Бо айби кӣ доллари ИМА камчин аст?

№99 (4049) 17.08.2019

Назарҳо оид ба камчин шудани доллари ИМА дар мамлакат, ки боиси нигаронии шаҳрвандон гаштааст, яксон нест.

коллажМутаассифона, доир ба ин масъала аксарият бидуни далел ва дар такя ба андешаҳои бепоя ибрози назар менамоянд. Қисмати зиёди шаҳрвандон чунин мепиндоранд, ки муҷрими ягонаву асосӣ Бонки миллӣ аст. Аммо далелҳо собит месозанд, ки ин «хулоса» комилан ғалат ва маҳсули тахайюли ашхоси аз нозукиҳои бахши иқтисод бехабар мебошад. Қабл аз ҳама, бояд гуфт, ки сабаби асосии норасоии асъор дар бозори дохилӣ фарқ байни воридоту содироти мол ва хизматрасониҳои байналмилалӣ мебошад, ки соли гузашта тақрибан се баробарро ташкил дод. Табиист, ки дар ин ҳолат асъори хориҷӣ барои пардохти фарқ равона мегардад ва камчинии асъори хориҷӣ (доллари ИМА) дар бозори дохилӣ ба вуҷуд меояд.

Дар робита ба ин масъала, зимни нишасти матбуотӣ вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода омори ҷолиберо пешниҳод кард. Бино ба гуфти ӯ, дар шаш моҳи соли равон гардиши савдои хориҷӣ ба 2136,9 млн. доллари ИМА баробар гардидааст, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли гузашта 77,9 млн. доллари ИМА ё 3,8 фоиз зиёд мебошад. Аз ҷумҳурӣ ба маблағи 570,6 млн. доллари амрикоӣ молу маҳсулот содирот шудааст, ки ҳиссаи он дар гардиши савдои хориҷӣ 26,7 фоиз аст. Боиси нигаронӣ аст, ки дар ин давра ба ҷумҳурӣ ба маблағи 1 566,3 млн. доллари амрикоӣ молу маҳсулот ворид шудааст ва ҳиссаи воридот дар гардиши савдои хориҷӣ 73,3 фоизро ташкил медиҳад.

Маълум аст, ки воридоти асъори хориҷӣ ба кишвар асосан тавассути фурӯши пахта ва алюминийи аввалия сурат мегирад. Тибқи маълумоти Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018 ба ­маблағи 165,3 млн. доллари ИМА пахта содирот шудааст, ки аз фурӯши он 148,9 млн. доллари ИМА ба бонкҳои кишвар ворид гардидаст. Оид ба алюминийи аввалия, ки маблағи содироти он 199,3 млн.доллари ИМА-ро ташкил менамояд, бояд қайд намуд, ки маблағҳои аз фурӯши маҳсулоти номбурда бадастомада ба резидентҳои Тоҷикистон тааллуқ надоранд. Танҳо маблағ барои хизматрасонӣ (коркарди он) ба Тоҷикистон аз ҷониби ғайрирезидент (соҳиби гилхок) пардохт мегардад, ки соли 2018 маблағи 36,8 млн. доллари ИМА-ро ташкил намуд.

Ба ғайр аз алюминий ва пахта, аз кишвар ба хориҷи кишвар нахи пахта, неруи барқ, газвор, сангу фулузоти қиматбаҳо, маҳсулоти маъданӣ ва ғайра содир мешавад, ки ҳиссаи онҳо дар воридоти асъори хориҷӣ зиёд нест.

Эътироф бояд кард, ки аксарият дар мавриди шарҳи сабабҳои камчин шудани доллари ИМА ба фолбинӣ машғуланд ва сабабҳои аслӣ — таъсири омили мавсимӣ, зиёдшавии бақияи манфии тавозуни савдои ҷумҳурӣ (зиёд будани ҳаҷми воридот аз содирот), коҳишёбии аз эътидол беруни қурби рубли русӣ, баландшавии қурби доллари ИМА нисбат ба асъори миллӣ вобаста ба сиёсати низоми захиравии федералии ИМА, ноустувории вазъи геосиёсии иқтисодӣ дар ҷаҳон ва таъсири он ба иқтисодиёт ва асъори миллии кишварҳои шарикони асосии тиҷоратиро нодида мегиранд. Вале, новобаста аз баланд будани сатҳи долларикунонӣ дар иқтисодиёт, вобастагӣ аз интиқоли пул ва сабабҳои дигар талаботи муштариён бо асъори хориҷӣ дар доираи имконият таъмин гардида истодааст.

Зимни нишасти матбуотӣ раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ки талабот ба доллари амрикоӣ дар Тоҷикис­тон дар як рӯз 25 миллионро ташкил медиҳад. Шояд кам касон иттилоъ дошта бошанд, ки ташкилотҳои қарзии мамлакат ҳар рӯз аз 2 то 15 миллион доллари ИМА-ро ба шаҳрвандон дастрас мекунанд. Норасоии асъори хориҷӣ хусусияти мавсимӣ дорад ва он вобаста ба талаботи шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар шашмоҳаи аввали сол мушоҳида ва батадриҷ муътадил мегардад.

Дар идома изҳор гардид, ки дар шаш моҳи соли равон қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ 0,1 фоиз коҳиш ёфт, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, 3,7 банди фоизӣ кам мебошад. Устуворшавии қурби пули миллии шарикони асосии тиҷорати Тоҷикистон, аз қабили рубли русӣ 9,2 фоиз, рубли беларусӣ 5,4, тангаи қазоқӣ 1,0 ва юани чинӣ 0,1 фоиз нисбат ба доллари амрикоӣ, ба муътадилии қурби сомонӣ замина гузошт.

Тибқи муқаррароти моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ин ниҳод дар назди Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботдиҳанда буда, ба парлумон Дурнамои сиёсати пулию қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳисобот оид ба иҷрои онро пешниҳод мекунад. Дар дурнамое, ки бисту сеюми ноябри соли 2018 дар яке аз ҷаласаҳои Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум, қабул шуд, ин масъала мадди назар қарор дорад. Зимни муарррифии ин ҳуҷҷат Ҷамшед Нурмаҳмадзода гуфта буд, ки «иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамгироӣ бо иқтисодиёти ҷаҳонӣ қарор дорад ва ҳар гуна буҳрони молиявию иқтисодӣ, аз ҷумла, таҳримҳо ба муқобили кишварҳои шарики тиҷоратӣ, ба рушди иқтисодиёти кишвар таъсири манфӣ мерасонад. Дар ин робита, дар доираи стратегияи қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба кор даровардани корхонаҳои замонавии фаъолияташон ба содирот нигаронида корҳои муайян ба анҷом расонида шуда истодаанд, ки ба ин васила, мо имконияти зиёд намудани захираҳои байналмилалии асъорию тиллоии давлатро муҳайё менамоем».

Дар масъалаи тақвият додани раванди дедолларизатсия (коҳиш додани истифодаи доллари ИМА) низ роҳбарияти Бонки миллӣ азми қавӣ доранд. Дар доираи ҳамкории кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай лоиҳаи Консепсия ба Харитаи роҳи гузариш ба ҳисоббаробаркунӣ бо асъори миллии кишварҳои аъзо пешниҳод шудааст, ки айни замон механизми татбиқи он мавриди омӯзиш қарор дорад. Ғайр аз ин, ҷиҳати бастани шартномаҳои дуҷониба бо Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Қазоқистон барои истифодаи асъори миллӣ чораҷӯӣ идома дорад.

Ҳамчунин, бо мақсади густариши ҳамкориҳо бо ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ва таъмини рушди минбаъдаи иқтисодиёти кишвар ҷиҳати тат­биқи барномаи нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор гуфтушунид рафта истодааст. Мавҷудияти чунин барномаҳо бо Хазинаи байналмилалии асъор ва дигар ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ имкон медиҳад, ки бештар захираҳои молиявиро бо асъори хориҷӣ барои тавозуни пардохт ва дастгирии Буҷети давлатӣ ҷалб намоем.

Вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода, ки мавҷудияти ин мушкилро эътироф кард, ба он назар аст, ки ба василаи вусъат бахшидани истеҳсолот, танҳо бо асъори миллӣ амалӣ намудани муомилот, густариши хизматрасониҳо ба сайёҳон метавон вуруди асъори хориҷиро ба мамлакат зиёд кард.

- Аз ҷониби Ҳукумат барои расидан ба ин ҳадафҳо шароит фароҳам оварда шудааст ва масъулинро мебояд аз онҳо бетаъхир ва самаранок истифода намоянд. Барои мисол, ҳадафи чоруми стратегӣ эътироф шудани саноатикунонии босуръати кишвар имконияти хубест барои зиёд намудани истеҳсоли молу маҳсулоти рақобатпазир. Бегуфтугӯ, дар сурати дуруст роҳандозӣ шудани кор дар ин самт таносуби воридотро коҳиш додан имконпазир мегардад. «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардидани солҳои 2019 — 2021, ки низ идомаи мантиқии ин раванд маҳсуб меёбанд, имкон фароҳам меоранд, ки тавассути сайёҳон ба кишвар беш аз пеш асъори хориҷӣ ворид шавад, — гуфт номбурда.

Дар ҳоле ки масъулини бахши иқтисодии кишвар аз фарқи воридот нигаронанд, вазири рушди иқтисод ва савдо Неъматулло Ҳикматуллозода бо зикри он ки дар шаш моҳ содирот 8,1 ва воридот 2,3 фоиз афзуда, тамоюли мусбати рушд нигоҳ дошта шуд, қаноатманд аст. Ин суханон аз ҷиҳати мантиқ зарбулмасали «як бому ду ҳаво»-ро пеши назар меоранд, зеро номбурда шарҳ надодааст, ки чаро содирот ҳамагӣ 570,6 миллион ва воридот 1566,3 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

Хулоса ин аст, ки камчин будани доллар, то замоне ки фарқи зикршуда рафъ нагардад, идома меёбад ва гунаҳкор намудани Бонки миллӣ дар ин масъала нодуруст аст.

Далер МЕРГАНОВ,

«Садои мардум»