Ба қадри обҳои ҷорӣ мебояд расид имрӯз

№45 (3682) 27.04.2017

Инсоният ба масъалаҳои глобалии экологие рӯ ба рӯ гардидааст, ки дастаҷамъона, сари вақт пешгирӣ ва ҳал накардани онҳо оқибатҳои нохушро ба бор меорад.

Норасоии оби тоза барои як қисми аҳолии кураи замин аз ҷумлаи проблемаҳои муҳимтарин ба ҳисоб меравад. Дар робита ба ин, аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд иқдоми башардӯстона пеш гирифта шуд, ки на танҳо барои кишвар, балки олам манфиа­товар аст.

«Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст. Имрӯз кишвари мо барои дар ҳамкорӣ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ амалӣ намудани пешниҳоди Тоҷикистон дар бораи эълон намудани Даҳсолаи нави байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» ҷидду ҷаҳд менамояд», — гуфтанд зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Вобаста ба иқдомоти қаблии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар соҳаи об корҳои назаррас анҷом ёфтанд. Ҳаҷми умумии об дар сайёра ба 1,4 миллиард километри кубӣ баробар буда, 71 дарсади масоҳати заминро дар бар мегирад. Бояд дар назар дошт, ки оби шӯри уқёнусу баҳр ва кӯлҳо аз тарафи одамон кам истифода мешаванд. Захираҳои оби ширин нисбатан кам буда, асосан аз ҳисоби борону барф ва пиряххо ҷамъ мешавад. Аз ин рӯ, истифодаи оқилонаи он ниҳоят зарур аст.

Айни ҳол аз се як ҳиссаи аҳолии сайёра аз нарасидани оби ошомиданӣ танқисӣ мекашанд. Вобаста ба проблемаи мазкур дар бисёр давлатҳо, аз ҷумла Чину Амрико чораҳои зиёд меандешанд. Яке аз роҳҳои ҳалли ин масъала ширинсозии оби баҳр аст. Ин усул, ки раванди хеле мураккаб ва тӯлонӣ дорад, яке аз роҳҳои афзудани сарчашмаҳои оби нӯшокӣ дар олам ба ҳисоб меравад.

Давлати Чин соли 2015-ум 121 лоиҳаи ширинсозии оби баҳрро амалӣ намуд. Ченаки оби рӯзона аз ин ҳисоб тавлидшуда ба 100 миллиону 800 ҳазор тонна расидааст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки захираи об зиёд аст, 947 дарёи дарозиашон аз 10 то 3000 км мавҷуданд. Дар маҷмӯъ, аз дарёҳои Тоҷикистон дар як сол 60 миллиард метри кубӣ об ҷорӣ мешавад.

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ баъд аз Россия аз ҷиҳати захираи об ҷойи дуюмро ишғол менамояд.

То ин дам Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Консепсия оид ба оқилона истифодабарӣ ва муҳофизати захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», барномаҳои миллӣ «Оид ба гигиена ва муҳофизати муҳити атроф», «Оби тоза ва санитария»-ро қабул намудааст.

Аз ин хотир, зарур аст, ки ҳар чӣ бештар аҳамияти обро ба наврасону ҷавонон фаҳмонем. Онҳо бояд донанд, ки Худованд бароямон ин неъмати бебаҳоро арзонӣ додааст, вале он беохир нест. Яъне, лозим аст, ки ҳар як шаҳрванди кишвар баҳри истифодаи самараноки об ва захираҳои мавҷуда саъю талош намояд.

Марҳамадӣ ТУТИЗОДА,

номзади илмҳои техникӣ,

Таҳминаи МАРҲАМАДЗОДА,

Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон