Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузории грантиро ба Тоҷикистон тасдиқ намуд

№ 11.04.2020

2 апрели соли равон Шӯрои директорони Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузории грантиро аз ҳисоби Ассотсиатсияи байналмилалии рушд барои Лоиҳаи эътинои фаврӣ ба намуди нави коронавируси COVID-19 дар Тоҷикистон дар ҳаҷми 11,3 миллион доллари ИМА тасдиқ намуд. Тибқи иттилои маркази матбуоти Бонки умумиҷаҳонӣ маблағгузории мазкур барои ҷиҳозонидани шуъбаҳои эҳё ва табобати интенсивӣ (ШЭТИ) дар саросари Тоҷикистон, таъминот бо маводи зарурӣ барои ошкорнамоӣ ва пешгирии сироятёбӣ, гузаронидани санҷиш, реагентҳо барои озмоишгоҳҳо ва таҷҳизоти муҳофизати инфиродӣ барои кормандони тиб, ҳамчунин, омӯзиши онҳо барои нигоҳубини беморон равона мегардад.

Илова бар ин, бо мақсади кам кардани таъсири имконпазири пандемия ба қишри камбизоат ва осебпазири ҷомеа дар доираи лоиҳа пардохти маблағи пулии фаврӣ (трансфертҳо) дар назар аст. Дастгирии молиявии мазкур дар навбати аввал ба оилаҳое, ки кӯдакони хурдсол доранд, расонида мешавад.

Н.НИЗОМӢ,

“Садои мардум”