Пешниҳод

Чаро парвариши бузургтарин манбаи истеҳсоли сафеда ба роҳ монда намешавад?

№41 (3991) 13.04.2019

f233e98-vermiБаъзан дар кишварҳои пешрафта ба иқдоме даст мезананд, ки дар назар хандаовару беаҳамият менамояд, аммо вақте ба умқи ­масъала сарфаҳм меравед, маълум мешавад, ки дар баҳодиҳӣ баъзан ҳолат хато менамоем. Яке аз чунин иқдомҳои ҷолиб парвариши кирми лойхӯрак (вермикултура) мебошад, ки аз асри ХХ дар ИМА, Олмон, Япония, Хитой ва дигар кишварҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ роиҷ аст. Фермерҳои мамолики пешрафта бо мақсади баланд бардоштани ҳосилнокии замин, ривоҷу равнақи моҳипарварӣ, парандапарварӣ, дорусозӣ ва истеҳсоли протеини арзон парвариши онро ба роҳ мондаанд.

Моҳи апрели соли равон дар шаҳри Омски Федерат­сияи Россия бо сармоягузории Ҷумҳурии Халқии Хитой сохтмони корхонаи истеҳсоли протеин аз кирми лойхӯрак оғоз ёфт, ки он соли 2020 ба фаъолият шурӯъ менамояд. Баъди ба фаъолият оғоз кардан дар он 2000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳад шуд. Маҳсулоти корхона пурра ба Хитой содирот мешавад. Ба гуфти профессори Донишгоҳи давлатии Томск (ТГУ) Андрей Бабенко, парвариши кирми лойхӯрак низ як бахши соҳаи чорводорӣ буда, манбаи арзони истеҳсоли сафедаи серпротеин мебошад. Сафедаи аз кирми лойхӯрак истеҳсолшуда аз гӯшти гӯсола ҳеҷ камӣ надорад. Бартарии парвариши кирми лойхӯрак аз дигар бахшҳои чорводорӣ дар он он аст, ки вазнашон тез зиёд мешавад. Хӯроки онҳо дастрас ва хеле арзон буда, парваришашон сердаромад ба шумор меравад.

Дар хусуси манфиати кирми лойхӯрак барои серҳосил гардонидани замин бисёриҳо огоҳанд. Дар илми хокшиносӣ кирми лойхӯракро «дӯсти рақами як» — и деҳқон меҳисобанд. Зеро ин ҷонвараки меҳнатӣ пасмондаи растаниҳоро ба гумус табдил дода, бо «нақб» — ҳои кофтааш дар ҳавогирии решаи растаниҳо кумак мерасонад. Яке аз роҳҳои осони муайян кардани ҳосилхезии замин шумораи кирми лойхӯрак дар як метри мукааб мебошад. Ҳар қадар ки дар замин кирми лойхӯрак бештар бошад, ҳамон андоза ба ҳосилхез будани он эътимод кардан мумкин аст.

Яке аз асрори пешрафти соҳаи кишоварзии Япония ба роҳ мондани парвариши кирми лойхӯрак аст. Ҳанӯз солҳои ҳаштодуми асри гузашта танҳо дар ду шаҳри ин кишвари сераҳолию камзамин – Куишу ва Хоккайдо 200 фермаи парвариши кирми лойхӯрак мавҷуд буд. Солҳои навадум дар ИМА 90000 фермаи кирми лойхӯрак фаъолият мекард.

