Боғҳои ангури шаҳдбор

№151 (3452) 09.11.2015

аз  КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» ҳамагӣ ҳашт километр дуртар воқеъ гардидааст

ЛУчшие-сорта-винограда

Ин ҳақиқатро ҳама медонад, ки  дар атрофи КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик», воқеъ дар шаҳри Турсунзода боғу токзор ва киштзори сабзу хуррам мавҷуд аст. Аммо баъзеҳо бо гуфтаҳои беасос мавҷудияти ин корхонаро барои минтақа аз ҷиҳати экологӣ зараровар маънидод мекунанд.

Зимни сафари як гурӯҳ журналистон — намояндагони воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва хориҷӣ ба шаҳри Турсунзода беасос будани ин иддао бори дигар собит гардид. Ин сафар бо иқдоми Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода барои аъзои Клуби «Экожурналистон» ташкил карда шуд.

Баъди суҳбати кӯтоҳ дар Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода мо роҳи Хоҷагии деҳқонии «Ватан»-ро пеш гирифтем. Ин хоҷагӣ чор километр аз маркази шаҳр ва ҳашт километр аз корхонаи зикршуда дур ҷойгир аст ва ба он деҳқони номдор Ҳоҷӣ Неъмат Усмонов роҳбарӣ мекунад.

То даромадгоҳи боғҳои ангури хоҷагӣ роҳ мумфарш шудааст. Дар даромадгоҳи боғ  моро Ҳоҷӣ Неъмат бо чеҳраи гарм пазиройӣ кард.  Аммо таваҷҷуҳи ҳама меҳмонон ба боғи афсонавии ӯ банд буд. Воқеан, вақте ба ин манзара менигаред, ангушти ҳайрат мегазед. Гӯё беҳтарин мусаввирон ин мавзеъро ороиш додаанд. Се-чор навъи ангур дар токзори таври махсус бунёдшуда пухта расида буд. Чунин ба назар мерасад, ки ҳосили фаровони ин боғ ҳеҷ гоҳ кам намешавад.

Хоҷагии номбурда соли 2008 ташкил ёфта, 18 гектар замин дорад. Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба шаҳри Турсунзода ва шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагии мазкур ба иқдоми заҳматкашони он, аз ҷумла шодоб гардонидани заминҳои ташналаб ва ба гардиши кишоварзӣ ворид кардани онҳо баҳои баланд дод. Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ин ташаббуси роҳбарияти хоҷагии оилавиро намунаи ибрат барои дигарон хонда, онро дар таъмини дастурхони мардум бо маҳсулоти кишоварзӣ муҳим арзёбӣ кард. Ташрифи Сарвари давлат ба хоҷагӣ сабаби болидагии бобои Ҳоҷӣ Неъмат гардидааст ва ӯ зимни вохӯрӣ, пеш аз ҳама, маҳз ҳамин таассуроти хешро баён кард:

- Ҳамаи шумо медонед, ки 18 сентябри соли ҷорӣ ба ин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташриф оварда буданд ва ҳамроҳи мо якҷоя дар ин боғ гаштугузор намуданд. Ин дидор ҳеҷ гоҳ аз хотирам зудуда намешавад. Магар аз ин дида, хурсандии зиёд ҳаст, ки Сардори давлат ба назди мо омада, моро рӯҳбаланд карданд.

Шукр мегӯем, ки дар ҳамин хел макон, яъне Тоҷикистони биҳиштосо, таваллуд шудем.

Ба ҳайати корӣ мутахассисони Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ шомил буданд, ки бо худ асбоби махсус оварда буданд. Зимни назорати минтақае, ки мо дар он қарор доштем, мутахассисон, таҳти роҳбарии Эгамбердӣ Рустамов — сардори Маркази назорати таҳлилии кумитаи мазкур  муайян карданд, ки меъёри консентрати партов (фтор) ба сифр баробар аст. Яъне, дар ин ҷо партови гази фтор умуман мавҷуд нест ва дуоксиди карбон бошад, аз меъёри пешбинишуда қариб 20 маротиба камтар аст.

Аз сардори Шуъбаи ҳифзи муҳти зисти шаҳри Турсунзода  Исломиддин Солиев роҷеъ ба вазъи экологии минтақа пурсон шудем.

- Айни замон, бо боварӣ гуфта метавонам, ки вазъи экологии шаҳр хуб аст. Мутахассисони шуъба вобаста ба солимии муҳити зист, кабудизоркунии маҳаллаҳои аҳолинишин, ривоҷи боғу токпарварӣ, ниҳолшинонӣ, тозаю озода нигоҳ доштани шаҳраку деҳот корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ мебаранд. Илова бар ин, мунтазам семинару вохӯриҳо доир менамоем, озмунҳо ташкил мекунем, ки ба баланд бардоштани маърифати экологии мардум мусоидат менамояд,- гуфт Исломиддин Солиев.

Ҳангоми баргузории машғулияти назариявии Клуби «Экожурналистон» мушоҳида кардем, ки фаъолияти мутахассисони шуъбаи мазкур самарабахшу муассир аст. Ба аҳли нишаст намунаи буклет ва китобчаҳо дастрас карда шуд, ки ба мавзӯъҳои гуногуни экологӣ бахшида шудаанд. «Табиати диёри ман»,  «Дарёи Қаратоғ», «Инсон ва табиат», «Об-барои ҳаёт» аз ҷумлаи маводе буданд, ки аз ҷониби Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Турсунзода таври ранга ба нашр расидаанд.

Мавзӯи асосии машғулияти навбатии Клуби «Экожурналистон» вазъи ҳавои атмосфера ва таъсири он ба муҳити атроф буд. Сардори Шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи ҳавои атмосфераи Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсодиқ Мусаммиров дар ин бора ибрози назар карда, аз ҷумла чунин гуфт:

- Вазъи ҳавои атмосфера ба тамоми мавҷудот, пеш аз ҳама, ба саломатии инсон таъсир мерасонад. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ду манбаи асосии ифлоскунандаи ҳаво: манбаъҳои доимӣ ва манбаъҳои ҳаракаткунанда ба қайд гирифта шудаанд. Ба манбаъҳои доимӣ корхонаҳои саноатӣ ва ба манбаъҳои ҳаракаткунанда бошад, воситаҳои нақлиёт дохил мешаванд. Тақрибан 70 фоизи ихроҷи партовҳо ба ҳаво дар кишвар аз ҳисоби воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд меояд. Корхонаҳои бузурги саноатӣ, аз ҷумла КВД «Ширкати Алюминийи Тоҷик» бо таҷҳизоти замонавӣ ҷиҳозонида шуда, дар онҳо полоишҳо (филтрҳо), ки ҷабиши ифлоскунандаҳояшон 98-99 фоизро ташкил медиҳад, насб гардидаанд.

Дар  машғулият олимону мутахассисони эколог ҳузур доштанд ва онҳо низ роҷеъ ба масъалаи мавриди назар андешаронӣ карда, ба саволҳои журналистон посухҳои мушаххас доданд.

 Б. КАРИМЗОДА,  «Садои мардум»