Баррасии мониторинги фазои сармоягузорӣ

№139 (3933) 17.11.2018

Чордаҳуми ноябри соли равон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Масъалаҳои ташкили мониторинги фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» суҳбати гирди миз доир гардид.

Муовини директори марказ Фарида Муминова изҳор дошт, ки дар «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» чор ҳадаф муайян шудааст. Дар доираи онҳо таъмин намудани рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ то 7-8 дарсад мебошад. Ин дар ҳолест, ки иқтисоди ҷаҳон дар сатҳи ду дарсад зиёд шуда истодааст. Табиист, ки барои расидан ба ин ҳадаф нақши соҳибкорон ва сармоягузорон хеле муҳим аст.

Зикр шуд, ки мақсади ҷамъомади мазкур баррасии стратегияву барномаҳои қабулшуда дар самти фаъолияти соҳибкорӣ ва фароҳам намудани шароити мусоид барои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Дар чорабинӣ намояндагони вазорату идораҳои марбутаи марказу пажӯҳишгоҳҳои илмию тадқиқотӣ, коршиносон иштирок доштанд. Роҷеъ ба мавзӯъ мушовири иқтисодии Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ Абдурауф Ҷӯраев, сармутахассиси Раёсати таҳияи барномаҳои давлатии сармоягузорӣ ва маблағгузории мутамаркази Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Соҳиб Зиёев, сардори Идораи омор ва тавозуни пардохтҳои Бонки миллии Тоҷикистон Бахтиёр Баҳриддинов ва сардори Идораи стратегия ва идоракунии хавфҳои бонкии БДА ҶТ «Амонатбонк» Абдураҳим Наҷмиддинзода дар мавзӯи «Ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Мониторинги барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016-2020», «Таҳлили нишондиҳандаҳои тавозуни пардохт, мавқеи байналмилалии сармоягузорӣ ва маҷмӯи қарзи берунии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Саҳми БДА ҶТ «Амонатбонк» дар ташаккули фазои сармоягузорӣ» маърӯза намуданд.

 Шариф АТОБУЛЛОЕВ, «Садои мардум»