Даҳсолаи байналмилалии амал «Об - барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»

Ба қадри обҳои ҷорӣ мебояд расид имрӯз…

№119 (3913) 02.10.2018

222 — юми марти соли равон Иҷлосияи 72-юми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид аз рӯи ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати оғози «Даҳсолаи байналмилалии  амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» қатънома қабул кард.

Ин чорумин ташаббуси  Роҳбари давлати Тоҷикистон аст, ки аз тарафи  СММ дастгирӣ меёбад. Бо ибтикори Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби СММ қаблан ташаббусҳои — «Соли байналмилалии оби тоза» (2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об — барои ҳаёт» солҳои 2005-2015, «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (2013) пазируфта шуда буданд ва ба ин хотир на танҳо дар кишвар ва минтақаи Осиёи Марказӣ, балки дар арсаи байналмилалӣ чорабиниҳои зиёд амалӣ гардиданд.

Воқеан,  дар сайёра талабот ба об мунтазам меафзояд, вале захираҳои оби тоза кам мешаванд, ки боиси мушкилиҳо дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ мегардад. Ҳама гуна сарвати дигар, аз ҷумла, нафту газ, аксар намуди хӯрокворӣ, зироатро метавон бо чизи дигар иваз кард, вале об ивазнашаванда аст. Об муҳимтарин омили ҳастии инсоният эътироф шудааст, аз ин рӯ ниёгон «Об ҳаст, ҳаёт ҳаст», — гуфтаанд.

Ноҳияи Тоҷикобод аз об бой аст, рӯдхонаву чашмасорони он на танҳо эҳтиёҷоти мардумро бо оби нӯшокӣ ва обёрии зироату боғот бароварда месозанд, балки дарёҳои Сурхобу Вахшро низ сероб мегардонанд. Вақте ки кас вориди ноҳия мегардад, диққати ӯро кӯҳҳои сарбафалаккашидаи барфпӯш ҷалб менамоянд. Кӯҳҳои яхпӯш яке аз манбаъҳои асосии об аст, ки асрҳо аз онҳо об ҷорӣ шуда, коми ташнагонро тар кардаву заминҳои ташналабро шодоб мегардонанд.

Дар болои сари шаҳраки Тоҷикобод Лозаркӯҳ мавқеъ гирифтааст, ки бо шукӯҳу шаҳомат ба ҳусни диёр ҳусни тоза зам мекунад ва баробари гарм шудани ҳаво аз синаи ин кӯҳи яхин оби фаровон ҷорӣ мегардад.

Ҷиҳати дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои созандаи Пешвои миллат бо қарори раиси ноҳияи Тоҷикобод нақшаи баргузории як қатор чорабиниҳои илмӣ — маърифатӣ ва тарғиботӣ таҳия гардидааст, ки фарогири ҳама паҳлуи масъала буда, марҳила ба марҳила онҳо амалӣ гашта истодаанд. Гурӯҳҳои корӣ, ки аз шумори шахсони донишманд ва масъулиятшинос интихоб шудаанд, пайваста бо сокинони ноҳия вохӯрӣ гузаронида, корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.  Барои кашидани хатти оби нӯшокӣ лоиҳаҳо тарҳрезӣ ва ба таваҷҷуҳи соҳибкорони маҳаллӣ расонида шудааст.

Вобаста ба таъминоти беҳтари аҳолии ноҳия бо оби ошомиданӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Тоҷикобод 26 сентябри соли 2016 таъкид карда буданд, ки: «То ҳанӯз сокинони баъзе маҳалҳо аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд, ки ҳалли ин масъала вазифаи аввалиндараҷаи роҳбарони ноҳия ва дигар сохтору мақомоти дахлдор мебошад».

Аз ин ҷост, ки раиси ноҳия Нодираи Маҳмадисо ният дорад, чанд ташаббуси некро амалӣ намояд. Ӯ ҷавон бошад ҳам, аллакай бо ҷӯяндагӣ, созандагиву кордонӣ дар байни сокинон обрӯ ва эътибор пайдо кардааст.

Дар ноҳия заминҳои ҳосилхез зиёданд ва маҳз рушди соҳаи кишоварзӣ метавонад барои аҳолии он зиндагии шоистаро таъмин кунад, аммо, бо сабаби набудани оби полезӣ мардум аз кишти картошка, бунёди боғ ва дигар корҳои манфиат­овар даст мекашанд.

Дар чанд деҳа ва ҳатто маркази ноҳия таъмини  нокифояи сокинон ба оби нӯшокӣ мушоҳида мешавад. Чашмаҳои аз кӯҳ фароварда, ки сероб нестанд, тавони таъминоти аҳолиро надоранд. Оби мавҷудбуда низ сарфакорона истифода намешавад. Дар ҳавлии баъзе аз сокинон якзайл об мерезаду дар гӯшаи дигар қисмате ба об зоранд.  Равшан аст, ки имрӯз КДФ «Манзилӣ-коммуналӣ» аз уҳдаи вазифа — танзими оби нӯшокӣ намебарояд. Баъзеҳо, бо вуҷуди нокифоя будани об, пинҳонӣ ё ошкоро нуқтаи нав мекушоянд. Аз ҳисобӣ намудани ҳаққи истифодаи об сухан мегӯянд, вале дар доираи салоҳияти дошта, ақаллан бо кумаки мақомоти танобкаш нисбат ба чунин афрод чораи таъсирбахш намеандешанд. Ҳар гоҳ ки чунин вазъиятро мушоҳида менамоем,  ҳадиси «Муъмин бародари муъмин» ба ёд меояд. Мо ба онҳое, ки нисбат ба дигарон чунин бепарвоӣ мекунанд, менигарему дар дил мегӯем: «оҳ аз ин мусалмонӣ…»

Обро хуни зироат мегӯянд. Дар вақташ, ки кишт об нагирифт, боғу дарахт беоб монд, ҳосил намешавад. Вақти он расидааст, ки бо дарки муҳимияти масъала аз зиёӣ то фақеҳи дин барои дар ниҳоди мардум парваридани риояи ҳаққи оби ҳамсоя, роҳ надодан ба исрофи беҳудаи он, ба тариқи ҳашарҳои дастаҷамъона таъмиру таҷдид намудани ҷӯйбору каналҳо, эҳтироми мардуми деҳоти поёноб ҳиссагузор бошанд.

Ташаббуси мардуми деҳаи Зафаробод соли 2014 ҳамаро ба ваҷд овард. Онҳо баъди якуним соли кори муттасил, новобаста ба сардиҳои фасли сармо ва боришоти бардавом (кор асосан дастӣ дар камари шахҳо, хоросангу ғорҳои касногузар бо ғайрату неруи тасвирнопазир ҷараён гирифт), аз чашмаи ширин ва гуворои мавзеи Себистон то саргаҳи деҳа, ки зиёда аз 14 километрро ташкил медиҳад, хатти оби нӯшокӣ кашида оварданд. Дар амалӣ гардидани ин лоиҳа боре нашунидем, ки нафаре аз коргарон лаб ба шикоят кушода бошад. Мардум бо дили гарм ва боварӣ кор карданд ва тавонистанд, ки ба орзуи чандсолаи сокинони деҳа ҷомаи амал пӯшонанд.

Ҳамин тавр, дар ҳавлии 280 нафар сокини деҳа ҷумаки об гузошта шуд ва аҳолӣ пурра бо оби нӯшокӣ таъмин гардид. Дар баробари ин, нуқтаҳои алоҳида дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №10, бинои маъмурии Ҷамоати деҳоти Мунаввар Шогадоев, Маркази ташхиси бемориҳои сил  насб шуд. Онҳо ҳатто канори шоҳроҳи Тоҷикобод-Лахш як нуқтаи оби тоза кушоданд, то мусофироне, ки аз роҳ мегузаранд, истифода баранд. Бояд ёдовар шуд, ки танҳо барои харидории лӯлаҳои обгузар ва иҷрои корҳои васлгарӣ зиёда аз 1,5 миллион сомонӣ харҷ гардидааст. Ин маблағ бо ҳиммати аҳолӣ, муҳоҷирони меҳнатӣ ва соҳибкорони деҳа ҷамъоварӣ шуд. Корҳои сохтусоз аз тариқи ҳашар ва хайрияи мардум сурат гирифтанд. Дар он рӯзҳо мардум ҳатто омода буданд, ки барои хубтар ва зудтар ба анҷом расонидани сохтмон боз маблағи зиёдтар ғундоранд ва дар ҳашар ширкат варзанд. Яъне, сарҷамъии мардум ва иродаи мустаҳками онҳо ин мушкилро осон кард.

Корномаи чанд сол пештар рӯйдодаро чаро ёдовар шудем? Ба он хотир, ки агар муташаккилӣ ва муттафиқии мардум бошад, дар олам кори намешуданӣ нест. Итминон дорем, ки мардуми сарбаланду шарифи ноҳияи Тоҷикобод корҳои хайрро минбаъд низ идома хоҳанд дод. Он рӯз дур нест,  ки ташаббуси Нодираи Маҳмадисо бо дастгирии сокинони ноҳия татбиқ мегардад ва оби хуштамъу гуворои «Оби Сафед» вориди хонаводаҳо мешавад.

Дар доираи Даҳсолаи об вақти он расидааст, ки захираҳои обии ноҳия, аз пиряхи Дидол то Сурхкӯл, се дарёчаи Шӯрак, чашмаҳои ҷоришаванда дақиқан мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор дода шаванд. Ҳар як шаҳрванд бояд дар бораи захираҳои обии ноҳия, имконияти дастрасӣ ба он, ҳиссаи рӯдхонаҳо дар серобшавии дарёи Сурхоб, иқтидори тавлиди неруи барқ дар онҳо огоҳӣ дошта бошад. Барои амалӣ гардидани ин амали хайр метавонанд мутахассисони идораҳои ноҳиявӣ, ба монанди бахши муҳити зист, ситоди ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандӣ, Маркази обу ҳавошиносӣ, КВД «Хоҷагии об», КДФ ««Манзилӣ — коммуналӣ» иқдом намоянд.

Баҳодур АБДУСАТТОРОВ, ноҳияи Тоҷикобод.

Диловари МИРЗО, «Садои мардум»