Чаро дар Хатлон байторҳо каманд?

№133 (4239) 29.10.2020

polovie-gormony-zhivotnimСокинони вилояти Хатлон аз кам будани мутахассисони соҳаи байторӣ нигаронанд. Ба қавли онҳо, барои табобати ҳайвоноти хонагӣ мутахассис ёфтан амри маҳол аст.

Сокини ноҳияи Кӯшониён Валиҷон Обидов, ки ба нигоҳубини чорвои калон машғул аст, зикр кард, ки ин гуна табибон ангуштшуморанду барои пайдо кардани онҳо саргардонии зиёд пеш меояд.

Мисли ӯ даҳҳо сокини вилояти Хатлон аз норасоии мутахассисони соҳаи байторӣ изҳори нигаронӣ карданд.

Тибқи маълумоти Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон, дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ саршумори чорвои калон 978 ҳазору 461 сарро ташкил додааст, ки нисбат ба нимсолаи якуми соли гузашта 8 ҳазору 807 сар зиёд мебошад. Саршумори гӯсфанду буз ба 2 миллиону 425 ҳазору 622 сар расидааст, ки дар қиёс ба шашмоҳаи аввали соли гузашта ду дарсад зиёд аст.

Бино ба иттилои муовини директор оид ба таълиму тарбияи Муассисаи давлатии Коллеҷи махсусгардонидашудаи шаҳри Бохтар Аъзам Мирзоев, алҳол ташкили маркази байторие, ки байторҳои вилоятро муттаҳид созад, тақозои замон аст.

Сабаб чист, ки бо вуҷуди ҳар сол аз ҷониби муассиса омода шудани духтурони ҳайвонот, нарасидани онҳо эҳсос мешавад?

Ба ин суол ҳамсуҳбатам чунин посух дод: «Ҳар сол 72 донишҷӯ бо ихтисоси тибби байторӣ ба коллеҷ қабул мешаванд. Мутаассифона, аксарияти онҳо баъди хатм ҷойи кор пайдо намекунанд. Аз ҳамин сабаб маҷбур мешаванд, ки тарки пеша намоянд».

Дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Бохтар Маркази ташхиси чорво ва дигар ҳайвонҳои хонагӣ фаъолият дошт, ки аксарияти аҳолии корафтода ба он ҷо муроҷиат мекарданд. Вале ҳоло сокинон деҳа ба деҳа байтор меҷӯянд…

Декани факултети таъмини амнияти озуқаворӣ, иқтисодӣ ва аграрии коллеҷи болозикр Муродгул Ҷӯрабоева бар ин назар аст, ки теъдоди донишҷӯёни ихтисоси тибби байторӣ дар даврони шӯравӣ аз нишондиҳандаҳои кунунӣ зиёд буд. — Дар совхозу колхозҳо фермаҳои чорводорӣ рушд ёфта буданд. Лекин баробари фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ва дар Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастани ҷанги шаҳрвандӣ чорвои онҳо ба нестӣ расид. Хушбахтона, бо дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чорводорӣ ба марҳилаи сифатан нав ворид гардид ва талабот ба байтор аз нав зиёд шуд, – гуфт ӯ.

Назар ба қавли ҳамсуҳбатам мушкилии дигар дар он аст, ки аксари хатм­кунандагони коллеҷ бинобар маълумоти олӣ нагирифтан ба кор қабул карда намешаванд. — Агар маълумоти миёнаи махсусро ҳам ба назар мегирифтанд, хуб мешуд, – мегӯяд М. Ҷӯрабоева.

– Баъди ба фаъолият оғоз кардани Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон талабот ба чунин мутахассисон афзоиш ёфт, – иброз дошт Аъзам Мирзоев.

Хостем перомуни он ки дар вилоят чанд байтор фаъолият дорад, бо ­масъулони Раёсати Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон суҳбат намоем. Вале сардори раёсати он Эраҷ Рауфзода бо чанд баҳона аз суҳбат худро канор кашид.

Сухангӯи кумита Олимҷон Забирзода бошад, гуфт: «Роҳбарони раёсатҳо пас аз мувофиқа бо роҳбарияти кумита бо рӯзноманигорон суҳбат карда метавонанд. Шумо аввал ба раиси кумита мактуби расмӣ ирсол кунед, баъд, ба саволҳоятон посух мегардонем». Мутаассифона, ин шахсони масъул супориши роҳбарияташонро аз муқаррароти қонунҳои мамлакат, ки ба рӯзноманигорон иҷозаи пайгирии мавзӯъҳоро (ба истиснои ҳолатҳои дар қонун пешбинишуда) бидуни манзурсозии мактуб додааст, боло мегузоранд.

Ба ақидаи яке аз олимони соҳаи байторӣ, агар духтури инсон одамро табобат кунад, пас, байтор ҷомеаро табобат мекунад. Дараҷаи ҳаракату илмомӯзии духтури ҳайвонот аз духтури одам дида баландтар меистад. Чунки онҳо бояд ҳам равияи духтурони одамро донанд ва ҳам соҳаи худро.

Дар маҷмӯъ, собит гардид, ки дар деҳот, бинобар набудани байтор, шахсони таҳсилнадида ба табобати чорвои сокинон машғул шуда, боис ба талаф ёфтани чорво мегарданд. Аз ин лиҳоз, масъулон бояд дар бобати таъсиси маркази байторӣ дар вилояти Хатлон, бештар кардани сафи донишҷӯёни тибби байторӣ ва фароҳам овардани шароити беҳтари фаъолият барои ин қабил мутахассисон тадбирандешӣ намоянд.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»