Дар Хатлон никоҳ зиёду таваллуд кам шуд

№73 (3710) 20.06.2017

Шуъбаи Раёсати сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон дар 5 моҳи соли ҷорӣ 37492 сабти таваллуд, 10057 никоҳ, 4982 вафот, 844 ҳолати бекор намудани никоҳ, 182 сабти фарзандхондӣ ва 5163 дархост бобати иваз намудани ному насабро ба қайд гирифт.

Тавре сардори шуъба Сафарзода Зинатгул Ҳотам иброз дошт, дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта сабти таваллуд 262 адад кам ва никоҳ 440 адад зиёд ба қайд гирифта шудааст.

Сулаймон Султонов,

«Садои мардум»