14 октябр – Рӯзи соҳибкорон

Чаро як идда соҳибкорону табибон ба рушди истеҳсол дар бахши доруворӣ ҳавасманд нестанд?

№121 (3758) 12.10.2017

563ddc8516e1d_smallЗимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мунтазам баланд шудани нархи доруворӣ изҳори нигаронӣ карданд ва барои ҳар чӣ зудтар ба низом даровардани бозори фармасевтии ҷумҳурӣ, аз ҷумла танзими арзиши доруворӣ, рушди соҳибкории истеҳсолии фармасевтӣ, аз андози арзиши иловашуда озод намудани истеҳсоли доруворӣ, ки ба паст шудани нархи доруворӣ ва рақобатпазир гаштани маҳсулоти дар ҷумҳурӣ истеҳсолгашта мусоидат менамояд, вазифагузорӣ намуда буданд.

Далелу рақамҳои мавҷуда баёнгари онанд, ки солҳои охир ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба ин масъала қобили таваҷҷуҳ аст. Масалан, тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воридоти як қатор таҷҳизот, ки дар истеҳсоли доруворӣ истифода мешаванд аз андози иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуданд. Инчунин, масъалаи аз андози иловашуда озод кардани ашёи хоми (моддаҳои фаъоли фармасевтӣ ва ёридиҳанда) дар истеҳсоли доруворӣ истифодашаванда дар баррасии сохторҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Таҳлилҳо нишон дод, ки аз ироаи Паём муҳлати муайян сипарӣ гардида бошад ҳам, вазъ дар бозори фармасевтии ҷумҳурӣ, қариб ки бетағйир мондааст. Чун пештара дорухонаҳо пур аз дорувории истеҳсоли хориҷии гароннарх буда, дорувории истеҳсоли худӣ ба маънои том «тухми анқо» аст. Савол ба миён меояд, ки чаро зиёда аз 200 номгӯйи доруворие (маълумотномаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ), ки аз тарафи ширкатҳои ватанӣ, ба монанди ҶДММ «Кӯҳҳои Тоҷикистон», ҶДММ «Тиб барои шумо», ҶДММ «Вежа», ҶДММ «Ясмина» ва ғайраҳо истеҳсол мешаванд, дар фурӯш нест? Ё ин ки маълумоти мазкур танҳо барои ҳисоботи вазорати зикршуда заруранд?

Пайгирии масъала собит намуд, ки дар ҳақиқат номгӯйи зиёди доруворӣ аз тарафи ширкатҳои ватанӣ истеҳсол мешавад. Дар раванди суҳбат роҳбарону мутахассисони ҶДММ «Вежа» ва ҶДММ «Кӯҳҳои Тоҷикистон» тасдиқ намуданд, ки имконият доранд, талаботи ҷумҳуриро бо якчанд номгӯйи доруворӣ пурра таъмин намоянд.

Қабл аз ҳама, бояд зикр намуд, ки фаъолияти фармасевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекусорҳо» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ амалӣ мешавад. Тибқи муқаррароти қонунгузорӣ, машғул шудан ба истеҳсол, фурӯши яклухт ва чаканаи маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ дар асоси иҷозатнома сурат мегирад. Ба ақидаи коршиносон, дар фурӯш набудани дорувории истеҳсоли ватанӣ ба танзими фаъолияти фармасевтӣ вобаста аст.

Ширкати истеҳсолӣ наметавонад дар баробари ба истеҳсолот машғул будан, ба фурӯши чаканаи доруворӣ машғул шавад. Тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ, корхонаҳои истеҳсолии фармасевтӣ маҳсулотро ба воситаи ширкатҳое, ки ба фурӯши яклухти доруворӣ машғуланд, ба фурӯш мебароранд. Роҳбарият ва мутахассисони аксар ширкатҳои истеҳсолӣ мегӯянд, ки мутаассифона, ширкатҳои бузурги ватании ба фурӯши доруворӣ машғулбуда бо истеҳсолкунандагони ватанӣ ҳамкорӣ надоранд ва мо вақти зиёд сарф карда, дар ба дари дорухонаҳо ба тақсими маҳсулот машғулем. Онҳо муътақиданд, ки тақрибан 10-15 фоизи дорухонаҳои ҷумҳурӣ, ки «пойбанд»-и ширкатҳои бузург нестанд, дорувории истеҳсоли Тоҷикистонро ба фурӯш мебароранду халос.

