Дар ҳошияи Паёми Президенти мамлакат ба Маҷлиси Олӣ

Дурнамои иқтисоди мамлакат дар Паёми Пешвои миллат

№3 - 4 (4109 - 4110) 07.01.2020

49277467608_218f4f11e6_oЯке аз рукнҳои муҳими давлати соҳибистиқлол ва рамзҳои асосии давлатдории демокративу ҳуқуқбун­ёд дар ҷамъбасти ҳар сол ба Парлумони мамлакат ва дар симои он ба сокинони кишвар пешниҳод намудани Паём аз ҷониби Роҳбари давлат мебошад.

Пешниҳод гардидани Паём аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи манфиатҳои миллии кишвар мустақилона муайян намудани самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷӣ ва дурнамои рушди мамлакат дар ҳақиқат, тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихии мардуми шарифи Тоҷикистон аст.

Паём, яъне сухани самимии Пешвои миллат ба ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори нас­ли имрӯз ба наслҳои фардо ва садои баланду созандаи давлату миллати Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад.

Асосан, тибқи мафҳуми умумиэътирофшудаи Паёми Президент ба Парламент — яке аз шакл­ҳои муҳими ҳамкории Сардори давлат ва мақомоти намояндагии умумимиллӣ мебошад. Паём, тибқи қоида, ҳисоботи расмии солона аз вазъи давлат ва самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии он аст. Паёми Президент ба Парламент на фақат ҳуқуқ, балки уҳдадорӣ низ мебошад. Аслан, Паём аз ҷониби Президент шахсан дар ҷаласаи якҷояи Парламент (агар парламент аз ду палата иборат бошад) баён мегардад, ки аксар вақт дар тамоми ҳудуди мамлакат аз тариқи расонаҳои хабарӣ пахш мешавад. Тибқи анъанаҳои баъзе аз давлатҳо, Президент баъд аз баён кардани Паём толорро тарк менамояд ва сипас муҳокимаи он оғоз мегардад.

Ин навъи пешниҳоди маълумот ба ҷумҳуриҳои президентӣ хос мебошад, ки Президент ҳамзамон роҳбари Ҳукумат ба ҳисоб меравад. Дар амалияи давлатӣ-ҳуқуқии давлатҳои хориҷӣ шаклҳои гуногуни баёни Паёми Президент ҷой дорад. Масалан, Президенти ИМА ба Конгресс се намуди Паёмро ироа менамояд — Паём оид ба вазъияти мамлакат, дар бораи иқтисодиёт ва буҷети давлатӣ. Дар Федератсияи Россия Паём баҳогузории ҳолати умумии давлат ва муқарраркунандаи барномаи қонунгузорӣ барои соли оянда мебошад.

Бояд иброз намуд, ки Паёми Президент дорои якчанд хусусият мебошад:

1. Ҳуҷҷати сиёсӣ-ҳуқуқиест, ки ҳадафҳои афзалиятдошта, самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлатро муайян мекунад, инчунин, хислати стратегӣ дорад (барои дурнамои наздик), ҳамзамон, мақсад вазифаҳо ва афзалияти сиёсати ҳуқуқиро мушаххас месозад.

2. Ба маънои маҳдуд ин ахбори Президент дар назди мақомоти олии қонунгузор — Парламент, ба маънои васеъ — барои мақомоти дахлдори давлатӣ, институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дар маҷмӯъ, воситаи ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расонидани иттилоот дар бораи дастовардҳо ва ҳадафҳои ниҳоии сиёсати давлат аст.

3. Вобаста ба мазмун, ҳисоботи гуногунранги сиёсиест, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар мегирад.

4. Шакли самараноки амалишавии ҳуқуқи Президент ба ташаббуси қонунгузорӣ мебошад, ки дар аксари ҳолат тавассути он асоснокии пешниҳоди қонунгузорӣ муайян карда мешавад.

5. Агарчӣ  Паём меъёрҳои ҳуқуқӣ надошта бошад ҳам, он хислати меъёрӣ дорад, зеро барои мақомоти дахлдори давлатӣ, шаҳрвандон ва ташкилотҳо аҳамияти умумиҳатмиро ифода мекунад.

