Ба болоравии арзиши тухм кӣ ва ё чӣ боис мегардад?

№150 (3944) 18.12.2018

2373_f_483_yaica-kurinye-s-1-optomСоли равон номуътадилии нархи тухми мурғ ба миён омада, камбудиҳои ба сифати гӯшти паранда рабт­дошта боиси аз вазифа озод шудани Ибодулло Қурбониён — директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шералӣ Вазиров — сардори Хадамоти назорати давлатии байтории Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Холмуҳаммад Каримзода — сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид.

Аммо ба болоравии арзиши тухм, дар навбати аввал, паҳн шудани овоза дар бораи он ки гӯё «Тоҷикстандарт» воридшавии онро аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон манъ намудааст, боис гардид. Ва нархи 30 донаи онро, ки бо шарофати тоҷирони ӯзбекистонӣ то ба 15-16 сомонӣ коҳиш ёфт, аз нав то ба 30 сомонӣ боло бурд. Иддае ба он назаранд, ки арзон шудани тухм корхонаҳои монополист дар бозори тухми кишварро ба ташвиш овард ва ба амалишавии иқдом бобати манъи воридоти он низ онҳо ҳавасманданд.

Директори Агентии  «Тоҷикстандарт» Қудрат Давлатзода дар суҳбат ин андешаро беасос арзёбӣ карда, минҷумла гуфт, ки «Тоҷикстандарт» ваколати манъи воридоти ин ё он молу маҳсулотро надорад. Сониян,  танҳо барои сифату бехатарии молу маҳсулоти воридотӣ ва истеҳсоли дохилӣ хулоса медиҳад ва барои манъи ворид гардидани тухм аз хориҷа ягон хулоса ҳам пешниҳод нагардидааст.

Фарҳод Камолзода — раиси Кумитаи бехатарии ғизоии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» моҳи июли соли ҷорӣ  зимни нишас­ти матбуотӣ дар посухи суоли ба ин масъала рабтдошта иброз намуд, ки  тухми мурғи истеҳсоли Ӯзбекистон ба талаботи сифат ҷавобгӯ мебошад. Ба гуфтаи ӯ, агар дар нимсолаи аввали соли гузашта аз Русия, Қазоқистон ва Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 4 ҳазору 356 тонна тухми мурғ ворид шуда бошад, пас дар шаш моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон аз кишварҳои дигари хориҷӣ танҳо як ҳазору 363 тонна тухми мурғ ворид гардид.

- Ин рақам ҳудуди ду ҳазор тонна камтар аз омори соли гузашта мебошад. Сабаби асосӣ афзоиши тавлидоти корхонаҳои мурғпарварии кишвар аст, ки тавонистанд миқдори зарурии тухм ва гӯшти мурғро бо нархҳои дастрас ба бозор пешниҳод кунанд, — шарҳ дод Фарҳод Камолзода.

Пештар, замони мавҷуд набудани имтиёзҳои андозӣ ва гумрукӣ масъулин иддао мекарданд, ки дар сурати мавҷуд будани дастгирии давлатӣ қодиранд аҳолии кишварро бо гӯшт ва тухми мурғ таъмин намоянд. Инро ба инобат гирифта, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои андоз ва гумруки мамлакат иқдом намуду мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар онҳоро қабул кард ва корхонаҳои парандапарварӣ аз супоридани андоз аз фоида, аз арзиши иловашуда, аз роҳҳои автомобилгард, андози ғайриманқул озод шуданд. Илова бар ин, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ минбаъд барои воридоти таҷҳизот ва маҳсулот барои рушди соҳа боҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши иловашударо намесупоранд.

Дар суҳбат бо директори генералии КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» Машокир  Назаров маълум гардид, ки айни замон дар мамлакат 92 корхонаи ин бахш фаъол буда, дар онҳо 2876350 сар паранда парвариш мешавад. Истеҳсоли тухм дар нуҳ моҳи соли ҷорӣ 171,1 миллион донаро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта хеле зиёд аст.

Инчунин, дар қарори Ҳукумати ҷумҳурӣ аз 27 марти соли 1997 ҷудосозии 5100 гектар замини обӣ барои муассисаҳои парандапарварӣ ҷиҳати дастёбӣ ба худкифоӣ пешбинӣ шуда буд, вале дар асл 2510 гектар, аз ҷумла 1727 гектар замини обӣ ва 783 гектар замини лалмӣ ҷудо шудааст, ки 50 дарсад­ро ташкил медиҳад.

Ашхоси огоҳ медонанд, ки дар даврони шӯравӣ корхонаи давлатии зотпарварӣ дар ноҳияи Файзобод ва хоҷагиҳои зотпарварӣ дар минтақаҳои ҷумҳурӣ фаъолият доштанд. Солҳост, ки онҳо кор намекунанд. Биноан, парандапарварон аз хориҷи кишвар чӯҷаҳои хушзот ворид мекунанд. Аммо он чӯҷаҳо мутобиқи иқлими ҷумҳурӣ нестанд ва ҳамроҳи худ касалӣ меоваранд. Ба андешаи Машокир Назаров, эҳёи корхонаҳои зотпарварии номбурда тақозои айём аст. Махсусан таъсиси корхонаи зотпарварии мурғони сертухм. Номбурда муътақид аст, ки  рушди соҳаи парандапарварӣ дар навбати аввал аз зот, хӯроки омехта ва технология вобастагӣ дорад.

Эътироф бояд кард, ки дар ин се самт мо вобастаи кишварҳои хориҷӣ ҳастем. Ҳол он ки метавонем корхонаҳои зотпарварӣ ва тавлиди хӯроки омехтаро барқарор созем, аҳолии ҷумҳуриро аввал бо тухм ва баъд бо гӯшти паранда таъмин кунем, бозори дохилиро соҳиб шавем ва аз вобастагии хориҷӣ раҳо ёбем.

Мутахассисон барои як нафар истеъмоли 165 дона тухм дар як солро меъёр арзёбӣ мекунанд. Барои расидан ба он дар кишвар бояд соле беш аз 1 миллиард дона тухм ба даст орем. Аз таҳлилҳои сарвари Ассотсиатсияи парандапарварони «Евроазия» Сергей Шабаев маълум мешавад, ки айни замон ба ҳар нафар дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоби миёна дар як сол то 40 дона тухми мурғ рост меояд.

- Соҳаи парандапарварӣ саноатист ва саноат бе илм ба варшикастагӣ дучор мегардад. Мо бо кормандони илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҳамкории зич дорем. Бо дархости корхона олимон дар масъалаи муайян намудани зоти мурғони тухмдеҳ, ки мутобиқ ба иқлими ҷумҳурӣ бошанд, таҳқиқи илмӣ анҷом медиҳанд. Онҳо бори аввал ба хӯроки парандаҳо иловаҳои маҳаллие мисли оҳаксанг ва гилбута (бентонид)-ро пешниҳод карданд. Аз олимон дархост шудааст, ки барои парандапарварон ба забони давлатӣ дастуру тавсияҳо нависанд ва барои гузаронидани семинару конфронсҳои соҳавӣ мусоидат намоянд, — афзуд Машокир Назаров.

Иттилоъ гирифтам, ки айни замон миёни корхонаҳои соҳа кооперативи истеҳсолии «Раҳмонҷон»-и ноҳияи Данғара фаъолияти арзандаи ситоиш дорад. Ин дар ҳолест, ки корхонаҳои дар замони шӯравӣ маъруфи навоҳии Файзобод, Рӯдакӣ, Шаҳринав ва Ваҳдат бинобар бемасъулиятии соҳибмулкон ба вартаи нобудӣ афтодаанд. Барои мисол, дар гузашта Фабрикаи парандапарварии ноҳияи Рӯдакӣ яке аз калонтарин корхонаҳои парандапарварӣ дар Осиёи Марказӣ ба шумор рафта, мутаассифона, солҳои охир қисмати аъзами ҳудудҳои маъмурӣ ва заминҳои кишти он фурӯхта шуд. Ҳоло дар ин корхона  панҷ ҳазор сар паранда парвариш мешавад. Ҳол он ки замони шӯравӣ зиёда аз ду миллион сар паранда парвариш мешуд.

Аксари ҳамсуҳбатонам эътироф карданд, ки чанд сол пештар нархи  тухм ва гӯшти паранда аз ҶДММ «Мурғи ҳилол» -и ноҳияи Файзобод дар ҷумҳурӣ вобастагӣ дошт. Ин корхона соли 2004 хусусӣ гардонида шуда, аз соли 2008 баъди таъмиру таҷдид ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидан ба фаъолият оғоз намудааст. Аз далелу арқоми дастрасшуда бармеояд, ки барои эҳёи корхона соҳибмулк беш аз 92 миллион сомонӣ харҷ карда, миёни муассисаҳои соҳа беҳтарин маҳсуб мешавад. Мутаассифона, ҳоло корхона низ фаъолияти густурда надорад. Тибқи маълумоти аз КВД «Саноати парандапарварии Тоҷикистон» дастрасшуда, айни замон саршумори паранда дар ин корхона 250625-то буда, соли ҷорӣ зиёда 12420000 дона тухм истеҳсол кардааст. Новобаста аз мушкилоти мавҷуда азми роҳбарияти «Мурғи ҳилол» баҳри тавсеаи фаъолият қавӣ ва нияташон нек аст.

Лозим ба ёдоварист, ки давоми фаъолият дар ин корхона зиёда аз 621 миллион дона тухм истеҳсол шуда, 2156,6 тонна гӯшти парҳезӣ фурӯхта шудааст. Аз соли 2011 аз тарафи корхона барои таъмин намудани аҳолӣ бо гӯшт ва тухм зиёда аз 1 миллион сар паранда ба фурӯш бароварда, ҳар сари он нисбат ба нархи бозор 3-4 маротиба арзон фурӯхта шуд.

Дар корхонаи парандапарварии «Чептура» (ҳоло ҶСП «Парандапарварии Шаҳринав»)-и ноҳияи Шаҳринав, ки соли 1958 ташкил шуда, беш аз 1,5 миллион сар паранда парвариш карда мешуд, кор беҳбудии ҷиддиро тақозо дорад. Далелҳо аз он ҳокианд, ки солҳои 80-90-уми асри гузашта, ҳар рӯз дар ин корхона зиёда аз як миллион дона тухм истеҳсол мегардид. Агар солҳои 80-90-уми асри гузашта дар он зиёда аз 1200 нафар фаъолият дошта бошанд, ҳоло 17 коргар дораду халос.

Яке аз омилҳои асосии пастравии нишондиҳандаҳои соҳа нисбатан баланд будани нархи хӯроки омехта мебошад. Бино ба гуфти Машокир  Назаров, ҳоло дар мамлакат 62 корхонаи хӯрди истеҳсоли ин намуди хӯрок барои мурғон фаъолият доранд. Табиист, ки самараи фаъолияти онҳо барои пешбурди соҳа нокифоя буда, дар нуҳ моҳи соли равон ба кишвар ворид намудани 29301 тонна хӯроки омехта шаҳодати гуфтаи болост. Лозим ба ёдоварист, ки барои истеҳсоли хӯроки омехтаи сафедадор аз 4 то 8 намуди ғалла ва лӯбиёгӣ таҳия мешаваду ба он орди моҳӣ, устухон, хун ва гӯшт, примексҳо, витаминҳо, аминокислотаҳо, ферментҳо, макрову микроунсурҳо ва дигар моддаҳои биологӣ бояд илова карда шавад.

Бештари хӯроки омехта аз Россия, Қазоқистон, Эрон ва Аргентина ворид мешавад ва парандапарварон барои харидории он маблағи зиёд харҷ мекунанд. Дар даврони шӯравӣ корхонаҳои парандапарварии ҷумҳурӣ бо хӯроки омехтаи худӣ таъмин буданд. Барои мисол, корхонаҳои орди шаҳри Ваҳдат, ноҳияҳои Ҷалолиддини Румӣ ва Спитамен, ки кунун аз фаъолият бозмондаанд, ба тавлиди хӯроки омехта машғул буданд. Омили нигаронкунанда он аст, ки барқарорсозии ин муассисаҳо дар «Барномаи рушди парандапарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015» таъкид шуда буд. Аммо соҳибмулкон ба ин масъала саҳлангорӣ карданду ин банди барнома иҷро нагардид.

Хулоса ин аст, ки барои рушди соҳа шароит муҳайё буда, масъулинро мебояд аз он самаранок истифода намоянд. Вагарна, кам шудани тухми истеҳсоли худӣ аз эҳтимол дур нест.

Далер Мерганов, «Садои мардум»