Ба касе пӯшида нест, ки рақобат дар бозори фармасевтии ҷумҳурӣ ниҳоят баланд аст. Боиси нигаронист, ки дар аксар ҳолат дар ин раванд ширкатҳои хориҷӣ ва воридкунандагони маҳсулоти онҳо бо ширкатҳои ватанӣ рақобати носолим намуда, ба рушди истеҳсолоти дохилӣ халал мерасонанд. Барои мисол, баробари огоҳ шудан аз тасмими ширкати ватанӣ бобати ба роҳ мондани истеҳсоли ин ё он намуди доруворӣ филфавр ҳамон намуд доруро ба кишвар ворид намуда, онро арзонтар ба фурӯш мегузоранд. Аз ин нуктаи назар, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро мебояд банақшагириро дар ин самт ҷиддӣ ба роҳ монда, вуруди маҳсулоти хориҷиро тарзе ба роҳ монад, ки ба пешрафти истеҳсолоти дохилӣ монеа эҷод нагардад.

Эътироф бояд кард, ки ширкатҳои хориҷӣ ва воридкунандагони доруворӣ бо мақсади нигоҳ доштани мавқеъ дар бозор аз ҳама ­имконият истифода менамоянд. Аввалан, маҳсулоти истеҳсоли Тоҷикистонро ба дорухонаҳо роҳ намедиҳанд. Дар аксар вақт ба дилхоҳ доруворие, ки дар дохили мамлакат истеҳсол шудааст, «айб» ёфта, ба тарғибу фурӯши онҳо майл надоранд. Ин нафарон дар зеҳни аҳолӣ ақидаеро ҷой кардаанд, ки дорувории истеҳсоли худӣ чандон таъсирбахш ва аз лиҳози сифату раванди истеҳсол ҷавобгӯйи талабот нест. Шояд чунин нафарон дарк намекунанд, ки ягон соҳибкори ватанӣ, ки барои бунёди корхона маблағи зиёд харҷ кардааст, ба ҳеҷ ваҷҳ ҳавасманд нест, ки дорувории пастсифат истеҳсол намояд. Сухан сари он аст, ки ширкатҳои хориҷӣ, ки дар Тоҷикис­тон бозори худро доранд, аз тариқи иқдомҳои моҳияти лоббигаридошта кӯшиш мекунанд, ки фаъолияти истеҳсолкунандагони дохилӣ тавсеа наёбад. Ин ҳадафи онҳо ҳоҷат ба шарҳу эзоҳи зиёдатӣ надорад.

Иқтисодшиноси машҳури англис Адам Смит гуфта буд, ки «шахс барои манфиати худ кор карда, ҳис намекунад, ки ба ҷомеа чӣ қадар манфиат овардааст». Аз ин лиҳоз, бо дилпурӣ метавон гуфт, ки манфиате, ки ба давлат ва ҷомеа аз фаъолияти ширкатҳои фармасевтӣ мерасад, қобили мулоҳиза хоҳад буд. Шоистаи зикр аст, ки фаъолияти истеҳсолии фармасевтӣ ба меҳнати зеҳнӣ мансуб буда, сатҳи баланди дониш ва технологияҳои инноватсиониро талаб карда, рушди он муаррифкунандаи миллат дар арсаи байналмилалӣ буда метавонад. Аз нигоҳи амнияти давлатӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ доруворӣ маҳсулоте ҳаст, ки ҳар як давлати соҳибистиқлол бояд талаботи худро аз ҳисоби истеҳсоли дохилӣ таъмин намояд.

Доруворӣ доимо харидор дорад, аз ин рӯ, ҳар давлати соҳибистиқлол аз фишангҳои танзимкунандаи фаъолияти фармасевтӣ, ба монанди иҷозатномадиҳӣ, бақайдгирӣ, сертификаткунонӣ истифода карда, кӯшиш менамояд, ки чунин бозорро маҳсулоти дохилӣ соҳиб бошад. Биноан, ҳар чӣ зиёдтар маҳсулоти ширкатҳои дохилиро ба мардум пешниҳод намуда, буҷаи худро аз ҳисоби чунин фаъолияти сердаромад ғанӣ мегардонад.

Соҳибкор Абдушукур Сайфуллоев, ки таъсисдиҳандаи ҶДММ «Кӯҳҳои Тоҷикистон» мебошад, мегӯяд, ки аз соли 2012 ба фаъолияти истеҳсолии фармасевтӣ оғоз карда, то имрӯз барои тавсеаи фаъолияти корхона маблағгузорӣ мекунад. Номбурда умед дорад, ки дур нест он рӯзе, ки ширкатҳои бузурги ба фурӯши доруворӣ машғулбуда бо корхонаҳое чун «Кӯҳҳои Тоҷикистон» тавассути зиёд кардани ҳаҷми истеҳсол ва фурӯш дар рушди Ватани азизамон саҳм гузошта, манфиати хуби иқтисодӣ низ мегиранд.

ӯ ба он назар аст, ки дар ҷумҳурӣ барои таъсиси дилхоҳ корхона шароит фароҳам буда, танҳо ҳисси баланди ватандӯстӣ ва ибтикоре, ки аз ин омил маншаъ гирифтааст, зарур аст.

Далер Мерганов,

«Садои мардум»