6. Ҳарчанд ин ҳуҷҷат санади меъёрии ҳуқуқӣ нест ва дар қонун ба ин шакл муқаррар нашудааст, вобаста ба мазмун (муайянсозии ҳадаф, вазифа, афзалиятҳо, чораҳои баррасӣ ва ҳал), аҳамият ва самти худ ҳуҷҷати сарнавиштсози сиёсати ҳуқуқӣ ва дар маҷмӯъ, ҳуҷҷати сиёсати ҳуқуқэҷодкунӣ аст.

Ҳоло дар низоми сиёсии давлатдорӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати расмӣ ва муҳими барномавӣ буда, оинаи равшани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Тоҷикистон, барномаи мукаммали кории тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад.

Ин аст, ки на танҳо хизматчиёни давлатӣ, балки тамоми мардуми Ҷумҳурии Тоҷикистон гаштаву баргашта ба ин ҳуҷҷати сарнавиштсоз рӯй оварда, мазмуну моҳияти олии онро сармашқи фаъолият менамоянд.

Паёми Пешвои миллат дар шароите баён гардид, ки Тоҷикис­тони азизи мо дар остонаи таҷлили муҳимтарин ҷашн­вораҳои сиёсиву фарҳангӣ, алалхусус, таҷлили 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ, интихоботи Парлумони  Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.

Дар Паёми имсолаи  Пешвои  миллат моҳияти равандҳои асосии минтақавӣ ва ҷаҳонӣ амиқ арзёбӣ гардида, масъалаҳои муҳимтарини  ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ ва иқтисодии мамлакат ҳамаҷониба баррасӣ гашта, барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои қатъӣ дода шуданд.

Метавон гуфт, ки дар Паём асосан ба иқтисодиёт аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст.

Аз нигоҳи асосгузори илми назарияи иқтисод Арасту, ки файласуфи барҷастаи ҳама давру замон эътироф шудааст, иқтисод илм оид ба рӯзгордории (хоҷагидории) оқилона мебошад. -Иқтисод, ба андешаи Арасту, ­бунёди «боигарии ҳақиқӣ», андӯхти арзиши истеъмолӣ аст. — Иқтисод, — мегӯяд Арасту, — фаъолияти муҳимтарин ва пурифтихортарин аст, чунки он эҳтиёҷоти ҳаётан муҳими инсонро қонеъ мегардонад.

Мафҳуми муосири «иқтисод» аз калимаи юнонии oikonomia (ойкос — хона, ном — қоида ё ин ки нем — танзим) бармеояд ва аз ин рӯ «ойкономия» — ҳамчун илм оид ба хона ё ин ки санъати идоракунии хона, қоидаҳои идоракунии хоҷагии хонавода фаҳмида мешавад.

Иқтисодиёт системаи истеҳсолот, тақсимот, мубодила ва истеъмоли мол ва хизматрасониҳо мебошад. Албатта, асоси иқтисодро истеҳсоли мол ташкил менамояд. Бе истеҳсолот на савдо вуҷуд дорад, на мубодила ва на истеъмолот.

Функсияи асосии иқтисод офаридани неъматҳое мебошад, ки барои фаъолияти ҳаёти инсон заруранд ва бидуни онҳо ҷамъият инкишоф ёфта наметавонад. Иқтисодиёти ҷомеа организми мураккаб ва фарогиранда буда, фаъолияти ҳаёти ҳар як инсон ва ҷамъиятро таъмин менамояд.

Аз ин рӯ, Паёми хешро Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон  аз дастовардҳои Тоҷикистон дар соли сипаригардида оғоз намуда, махсусан зикр карданд, ки «тат­биқи чорабиниҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ҷиҳати расидан ба ҳадафи олии мо, яъне, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми шарифи кишварамон, мусоидат намуд».

Яке аз самтҳои муҳиме, ки дар Паём мавриди таваҷҷуҳи хоси Пешвои миллат қарор гирифт, масъалаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар барои соли 2020 ва дурнамои он мебошад.

Масъалаи аввалине, ки дар самти иқтисодӣ баррасӣ гардид, таҳлили суръати воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2019 мебошад. Зикр гардид, ки «соли 2019 суръати афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,5 фоизро ташкил дода, ин нишондиҳанда аз ҳисоби зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба андозаи 13,4 фоиз, маҳсулоти кишоварзӣ 7,1 фоиз, гардиши савдо 8 фоиз ва хизматрасониҳои пулакӣ 1,6 фоиз таъмин карда шуд. Дар ҳафт соли охир рушди иқтисодиёти кишвар ҳарсол ба ҳисоби миёна дар сатҳи 7 фоиз таъмин гардида, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 45,6 миллиард сомонӣ ба 78 миллиард афзоиш ёфт».

Вобаста ба масъалаи буҷети давлат, ки солҳои охир бо суръати муайян афзоиш ёфтааст, Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «дар ин давра ҳаҷми умумии даромади буҷет қариб ду баробар афзуда, аз 12 миллиард сомонии соли 2013 ба 23 миллиард  сомонӣ баробар шуда, даромади пулии аҳолӣ бошад, беш аз ду баробар ва музди меҳнати миёнаи як корманд 2,4 баробар афзоиш ёфт» (дар ҳамон ҷо).

Масъалаи муҳиме, ки ҷанбаҳои иқтисодии Паёмро ташкил медод, пеш аз ҳама, бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар буд. Дар ин самт зикр гардид, ки «бақияи пасандозҳо дар низоми бонкии кишвар соли 2019 беш аз 9,5 миллиард сомониро ташкил карда, дар ҳафт соли охир 45 фоиз зиёд гардид».

Аз Паём бармеояд, ки паст намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар яке аз масъалаҳои муҳим дар ҷомеаи Тоҷикистон маҳсуб гардида, доимо мавриди таваҷҷуҳи Давлату Ҳукумат, алалхусус Президенти мамлакат қарор дорад. Аз ин ҷост, ки сатҳи камбизоатӣ ба 27,5 фоиз коҳиш ёфта, дарозумрии миёнаи шаҳрвандон то 75 сол боло рафт.

Пешвои миллат оид ба паҳлуҳои дигари масъалаҳои демографии кишвар таваҷҷуҳи амиқ зоҳир намуда, баён доштанд, ки «… тибқи таҳлилҳо дар замони соҳибистиқлолӣ нишондиҳандаи умумии фавт қариб ду баробар, аз ҷумла, фавти кӯдакони синни то панҷсола 3,2 баробар кам шудааст. Дар ин давра аҳолии Тоҷикистон аз панҷуним миллион қариб ба 9,5 миллион нафар расида, беш аз 70 фоиз афзудааст». Чунин нишондиҳандаҳои асосии демографии мамлакат маълум месозад, ки солимии аҳолии кишвар, аз ҷумла, модару кӯдак, дар натиҷаи амалӣ гардидани барномаҳои қабулнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи тандурустӣ  беҳтар гардидааст.

Ҳамзамон, дар Паём масъалаҳои дурнамои нишондодҳои демографии Тоҷикистон мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт. Қайд гардид, ки «тибқи ояндабинии ниҳоди марбутаи Созмони Милали Муттаҳид аҳолии кураи замин соли 2050 то 9,7 миллиард нафар афзоиш меёбад. Мувофиқи ҳамин дурнамо аҳолии кишвари мо соли 2050 ба 17 миллион нафар мерасад». Ҳадаф аз ин нишондиҳандаҳо ишора ба  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба омода намудани дурнамои рушди соҳаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ мебошад.

Масъалаи саҳми бахши хусусӣ, баланд гардидани нишондодҳо ва таъсири он дар самти Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ яке аз дастовардҳои солҳои охир дар бахши иқтисоди кишвар махсусан арзёбӣ гардид. Вобаста ба ин самт зикр гардид, ки «саҳми бахши хусусӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2013-ум 54 фоиз буд ва ин нишондиҳанда соли 2019 ба 70 фоиз расонида шуд». Ин гувоҳи он аст, ки Пешвои миллат нисбат ба рушд ёфтани соҳибкории хусусӣ диққати доимӣ медиҳанд ва ҳаматарафа дастгирии онҳоро таъкид менамоянд.

Иброз дошта шуд, ки барномаи пешазинтихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба масъалаи рушди паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ, аз ҷумла, ҳаёти иқтисодии кишвар, бахшида шуда буд, имрӯз татбиқ ёфт, зеро «… нишондиҳандаҳои дар соли 2013 пешбининамудаи барномаи номзад ба Президенти кишвар барои 7 сол, дар маҷмӯъ, иҷро гардиданд, намунаи беҳтарини татбиқи барнома ва стратегияҳои давлатӣ мебошанд».

