Мужда

Дастоварди пахтакорони Бохтар

№142 (3288) 26.11.2014

Кишоварзони яке аз ноҳияҳои калонтарини пахтакори ҷумҳурӣ-ноҳияи Бохтар аз иҷрои дурнамои солонаи «тиллои сафед» сарбаландона мужда расониданд. Ба хирмани умумии «тиллои сафед»-и ҷумҳурӣ беш аз 26 ҳазору 500 тонна маҳсули дастранҷи зарофарони ин ноҳия ворид гардид, ки яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин аст.

Тавре муовини якуми раиси ноҳияи Бохтар Сулаймон Валиев иттилоъ дод, соли равон кишоварзони бохтарӣ дар майдони 12 ҳазору 200 гектар замин пунбадона кишт намуданд. Қабл аз ҳама шудгори заминҳо хушсифат ба анҷом расонида шуд. Ҳангоми кишт тухмиҳои хушсифат интихоб шуда, барои сари вақт ва дар муҳлатҳои муайяншудаи агротехникӣ ба анҷом расонидани ин маъракаи муҳим аз ҳар як рӯзи офтобӣ самаранок истифода бурдаанд.

Аз таҷрибаи чандсола бармеояд, ки давраи сабзишу нашъунамо ва парвариши ниҳолҳои пахта барои кишоварзон давраи имтиҳону санҷиш ва нишон додани маҳорату кордонист. Хушбахтона, кишоварзони бохтарӣ дар натиҷаи меҳнати ҳалол, хуб ба роҳ мондани корҳои агротехникӣ, аз қабили нарм кардани байни қаторҳо, ягонакунии ниҳолҳо, аз алафҳои бегона тоза намудани пахтазор, обмонӣ, ғизодиҳӣ, муборизаи беамон бурдан бар зидди ҳашароти зараррасон тавонистанд, ки ҳосили фаровони «тиллои сафед» рӯёнанд. Махсусан соли ҷорӣ пайдоиши шираю ҳашароти зараррасон мушкилоти зиёдеро ба вуҷуд овард. Пахтакорон маҷбур шуданд, ки дар мавсим то 7-8 маротиба ва дар баъзе қитъаҳо ҳатто бештар аз ин бар зидди ҳашароти  зараррасон чораандешӣ намоянд.

Кишоварзони бохтарӣ сарчашмаи пешравии кори худро дар таҷдиди хоҷагиҳои пахтакорӣ ва ба соҳиби ҳақиқии замин — деҳқон додани он медонанд. Таҷриба нишон дод, ки дастовардҳои истеҳсолӣ дар байни хоҷагиҳои хурди инфиродию оилавӣ бештар ба назар мерасад. Хоҷагиҳои хурди оилавие ҳастанд, ки аз ҳар як гектар 45-50 ва бештар аз ин ҳосил ба даст овардаанд.

Рӯй овардан ба замин боиси он гардид, ки мардуми меҳнаткаш барои пайдо кардани ризқу рӯзии худ ва аҳли оилаашон минбаъд аз муҳоҷирати меҳнатӣ ба Федератсияи Россия даст кашанд. Тавре сарвари хоҷагии «Эшони Баёзиддин» аз  деҳоти «Ориён» Баёзиддин Зикиров иброз медорад, сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар боби ба соҳиби аслиаш тақсим карда додани замин имкон дод, ки аҳли оилааш фидокорона меҳнат намоянд ва ризқу рӯзии хешро дар Ватан пайдо намоянд. Натиҷа ҳамин аст, ки ҳамаи панҷ фарзандаш аз муҳоҷирати меҳнатӣ даст кашиданд.

Дар амалӣ гардидани сиёсати Роҳбари давлат ва рушди кишоварзӣ саҳми роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Бохтар назаррас аст.

Пахтакорони  бошарафу ҳалолкори ноҳияи Бохтар ният доранд, ки то охири мавсим хирмани умумии ҳосили «тиллои сафед»-ро ба 30 ҳазор тонна расонанд ва дар таъмини дурнамои солонаи истеҳсоли пахтаи вилояти Хатлон саҳми муносиб гузоранд.

Давлат Султонов, «Садои мардум»