Чаро деҳқонон ба ҷои 500 сомонӣ 3600 сомонӣ харҷ мекунанд?

№35 (3672) 01.04.2017

Афзоиши ҳосилнокии маҳсулоти кишоварзӣ аз масъалаҳое мебошад, ки ҳамвора зери назари Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 декабри соли 2016 ба масъулони соҳаи кишоварзӣ чунин супориш доданд: «…Бо дарназардошти захираву иқтидорҳои кишвар барои ба маротиб афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти соҳа ҳанӯз имкониятҳои зиёд мавҷуданд. Аз ин лиҳоз, Вазорати кишоварзӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бояд дар доираи иҷрои барномаҳои қабулгардида ба афзоиши устувори ҳамаи намудҳои маҳсулоти соҳа аҳамияти хосса зоҳир намоянд».

Солҳои 70-80-уми қарни гузашта дар ноҳияи Зафаробод аз ҳар гектар замин аз З0 то 40 сентнерӣ «тиллои сафед» ба даст меоварданд ва ба хирмани давлат соле то 40 ҳазор тонна пахта месупориданд.

Чаро имрӯз ҳосили дилхоҳ ба даст оварда наметавонанд?

- Инсоният аз соли 1840 бо ташаббуси олими немис Юстус Фон Либих истифодаи химияро дар коркарди замин ёд гирифт ва ба умеди он буд, ки минбаъд ҳосил фаровон мешавад. Аммо бехабар аз он ки дар натиҷаи истифодаи зиёди нуриҳои минералӣ ва заҳрхимикатҳо микроорганизмҳои фоиданок, ки дастраскунандагони асосии минералҳо ба решаҳои растанӣ мебошанд, ба нестӣ мераванд. Яъне, растанӣ бе «ошпазҳои хокӣ» монда, микрофлораи хок вайрон шуд, — мегӯяд мутахассиси соҳа, агроном-мушовири ҶДММ «Биотех» Зуҳуруддин Шаробиддинов.

Олимон барои суръатбахшии нашъунамои растанӣ ва микроорганизмҳо истифодаи нуриҳои биологӣ ва микробиологиро ба мақсад мувофиқ донистанд.

Аз ҳамсуҳбатам хоҳиш кардам, ки маҷмӯи нуриҳои микробиологӣ (МНМ)- бионурии навро шарҳ диҳад.

Маълум гардид, ки дар таркиби бионурии нав 112 намуд микроб ва бактерияҳои фоиданок мавҷуд буда, барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо шароит муҳайё менамоянд.

Таҷрибаи чорсолаи истифодаи он (солҳои 2002 – 2007) дар Россия, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Тоҷикис­тон нишон дод, ки МНМ барои баланд бардоштани ҳосилнокии замин ва афзоиш додани ҳосилнокии зироатҳо аҳамияти калон дорад.

Бионурии мазкур солҳои 2012, 2013, 2014 дар ­бисёр хоҷагиҳои мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияҳои Ашт, Конибодом, Мастчоҳ, Зафаробод, Ғончӣ, Б. Ғафуров ва баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон, ба монанди Ёвон, Қубодиён, Шаҳритус, Носири Хисрав, Восеъ, Данғара, Вахш ва шаҳри Ҳисор бо роҳи таҷрибавӣ истифода шуда, деҳқонон бо харҷи кам ҳосили дилхоҳ ба даст оварданд.

Ба ин васила кишоварзон аз истифодаи нуриҳои минералии азотӣ, фосфорӣ ва калийдор, ки нархи гарон доранд пурра даст кашида, ба ҳар гектар замин 20-22 кг маҳлули нурии микробиологии аз ҷиҳати экологӣ тозаро истифода намуда, ҳосилнокии ҳар гектарро 1,5-2 баробар афзун ва хароҷотро 2 маротиба кам карданашон мумкин аст.

- Масалан, кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Аслонбобо»-и ноҳияи Спитамен 5 сол мешавад, ки ба 34 гектар пахтазор ягон кило нурии минералӣ надодаанд, лекин ба ҳисоби миёна то 32 сентнерӣ аз ҳар гектар ҳосил мегиранд. Дар баъзе қитъаҳо ҳосилнокӣ 40-45 сентнериро ташкил медиҳад. Мисоли дигар, хоҷагии деҳқонии «Иқбол» — и деҳоти «Ҳаёти нав»-и ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон соли сеюм аст, ки истифодаи нуриҳои минералиро пурра аз байн бурда, аз ҳисоби нуриҳои микробиологӣ ба ҳисоби миёна 27-30 сентнерӣ ҳосили пахта мерӯёнад. Чунин мисолҳоро аз дигар ноҳияҳо низ овардан мумкин аст.

Ҳамсуҳбатам бо таассуф зикр кард, ки деҳқонон имрӯз барои истеҳсоли 35-40 сентнерӣ аз ҳар гектар замини пахта аз 600 то 1200 кг нуриҳои минералиро ба замин мерезанд, ки маблағи он аз 1800 то 3600 сомониро ташкил медиҳад. Ҳол он ки ба воситаи нурии микробиологӣ бо харҷи 500 сомонӣ дар як сол ҳосили дилхоҳро ба даст овардан имконпазир аст. Аз ин рӯ, кишоварзон бояд бо истеҳсоли маҳсулоти аз нигоҳи экологӣ тоза ба бозори ҷаҳонӣ роҳ пайдо намоянд.

Ҳусейни НАЗРУЛЛО,

 «Садои мардум»