Ба буҷет беш аз 1,5 миллиард сомонӣ ворид гардид

№130 (3924) 27.10.2018

Чанде пеш таҳти раёсати раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 9 моҳи соли равон ҷаласа баргузор гардид.

Муовини якуми раиси вилоят Рустам Раҳматзода доир ба нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии вилоят дар 9 моҳи соли 2018 маърӯза намуд.

Қайд гардид, ки дар ин муддат ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти минтақавии вилоят 12 миллиарду 766,2 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба соли гузашта 7 фоиз зиёд ва ҳиссаи он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 26,9 фоиз мебошад.

Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ин давра ба 8,1 миллиард сомонӣ расид, яъне, дар муқоиса ба ҳамин давраи як соли пеш суръати афзоиш бо нархҳои амалкунанда ба 113,9 фоиз ва бо дарназардошти индекси нархҳо ба 109,9 фоиз баробар шудааст. Дар натиҷаи таъмини рушди соҳаҳои хоҷагии халқ нақшаи даромади Буҷети давлатӣ (бе дарназардошти андози иҷтимоӣ) ба андозаи 104 фоиз иҷро ва ба буҷет 1 млрд. 541,3 млн. сомонӣ ворид гардид, ки нисбат ба дурнамо 59,3 миллион сомонӣ зиёд аст.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода вазъи иқтисодиву иҷтимоиро дар давраи ҳисоботӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, нисбат ба фаъолияти сусти роҳбарони баъзе сохторҳо эроди ҷиддӣ гирифт. Вай масъулонро вазифадор кард, ки вусъати корҳои созандагию ободониро таъмин намоянд.

Мавриди зикр аст, ки дар вилоят корҳои созандагӣ бахшида ба 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар ин доира бунёди беш аз 6 ҳазор иншоот ба нақша гирифта шудааст, вусъати тоза пайдо кардаанд.

М. Мақсудов, «Садои мардум»