Z2HSzAOre3kСоли 1982 танҳо як фермаи дар иёлоти Калифорния мавҷудбуда бо истифода аз 2000 тонна кирми лойхӯрак соле 20000 тонна нурии органикӣ (вермикомпост) истеҳсол намудааст. Дар Хитою Таиланд ва Тайван низ парвариши кирми лойхӯрак васеъ ба роҳ монда шуда буд, ки солона фурӯши он садҳо миллион долларро ташкил медод. Мамлакатҳои пешрафта барои коркарди партовҳои маишӣ аз ин ҷонваракони сермаҳсул фаровон истифода мебурданд. Яъне, партовҳои маишӣ (пасмондаҳои хӯрок, коғазпораҳои нолозим)- ро дар чуқуриҳо гӯронда, бо ёрии кирми лойхӯрак ба нурӣ табдил медоданд. Ин усул дар қиёс ба сӯзонидани партов ба муҳити зист безарар ва фои­даовар аст. Танҳо дар Хитой 160 намуд ва 11 зернамуди кирми лойхӯракро истифода мебаранд. Олимони мамолики пешрафта бо мақсади сермаҳсултар гардонидани кирми лойхӯрак ва дар соҳаи дорусозию косметика васеътар истифода бурдани он таҷриба мегузаронанд. Дар моеи пӯсти кирми лойхӯрак моддаҳои зиддивирусӣ ва зиддибактериявӣ фаровонанд. Ферментҳое, ки аз аппелидҳо гирифта мешаванд, барои муолиҷаи бемории гемофилия муфид аст. Моддаҳои аз кирми лойхӯрак гирифташударо барои сафед кардани пӯст, барқароршавии пӯст, муолиҷаи захмҳо ва ғайра истифода мебаранд. Ҳоло дар Япония, Хитой, Ветнам ва Кореяи Ҷанубӣ корхонаҳои зиёди дорусозӣ ва косметикӣ мавҷуданд, ки дар асоси моддаҳои аз кирми лойхӯрак гирифташуда фаъолият менамоянд. Доруи аз ин ҷонваракони меҳнатӣ тавлидшуда барои муолиҷаи бемориҳои сил, атеросклероз, эпилепсия («припадка», саръ) ва катаракта низ муфид аст.

Дар самти ба даст овардани сафеда аз ҳар гектар ягон зироат ба кирми лойхӯрак баробар шуда наметавонад. Масалан, як гектар ҷуворимакказор ба ҳисоби миёна 350 кило, нахӯд 450 кило ва себарга- 1000 кило сафеда медиҳад. Аммо ин нишондиҳанда дар як гектар замине, ки дар он кирми лойхӯрак бо мақсади истеҳсолот парвариш мешавад, соле то ба 40000 кило мерасад. Ҳамроҳ кардани протеини аз кирми лойхӯрак истеҳсолшуда ба хӯроки модагов онро сершир гардонда, вазнгирии гӯсолаҳоро зиёд менамояд. Кирми лойхӯрак барои хоҷагиҳои моҳипарварӣ низ арзонтарин хӯрокворӣ ба ҳисоб меравад ва ба зудтар вазнгирии моҳиҳо мусоидат менамояд.

Дар ҷумҳурӣ даврони шӯравӣ бинобар роиҷ будани якказироатӣ (пахта) ва истифодаи ­зиёди гербитсиду нуриҳои минералӣ теъдоди кирми лойхӯрак дар заминҳо кам гардид. Имрӯз низ аксар сарварони хоҷагиҳои кишоварзӣ, ки маълумоти агрономӣ надоранд, ба афзоиши теъдоди «дӯс­ти рақами яки деҳқон» таваҷҷуҳ зоҳир намекунанд. Сокинони деҳот ба ҷойи поруро ба замин рехта, ҳосилнокиро зиёд намудан, онро чун давраи ибтидоӣ таппак карда, ҳамчун сӯзишворӣ истифода мебаранд.

Дар баробари кишоварзӣ, метавон парвариши кирми лойхӯракро барои ривоҷи моҳипарварию парандапарварӣ низ ба роҳ монд. Хуб мешуд, ки дар минтақаҳои озоди иқтисодии мамлакат бо ҷалби сармоягузорони Ҷумҳурии Халқии Хитой истеҳсоли протеин аз кирми лойхӯрак тайёршуда роҳандозӣ шавад. Бо ин роҳ ҳазорон нафар соҳиби ҷойи кор ва муҳити зист тоза хоҳад шуд.

Олимони Донишгоҳи аграрӣ ва Академияи илм­ҳои кишоварзии Тоҷикис­тон метавонанд дар ин самт бо олимони Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Донишгоҳи давлатии Томск ҳамкорӣ ба роҳ монанд. Зеро ҳар навгоние, ки ба нафъи иқтисодиёти мамлакат бошад, бояд бетаъхир роҳандозӣ гардад.

Сайфиддин СУННАТӢ,

«Садои мардум»