Дар саргаҳи об будан набояд боиси фориғболӣ бошад

№19-20 (3656-3657) 21.02.2017

194165782Дар арафаи соли нави мелодии 2017 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ намуда, Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор» (солҳои 2018 — 2028) — ро қабул кард. Ин хабари хуш, ки дар ҳошияи Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуд, ба пиру барнои кишварамон шодӣ ва фараҳ овард.

Бесабаб нест, ки Сарвари давлат диққати аҳли ҷаҳонро ба масъалаи об нигаронида, зарурати онро таъкид карда истодаанд. Зеро об яке аз чор унсурест, ки ба инсон зарур аст. Ҳаёт аз чор унсур иборат аст: об, хок, бод ва оташ. Агар ин чор унсур набошад, ҳаёт ҳам намешавад.

Асоси гуфтаҳои китоби муқаддаси мардуми ориёнажод «Авесто» — ро низ эҳтиром намудани ин чор унсур ташкил медиҳад. Тамоми мавҷудоти рӯи замин бо об зиндаанд ва он манбаи фаровонҳосилӣ ва серию пурист.

Дар ояти 18, сураи «Муъминун»-и «Қуръон»-и маҷид чунин таъкидот аст: «Мо аз осмон ба андозаи муайян об (барфу борон) фуруд овардем, онро дар замин ҷо додем ва Мо ба бурдани он чиз, албатта, қодирем».

Ҳамчунин, дар сураи «Анбиё», ояти 30 чунин таъкид шудааст: «Оё надидаанд, ки Мо тамоми мавҷудоти зиндаро аз об пайдо кардем? Наход (он мункирон) ҳоло ҳам имон наоранд?»

Ниёконамон ҳар як қатраи обро эҳтиёткорона сарф намудаанд ва намепурсиданд, ки чӣ қадар замин доред, балки мепурсиданд, ки чӣ қадар об доред?

Агар касеро дуои бад карданӣ бошанд, «Оби ҳавлиат хушк шавад» — мегуфтанд. Ва ё чун инсонҳои хубро медиданд, ситоиш карда мегуфтанд: «Дар ин деҳа одамони хуб зиндагӣ мекунанд. Бинобар ин, обҳояш тозаю мусаффост».

Мақолҳои халқӣ гувоҳи боқадр будани об аст: «Об зар — обмон заргар», «Ҷое об ҳаст, ҳаёт аст», «Касе об орад, азиз аст», «Модари об чашма асту модари сухан гӯш», «Бе об ҳаёт несту бе меҳнат роҳат», «Оби дари хона тира аст».

Ҳамин тавр, об қувваи бузург аст, ки НБО-ҳои азимро ба ҳаракат меорад. Чӣ саодат аст, ки ба мо аз ин имконият истифода бурдан насиб аст. НБО-ҳои «Норак», «Қайроққум», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва ғайра, дар якҷоягӣ бо НБО-и «Роғун» кишвари моро аз нур фаровон гардонида, истиқлолияти энергетикиро таъмин месозанд. Вале фаровон будани об ҳаргиз маънои онро надорад, ки обро исроф намоем.

Зарур ва ногузир аст, ки ба қадри он расем, зеро об неъмати бебаҳо буда, таваҷҷуҳи хосро тақозо дорад.

 Сулаймон ЭРМАТОВ, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи Иттифоқи журналистон ба номи А. Лоҳутӣ