Чопгари соҳибтаҷриба

№28 (3013) 08.03.2013

DSC_1603Шояд на ҳама донанд, ки рӯзномаҳо чӣ гуна омода шуда, ба дасти хонандагон мерасанд? Ба ҷуз аз заҳмати шабонарӯзии журналистон, боз шахсоне ҳастанд, ки хизматашон паси парда мемонад. Инҳо ноширон ва чопгарони рӯзномаву маҷаллаҳо мебошанд.

Дар арафаи Рӯзи матбуоти тоҷик ба сехи чопи рӯзномаҳои КВД КТН «Шарқи озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатнома гирифтем ва хостем ҳам бо рафти чопи рӯзномаҳо шинос шавему ҳам бо кори устои чопгар…

Сардори сехи чопи рӯзномаҳо Вафобек Гулбердиев моро назди дастгоҳи чопӣ бурд, ки бомаром кор мекард. Ин навбат сменаи устои чопгар Абдуқаҳҳор Санаев буд. Баъди анҷоми чопи навбатӣ ба мо муяссар шуд, ки лаҳзае бо Абдуқаҳҳор ҳамсуҳбат шавем.

- Ин дастгоҳи савуми чопист, ки дар тӯли 40 соли кориам мебинам. Бо мурури солҳо технологияи нав ба майдон омада, кори моро осон мекунад. Кӣ медонист, ки ман устои чопи рӯзномаҳо мешавам?

…Дар мактаби миёнаи рақами 7 ба номи Комсомоли деҳаи Бошбулоқи ноҳияи Данғара таҳсил карда, овардани рӯзномаҳову маҷаллаҳои навро интизор будем.

Он солҳо дар байни хонандагон маҷаллаи «Машъал» ва рӯзномаи «Пионери Тоҷикистон» маҳбубияти зиёд доштанд. Бар замми ин, падарам омӯзгор буд ва маҷаллаи «Садои Шарқ», рӯзномаҳои «Тоҷикистони советӣ», «Маориф ва маданият»-ро мехонд. Дар чунин як муҳити хуб ба воя расидам.

Имрӯз ҳам қариб тамоми шумораҳои нави рӯзномаҳоро мутолиа намуда, ин меҳру дилгармиамро нисбати матбуот ба фарзандонам низ талқин мекунам, — мегӯяд ҳамсуҳбатам.

Оре, шояд чунин дилбастагӣ буд, ки пас аз хатми мактаби миёна Абдуқаҳҳор Санаев ҳуҷҷатҳояшро ба Омӯзишгоҳи касбӣ-техникии рақами 2-юми шаҳри Душанбе супурд ва ду сол (солҳои 1976-1978) дар шуъбаи полиграфист –ношир таҳсил кард. Дар омӯзишгоҳ аз устодони азизаш Раиса Ивановна Аҳророва ва Ғайрат Одинаев асрори касби ноширӣ ва чопгарӣ омӯхт. Он солҳо дар омӯзишгоҳ анъанае буд, ки донишҷӯён як сол аз назария сабақ мегирифтанду соли дуввум дар истеҳсолот кори амалиро иҷро мекарданд.

Абдуқаҳҳор ва ҳамсабақонашро барои таҷрибаомӯзӣ ба Матбааи аввалини шаҳри Душанбе (маъруф бо номи «Дом печать») фиристониданд. Як соли расо ӯ дар сехи чопи баланди газетаҳо таҷриба омӯхт.

Баъзан то субҳи содиқ рӯзномаҳоро чоп карда, шумораҳои навро гирифта, пас ба хона, назди фарзандон мешитофт.

Вақте ки дар дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ навбати дарози одамонро медид, хеле хушҳол мешуд ва аз дил мегузаронд: «Пас, беҳуда шабро дар сари дастгоҳ субҳ накардаам».

Барои соҳибкасб шуданаш аз чопгарони сех Юрий Николаевич Пинчуков, Пирмурод Назаров, устоҳои сех Галина Василевна Самохина ва Олег Зидов миннатдор аст.

Пас аз хатми омӯзишгоҳ соли 1978 ӯро барои кори минбаъда ба Матбааи аввалини шаҳри Душанбе даъват намуданд, зеро роҳбарони матбаа Абдуқаҳҳорро мешинохтанд ва ба меҳнатдӯстӣ ва боинтизомиву масъулиятшиносиаш боварӣ ҳосил карда буданд.

Шаш моҳ кор кард, ки ба хизмати Модар-Ватан ба Ҷумҳурии Сотсиалистии Чехословакия даъваташ карданд. Чун дигар фарзандони вафодор солҳои 1978-1980 хизмати ҳарбиро сарбаландона ба ҷо оварда, боз ба ҷойи кори пештарааш баргашт.

Соли 1978 сохтмони бинои наву замонавии Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе (воқеъ дар кӯчаи Айнӣ 126) ба охир расид ва чопи минбаъдаи рӯзномаву маҷаллаҳоро он ҷо ба анҷом мерасониданд.

Фаъолияти кории Абдуқаҳҳор Санаев солҳои 1980-1986 дар Комбинати полиграфӣ идома ёфт. Он солҳо рӯзномаҳои бонуфузи ҷумҳурӣ ба монанди «Тоҷикистони Советӣ». «Маориф ва маданият», «Совет Тожикистони», «Коммунист Таджикистана», «Комсомоли Тоҷикистон», «Комсомолец Таджикистана», «Вечерний Душанбе», «Ин ҷо Душанбе» ва «Говорит и показывает Душанбе» дар комбинати навтаъсис чоп мешуданд.

