Иқдоми хайр

Деваштич. Пул ба ҷойи ҳаҷ

№314 (3908) 20.09.2018

Сокини 80 — солаи деҳаи Метки ноҳияи Деваштич Моҳтобхон Фозилова маблағи барои тавофи Хонаи Худо пасандозкардаи худро дар сохтмони пул сарф кард.

Бо ташаббуси ин зани хайрхоҳ дар селроҳаи даромадгоҳи мавзеи дурдасттарини ноҳияи Деваштич-деҳаи Метк, ки ҳангоми боришот ба мактабу чанд хонаи истиқоматии шафат хатар эҷод мекард, пули нав мавриди истифода қарор гирифт. Барои сохтмони он, ки 9 метр дарозиву наздик ба 6 метр паҳноӣ дорад, Моҳтобхон Фозилова 70 ҳазор сомонӣ сарф кардааст.

Дар тантанаи баистифодасупории пули нав роҳбари гурӯҳи кории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Адҳам Рустам, муовини раиси вилояти Суғд Хоҷазода Ориф Ашӯр, раиси ноҳия Рустам Ҷӯразода ширкат варзида, амали хайри Моҳтобхон Фозиловаро шоистаи таҳсин арзёбӣ карда, ба аҳли деҳа, ки дар сохтмони пул бевосита саҳм гузоштаанд, изҳори миннатдорӣ намуда, туҳфаю ифтихорнома тақдим намуданд.

Ҳусейни Назрулло,

«Садои мардум»