Вазифагузориҳо дар ин самт, дар асоси баёни Паём муайян намуданд, ки «Ҳукумати кишвар вазифадор карда мешавад, ки минбаъд ба ҷанбаҳои сифатии рушди иқтисоди миллӣ, тақвияти неруи инсонӣ, бо истифода аз технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани инноватсия вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, баланд бардоштани фаъолнокии иқтисодии аҳолӣ, такмили низоми дастгирии соҳибкориву сармоягузорӣ ва тавсеаи иқтисодиёти рақамӣ диққати аввалиндараҷа диҳад».

Метавон иброз намуд, ки маҳз бо ташаббус ва дастгирии Президенти кишвар муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон, Ҳукумати Тоҷикистон бо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва кишварҳои мутараққии ҷаҳон муносибатҳои устувори иқтисодӣ барқарор намуд, ки ҳоло ин кишварҳо дар татбиқи сиёсати ислоҳоти иқтисодӣ ва барномаҳои рушди кишвар саҳмгузорӣ менамоянд.

Дар давраи истиқлолият бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ зиёда аз 80 барномаи соҳавӣ қабул гардид ва амалисозии муваффақи аксари онҳо ба пешрафти соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд.

Рушди муносибатҳои иқтисодӣ дар мамлакат ва умуман, ҷомеаи ҷаҳонӣ, моро водор месозад, ки барои муътадил инкишоф додани иқтисодиёти миллӣ ва  мутобиқсозии он ба бозори ҷаҳонӣ тадбир андешем.

Рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолӣ дар кишвар ва ба талаботи бозори ҷаҳонӣ мутобиқ будани он яке аз бахшҳои умдаи Паём ҳисоб меёбад, ки дар ин самт низ Пешвои миллат махсус таъкид намуданд: «шиддат гирифтани рақобати тиҷоратӣ миёни кишварҳо моро вазифадор месозад, ки дар самти пешгӯии хавфҳо ва коҳиш додани таъсири онҳо ба иқтисоди миллӣ, инчунин, баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ тадбирҳои зарурӣ андешем».

Дар робита ба ин, Президент аз Ҳукумати кишвар талаб намуданд, ки «… соли 2020 ҷиҳати ба ҷумҳурӣ 87,4 миллиард сомонӣ расонидани ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ бо суръати афзоиши он дар сатҳи 7,8 фоиз ва дар ҳаҷми 26 миллиард сомонӣ таъмин кардани қисми даромади буҷет чораҳои зарурӣ андешад. Ҳукуматро, ҳамчунин, зарур аст, ки дар 7 соли оянда суръати афзоиши воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро дар як сол 7-8 фоиз, афзоиши ҳаҷми онро беш аз 1,8 баробар ва ба ҳар сари аҳолӣ 1,7 баробар таъмин намуда, ҷиҳати ба 45 фоиз расонидани ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ва то 18 фоиз паст намудани сатҳи камбизоатӣ нақшаҳои тасдиқгардидаро босифат амалӣ намояд».

Қобили зикр аст, ки гузаштан ба технологияи рақамӣ яке аз самтҳои асосии мустаҳкам намудани сиёсати иқтисодии кишвар ба шумор меравад. Вобаста ба ин дар Паём Ҳукумати мамлакат вазифадор шуд, ки «… бо мақсади ҳар чӣ зудтар ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ки дар Паёми соли гузашта таъкид гардида буд, консепсияи иқтисодиёти рақамӣ ва дар асоси он барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамиро қабул ва амалӣ созад». Дарвоқеъ, қабул ва амалӣ гардонидани консепсияи иқтисодиёти рақамӣ ва барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодиёти рақамӣ талаби замон буда, дар пешрафт ва тараққиёти иқтисодии кишвар нақши муҳим мебозад.

Дар замони муосир «иқтисоди рақамӣ» яке аз самтҳои афзалиятнок дар рушди иқтисодии мамлакат дониста мешавад. Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи минбаъдаи захираҳои рақамӣ ва афзоиш додани суръати рақамикунонии иқтисод дорои шароит ва заминаҳои мусоид мебошад.

Зимнан, иқтисоди рақамӣ — фаъолияти хоҷагидориест, ки дар он омили асосии истеҳсолот маълумот дар шакли рақамӣ мебошад. Коркарди ҳаҷми калон, таҳлил ва истифодаи маълумоти шакли рақамӣ имкон медиҳад, ки самаранокии намудҳои гуногуни истеҳсолот, технологияҳо, нигоҳ доштан, фурӯхтан ва дастрас намудани молҳо ва хизматрасониҳо нисбат ба шаклҳои анъанавии хоҷагидорӣ, ба таври назаррас баланд бардошта шаванд.

Илова бар ин, иқтисоди рақамӣ — низоми муайяне мебошад, ки  муносибатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро дар заминаи истифодаи технологияҳои рақамии иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (ТИК) татбиқ мекунад. Он на танҳо барои ташкил кардани шароити зарурӣ ҷиҳати пайдо кардани технологияҳои нави рақамии ояндадор, балки барои истифодаи моделҳои инноватсионии пешқадами ташкил кардани савдо, тиҷорат, логистика, истеҳсолот равона шудааст.

Бинобар ин, Пешвои миллат боисрор талаб мекунанд, ки дар самти ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ, ки таъсири омилҳои инсониро бартараф месозад, чораҳои мушаххас андешида, қадамҳои қатъӣ гузошта шаванд. Бо дарназардошти ин омил, Ҳукумати мамлакат дар самти ҷорисозии иқтисодиёти рақамӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои зарурӣ меандешад. Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва банди 2 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2019 «Дар бораи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» оид ба вусъат бахшидани корҳо, ҷиҳати татбиқи иқтисодиёти рақамӣ ва дар заминаи он ҷорӣ кардани технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодиёти мамлакат, Вазорати рушди иқтисод ва савдо муваззаф гардидааст, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи Консепсияи иқтисодиёти рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои баррасӣ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Яке аз масъалаҳои мубрами иқтисодӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ ташкили шароити мусоид барои фаъолияти бахши хусусӣ мебошад. Дар ин замина андозу андозситонӣ  аз ҷумлаи масъалаҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Зеро солҳои охир мушоҳида мешавад, ки қисми назарраси соҳибкорон аз сангин будани шароити андозситонӣ шикоят намуда, тарки фаъолияти соҳибкорӣ кардаанд. Ин нуктаро ба назар гирифта, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон таъкид намуданд, ки: «Ҳангоми таҳияи Кодекси андоз ҳавасмандсозии истеҳсолкунандагони ватанӣ, боз ҳам содаву оммафаҳм гардонидани маъмурикунонии андоз ва беҳтар кардани фазои сармоягузориро пешбинӣ намоянд. Мо бояд ба рушди бахши хусусӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда, заминаи ягонаи ҳуқуқиро барои ҳамаи иштирокчиёни фаъолияти иқтисодӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо, муҳайё созем».

Як нуқтаро дарҷ намудан зарур аст, ки имрӯз саҳми Ҳукумати кишвар дар рушду пешрафти бахши хусусӣ басо назаррас мебошад. Чунон ки дар баромади Президенти кишвар садо дод: «танҳо солҳои 2016-2018 маблағи умумии имтиёзҳои ҷоришуда беш аз 15 миллиард сомониро ташкил намуд, ки ин саҳми Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳибкорӣ дар соҳаҳои иқтисодиву истеҳсолӣ мебошад. Илова бар ин, дар заминаи ислоҳоти татбиқнамудаи Ҳукумати мамлакат дар се соли охир шумораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор шаш баробар кам шудааст. Агар соли 2016 шумораи чунин санҷишҳо қариб 300 ҳазорро ташкил дода бошад, соли ҷорӣ ҳамагӣ 48 ҳазорро ташкил кардааст». Ишораи Роҳбари давлат ба он аст, ки санҷишҳои бемавриди сохторҳои назоратӣ монеъ ба рушди иқтисодӣ мебошанд.

Ба андешаи мо, яке аз нуктаҳои муҳиме, ки дар баромади Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр шуд он буд, ки дар таҳрири Кодекси андоз на танҳо мутахассисони соҳа, балки соҳибкорон ҳам ҷалб шаванд, то ки фикру андешаҳои худро пешниҳод намоянд. Ин нукта аз он дарак медиҳад, ки барои қабули Кодекси андоз нуктаи назари табақаҳои гуногуни ҷомеа ба назар гирифта мешавад. Чунин пешниҳод далели он аст, ки аҳолӣ дар раванди ҳуқуқэҷодкунӣ фаъолона иштирок намуда, фикрашро иброз дорад. Ин яке аз роҳҳои демократии таҳия ва қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад.

Бояд иброз намуд, ки ҷалби сармояи дохилӣ ва хориҷӣ ба рушди бонизоми иқтисодиёти давлат мусоидат менамояд. Дар замони рушди иқтисоди бозорӣ чунин намуди фаъолият аз ҷониби давлатҳои пешрафта самаранок роҳандозӣ мешавад. Дар ин замина ҷалб намудани сармояи мустақими дохилӣ ва хориҷӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маврид аст. Яке аз омилҳои таъмини инкишофи иқтисоди кишвар ҷалби бевоситаи сармояи хориҷӣ мебошад. Аммо сармоягузорони хориҷӣ то ба ҳол ба маълумоти зарурӣ вобаста ба муҳити сармоягузорӣ, имконияти пурра ба лоиҳаҳои афзалиятдошта дастрасӣ надоранд.

Вобаста ба ин масъала дар Паёми Президенти кишвар зикр шуд, ки: «Ҳукумати Тоҷикистон ба сармоягузории соҳаҳои иқтисодиёт ҳамчун воситаи асосии саноатикунонии босуръат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, дар самти беҳтар гардонидани фазои сармоягузорӣ ва ҷалби ҳар чӣ бештари сармояи мустақим тадбирҳои мушаххасро амалӣ карда истодааст. Дар солҳои 2013-2019 ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти кишвар 57,3 миллиард сомонӣ сармояи хориҷӣ ворид гардидааст, ки қариб 30 миллиард сомонии он сармояи мустақим мебошад. Тибқи санадҳои қабулшуда ҷалби сармояи хусусӣ бояд афзоиш ёфта, соли 2020 ҳиссаи он нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 10 фоиз расонида шавад».

Аз ҷониби Сарвари давлат эълон гардидани мораторияи дусола ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ барои рушди соҳаи саноат ва таъсири бевоситаи он ба бахшҳои дигари иқтисодиёти кишвар заминаи мусоид мегузорад. Ислоҳоти иқтисодӣ доир ба беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ имкон дод, ки давоми даҳ соли охир нишондиҳандаҳои макроиқтисодии кишвар дар сатҳи устувор нигоҳ дошта, рушди воқеии иқтисодиёт ба ҳисоби миёна 7 дарсад таъмин гардад, ки ин дар миқёси ҷаҳонӣ нишондиҳандаи назаррас аст.

Ҳоло дар назди мо доир ба истифодаи самараноки захираҳои бузурги гидроэнергетикии кишвар, табдил додани Тоҷикистон ба кишвари транзитӣ ва таъмин намудани сатҳи баланди зиндагии мардум, ҳамчунин, тавсеаи имкониятҳои шуғли босамари аҳолӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ вазифаҳои умда қарор доранд. Боварӣ ҳаст, ки тадбирҳои роҳандозишуда ба саноатикунонии босуръати кишвар мусоидат намуда, Тоҷикистон ба кишвари пешрафтаи индустриалӣ мубаддал мегардад.

Ҳамчунин, дар заминаи ба роҳ мондани муносибатҳои дуҷониба бо ширкатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намудани бонки нав барои ҷалби сармояи мустақими хориҷӣ айни муддаост. Вобаста ба ин масъала дар Паём зикр шуд, ки «… ҳамкориро бо ширкатҳои ватаниву хориҷӣ бо мақсади ҷалби сармояи мустақим барои ташкили корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, бахусус, дар соҳаҳои саноати сабук ва хӯрокворӣ тақвият бахшанд. Ба Ҳукумати мамлакат супориш дода мешавад, ки барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, махсусан, дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва содироткунандагони ватанӣ, ҷиҳати иҷрои вазифаҳои Фонди дастгирии соҳибкорӣ бонк таъсис диҳад».

Чунон ки маълум аст, дар иқтисоди миллии кишвари мо масъалаи содироти маҳсулоти ватанӣ ба диди нав ниёз дорад. Дар ин замина Президенти кишвар зикр карданд, ки яке аз масъалаҳои ҳалталаб дар пешбурди содирот муаррифӣ нагардидани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ ва иштироки нокифоя дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз масъулон, аз ҷумла, Палатаи савдо ва саноат, талаб карда шуд, ки дар ин самт корро ҷоннок намоянд. Аз ин ҷо бармеояд, ки мувофиқ намудани маