Бунёди корхона

№36-37 (3021-3022) 21.03.2013

Дар рӯзҳои таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Хуросон корхонаи хурди маҳсулот аз шир омодаи кор гардид. Корхона аз ҷониби ҶММ «Саодат» бунёд гардидааст. Дар назар аст, ки дар ин коргоҳи нави истеҳсолӣ соле то 200 тонна шир коркард шавад. Коргоҳи нав дар деҳот, аниқтараш дар ҳудуди деҳоти «Ҳилол» -и ноҳия ҷойгир аст. Соҳибкороне, ки ин коргоҳро таъсис доданд, бо мақсади таъмини доимии он бо маҳсулоти ширӣ парваришу нигоҳубини 200 сар чорвои калонро низ ба роҳ мондаанд. Дар коргоҳи нав 20 нафар соҳиби ҷойи кор гардид.

 

Давлат СУЛТОНОВ, «Садои мардум»