Аз соли 1986, аз айёме ки Комплекси газетаву журнали (ГЖК) КМ ПК Тоҷикистон (ҳоло КВД КТН «Шарқи озод») ба чопи офсетии рӯзномаву маҷаллаҳо шуруъ намуд, Абдуқаҳҳор Санаевро ба сехи чопи рӯзномаҳо барои кор даъват карданд. Он солҳо сардори сехи рӯзномаҳо Николай Семёнович буд.

Инак, аз он рӯзе, ки ӯ ба кор шуруъ карда буд, 40 сол гузашт. Техникаву технологияи нав, тарзи чопи офсетӣ нозукиҳои худро дорад. Дастгоҳҳо низ дастгоҳҳои замонавии истеҳсоли Олмон ҳастанд ва муоинаи хеле нозукро мехоҳанд. Агар каме рангро зиёд кунед, матну сурати рӯзномаҳо сиёҳ мешаванд ва агар ранг кам бошад, баръакс матну расмҳо сафед ё хира мебароянд. Аз ин рӯ, дар назди устои чопгар Абдуқаҳҳор Санаев ва ҳамкоронаш масъулияти ҷиддие меистад. Зуд-зуд мурвати дастгоҳро тоб дода, ранги мувофиқро интихоб мекунанд, шумораҳои нахустинро аз назар гузаронида, имзои навбатдори рӯзномаро гирифта, пас тугмаи суръатро пахш мекунанд.

Дар як лаҳза шумораҳои тозаи рӯзнома назди дастгоҳ ҷамъ мешавад.

- Солҳои пеш мо дар ду баст кор мекардем. Дар як сехи мо 90 нафар дар ҳашт дастгоҳи чопӣ кор мекард, зеро адади нашри рӯзномаҳо хеле зиёд буд. Масалан, рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» бо теъдоди 190 ҳазор нусха чоп мешуд, ки ин 500 бастаро ташкил медод ва чопи он қариб 8-10 соат бо танаффуси дастгоҳҳо, давом мекард.

Ҳамчунин рӯзномаҳои «Совет Тожикистони» бо теъдоди 36 ҳазор, «Комсомолец Таджикистана» 130 ҳазор, «Пионери Тоҷикистон» 230 ҳазор нусхагӣ чоп мешуданд. Умуман, дар як сменаи корӣ то 1 миллион нусха рӯзнома чоп мекардем, — мегӯяд ҳамсуҳбатам.

Абдуқаҳҳор Санаев дар корҳои ҷамъиятии корхона низ хеле фаъолона иштирок мекард. Вақте ки масъалаи тақсимоти хонаҳои нав ба миён омад, директори онвақтаи нашриёт Воҳид Иброҳимов бе ягон дудилагӣ ордери панҷхонагиро ба Абдуқаҳҳор супурда гуфт:

- Шумо коргари пешқадам ва барои дигарон намунаи ибрат ҳастед. Ин панҷхонагиро бо меҳнати ҳалол соҳиб шудед. Насибатон кунад…

Барои меҳнати софдилона ва бенуқсонаш устои чопгари дараҷаи шашум Абдуқаҳҳор Санаев бо нишонҳои «Ғолиби мусобиқаи сотсиалистӣ», «Аълочии матбуоти Тоҷикистон» ва чандин ифтихорномаҳо қадрдонӣ шудааст.

Меҳри касбашро ӯ ба писараш додааст ва Музаффар имрӯзҳо дар паҳлуи падар қадамҳои нахустини шогирдона мегузорад. Аллакай ба боварии падар сазовор шуда, мустақилона рӯзномаҳоро чоп мекунад. Абдуқаҳҳор аз кори писараш қаноатманд аст, зеро давомдиҳандаи кори ӯ бояд софдил ва дар кор ҷиддиву боинтизом бошад. Ҳамин сифатҳоро писараш дорост.

Инак, боз Иди касбӣ- Рӯзи матбуоти тоҷик фаро расид. Абдуқаҳҳор ва ҳампешагонаш Вафобек Гулбердиев, Искандар Ёров, Ношак Наврӯзов, Саид Тӯраев, Мухтор Азизов, Норбибӣ Нормуродова, Саодат Ҷабборова ва Акбаралӣ Ниёзов дар хонаи истироҳатиашон ҷамъ омада, ёди устодону ҳамкоронашонро мекунанд. Қисме аз ҳаёт гузаштанд, қисме ба Федератсияи Россия кӯчиданд, вале кори неку номи неки онҳо ҳеҷ гоҳ фаромӯш намешавад. Дар симои онҳо мо имрӯз шогирдонашонро мебинем, ки давомдиҳандаи анъанаи неки устодонашон мебошанд. Устои ботаҷрибаи чопгар Абдуқаҳҳор Санаев яке аз онҳост. Бо дастони гулкори ӯ боз даҳҳо шумораҳои ҷашнии рӯзномаҳо дар Рӯзи матбуоти тоҷик ба дасти хонандагон мерасад.

Гулбаҳор Ёқубова,

донишҷӯйи курси панҷуми факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон