 531 адад чоҳҳои амудӣ обёрӣ карда мешаванд.

Ҷиҳати иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 октябри соли 2009 №612 «Дар бораи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2014»  дар шаш моҳи соли ҷорӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба маблағи 4041,0 ҳазор сомонӣ корҳои мелиоративӣ ба анҷом расонида шуда, дар масоҳати 4997 гектар ҳолати заминҳо беҳтар гардид.

Алҳол ду лоиҳаи инвеститсионӣ — «Обёрии заминҳои водии Данғара дар масоҳати 1750 гектар (марҳилаҳои 2 ва 3)» ва «Таъминоти шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва захираҳои обӣ (марҳилаи 2)» бо маблағи умумии 612,1 млн.сомонӣ татбиқ шуда истодаанд.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»

Таъсиси «Бонки таълимӣ» дар донишкада

Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашурбой Солиев дар нишасти матбуотӣ зикр намуд, ки дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 ҳазору 500 довталаб ихтисосҳои марбут ба донишкадаро интихоб кардаанд. Мутобиқи ин нишондиҳанда донишкада миёни 30 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ҷойи ҳафтумро ишғол кардааст.

Ректори донишкада изҳор дошт, ки дар соли таҳсили 2013-2014-ум 1206 нафар донишҷӯ донишкадаро хатм намуданд, ки  815 нафараш аз шуъбаи рӯзона, 391 нафар аз шуъбаи ғоибона ва 143 нафар тариқи буҷетӣ буданд. Илова бар ин, 42 нафари донишҷӯён соҳиби дипломи аъло гардиданд, ки нисбат ба соли таҳсили гузашта 82 фоиз зиёд аст. Давоми таҳсил 257 донишҷӯ хориҷ карда шуданд, ки аз он 159 нафар аз шуъбаи рӯзона ва 98 нафар аз  шуъбаи ғоибона буданд. Хатмкунандагони донишкада, ки тариқи буҷетӣ таҳсил намуданд, тибқи  тақсимот ба муассисаҳои гуногуни зерсохтори Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бонкҳои ҷумҳурӣ фиристонида шуданд.

То имрӯз 70 фоизи донишҷӯёне, ки гурӯҳҳои буҷетӣ ва тибқи квотаи президентӣ донишкадаро хатм намуданд, бо ҷойи кор таъминанд.

Донишкада тасмим гирифтааст, ки дар ҳамкорӣ бо яке аз бонкҳои тиҷоратии ҷумҳурӣ дар дохили бинои Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон «Бонки таълимӣ»-ро таъсис диҳад. Тавассути он донишҷӯён метавонанд бо иҷрои як қатор амалиётҳо, аз ҷумла қабул ва интиқоли маблағҳо  таҷриба пайдо намоянд. Ифтитоҳи расмии «Бонки таълимӣ» дар назди донишкада моҳи сентябри соли равон сурат мегирад.

Дар нишаст зикр шуд, ки имрӯз дар шуъбаи рӯзонаи донишкада 12 нафар ятимони кулл ва 6 нафар маъюбони дараҷаҳои 1 ва 2 таҳсил менамоянд, ки бо қарори Шӯрои олимони донишкада пурра аз пардохти маблағи таҳсил озод буда, қисмашон ройгон бо хобгоҳ таъминанд.

 Хайрулло ШАРИПОВ, «Садои мардум»

Савияи дониш беҳтар мегардад

Ректори Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав, номзади илмҳои физика — математика, дотсент Шодиён Муҳаммади Султон зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки ҷиҳати  бештару хубтар маълумот додан ба довталабон оид ба тарзи қабули имтиҳони тестӣ дар донишгоҳ гурӯҳҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ ташкил карда шуд. Онҳо ба шаҳру ноҳияҳои гуногун сафар намуда, байни хатмкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ бурданд. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар байни муассисаҳои таҳсилоти олии  касбии ҷумҳурӣ аз рӯйи натиҷаи ҷалби довталабон Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав баъди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино  дар ҷойи сеюм қарор дорад.

Дар  донишгоҳ аз соли 2005 инҷониб Маркази имтиҳонгирии компютерӣ фаъолият дорад, ки бо 330 адад компютер муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Маҳз тавассути ҳамин марказ то таъсисёбии Маркази миллии тестӣ имтиҳонҳои қабул ва кулли санҷишу имтиҳоноти даврӣ  таври тестӣ сурат мегирифтанд. Ҳамчунин дар ин марказ ду синфхона барои китобхонаи электронӣ ва истифода аз шабакаи Интернет ҷудо гардидааст.

Натиҷаи заҳмати пайвастаи ҳайати профессорону омӯзгорон, ректору ноибонаш, шуъбаи таълим, кафедраҳо ва деканҳои ҳамаи даҳ факултет  аст, ки сол то сол савияи дониши хатмкунандагон беҳтару хубтар мегардад.

Дар муддати 35 сол дар донишгоҳ беш аз 22 ҳазор мутахассисони баландихтисос, аз он ҷумла 12 нафар докторон ва 92 нафар номзадҳои илм тайёр карда шудаанд. Зиёда аз 3210 номгӯй адабиёти таълимӣ, методӣ, тавсияномаҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ — техникиро олимони донишгоҳ ба чоп расонидаанд. Моҳияти илмии тадқиқотҳои бунёдӣ ва амалӣ бо зиёда аз даҳ шаҳодатномаи муаллифӣ ва патентҳо тасдиқ шудаанд. Имрӯзҳо дар бинои асосии донишгоҳ корҳои таъмирӣ бомаром ва бо сифати баланд идома доранд. Ректори донишгоҳ ҳамчунин  иттилоъ дод, ки  онҳо имкон доранд, дар донишгоҳ қабули донишҷӯёни хориҷиро низ барои таҳсил ба роҳ монанд.

Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»

Барномаи фондҳои ҷамоавӣ дар Хатлон амалӣ мегардад

Бунёди миллии иҷтимоии маблағгузории Тоҷикистон (БМИМТ) доир ба фаъолияти худ дар шаш моҳи аввали соли 2014 нишасти матбуотӣ доир намуд.

Директори иҷроияи БМИМТ Саидаҳмад Мирзоев иброз дошт, ки дар доираи ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Федеративии Германия аз моҳи сентябри соли 2009 то 31 майи соли 2014 марҳилаи дуюми барномаи «Фондҳои ҷамоавӣ барои мусоидати рушди маълумоти асосӣ ва барқарорсозии инфраструктураи коммуналӣ» амалӣ гардид.

Барнома бо мақсади беҳтар намудани шароити таълим дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи умумӣ равона шудааст.

Марҳилаи дуюми барнома 20 ноҳияро дар вилояти Хатлон дар бар гирифт, ки ба  ҷои мактабҳои дар вагон, хонаҳои шахсию биноҳои маъмурӣ ва ҷамъиятию дар ҳолати садамавӣ қарордошта мактабҳои нави замонавӣ сохта шуданд.

То 1 июли соли 2014 аз 39 бинои таълимие, ки ба истифода дода шудааст, 31 адади он аз қабули ниҳоӣ гузаштанд. Ҳашт лоиҳаи дигар дар муҳлати замонати кафолати сифат қарор дорад. Дар баробари бунёди биноҳои таълимӣ, дар ду мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияҳои Ёвон ва Ҷиликӯл бо истифода аз гармии замин ва неруи офтоб ва дар се мактаби ноҳияҳои Қубодиён, Хуросон, Фархор танҳо бо истифода аз неруи офтоб системаи гармидиҳӣ барои синфхонаҳо мавриди истифода аст,-иброз дошт С. Мирзоев.

Х.ШАРИПОВ,  «Садои мардум»

Фаъолияти Агентӣ назаррас аст

 Зимни ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи соли ҷорӣ директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Исматов гуфт, ки давоми нимсолаи аввали соли 2014-ум 1063 гектар ҷангалзорҳо бунёд гардида, 529 гектар ҷангалзорҳои куҳна барқарор шуданд, ки мутаносибан 112 ва 51 фоизи  нақшаро ташкил медиҳад.  Дар ниҳолхонаҳои хурди хоҷагиҳои ҷангал ва хоҷагиҳои ниҳолпарварии Агентӣ дар майдони 11 гектар кишти тухми дарахтон гузаронида шудааст, ки дар натиҷа  280 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун парвариш ёфта, ба ташкилоту корхонаҳо ва шаҳрвандон фурӯхта шудааст.

-Аз ҷониби кормандони Агентӣ 934 санадҳои қонунвайронкунии ҷангал тартиб дода шуд, ки маблағи умумии зарар 206,2 ҳазор сомониро ташкил дода, аз он 175,8 ҳазор сомонӣ рӯёнида шудааст.

Дар нишаст рӯзноманигорон ба ҳифзи ҷангал аз офатҳои табиӣ ва шикори ҳайвоноти нодир таваҷҷуҳ карданд. Масъулин иттилоъ доданд, ки дар нақша аст имсол панҷ ҳазор метри кубӣ ҳезум тайёр карда, ба муассисаҳои таълимӣ ва дигар идораҳо фурӯхта, аз ҳисоби маблағи он корҳои соҳилмустаҳкамкуниро ба хотири ҳифзи ҷангал аз офатҳои табиӣ ба роҳ монанд. Вобаста ба шикор ва туризми шикорӣ иттилоъ гирифтем, ки дар асоси квотаи ҷудошуда соли гузашта барои шикори 500 бузи пармашохи кӯҳӣ иҷозат дода шуд, ки аз ин ҳисоб ба буҷет қариб як миллион сомонӣ ворид шудааст.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»

Фаъолият беҳбудиро тақозо дорад

Дар нишасти матбуотии ҶСК «Тоҷик Эйр» зикр гардид, ки давоми шаш моҳи соли ҷорӣ 793 парвози ҷуфт амалӣ шудааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли 2013-ум 7,9 фоиз камтар аст. Аз хизматрасониҳои ширкат дар ин  давра 165 ҳазору 909 мусофирон истифода бурданд, ки ин нишондиҳанда назар ба ҳамин давраи соли 2013-ум 14 ҳазору 242 нафар камтар аст. Парвозҳо дар хатсайри Душанбе- Истамбул- Душанбе қатъ гардида, хатсайри Хуҷанд- Москва, ки ҳар ҳафта аз рӯйи нақша ҳафт маротиба парвоз пешбинӣ шуда буд, чор маротиба коҳиш дода шудааст. Ин омил дар навбати худ боиси  коҳиши ҳаҷми интиқоли мусофирон ва даромаднокии ҶСК «Тоҷик Эйр» гардидааст.

Дар хатсайрҳои дохилӣ парвозҳо аз Душанбе ба Хуҷанд низ қатъ гардиданд ва ин омил ба ҳаҷми даромади ҷамъият таъсири манфӣ расонид.

ҶСК «Тоҷик Эйр» дар шашмоҳаи аввали соли 2014  интиқоли мусофирон ва борро тавассути панҷ ҳавопаймойи замонавӣ- ду «Боинги 757-200», ду «Боинги 737- 400», як «Боинги 737-300», се ҳавопаймойи шӯравӣ -як адад АН -26, ду Ан- 28 ва се чархболи Ми- 8 анҷом дод. Парвозҳо аз фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд ба самтҳои Москва, Санкт- Петербург, Новосибирск ва Сургут иҷро шуда, парвозҳо дар хатсайри Хуҷанд- Самара ва Хуҷанд –Иркутск роҳандозӣ шуданд.

Роҳбарият ва масъулини ҶСК «Тоҷик Эйр» дар нимсолаи  дуюми соли 2014 тасмим гирифтанд, ки парвози хатсайрҳои Душанбе- Гуанчжоу- Душанбе, Душанбе- Пекин- Душанбе ва Душанбе- Ҷидда- Душанберо ба роҳ монанд. Барои иҷрои саривақтии барномаи давлатии «Ҳаҷ -2014» ҶСК «Тоҷик Эйр» тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷадвали парвозҳоро тасдиқ намудааст ва шурӯъ аз 14 сентябри соли равон интиқоли зоиринро ба шаҳри Мадинаи Арабистони Саудӣ оғоз менамояд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»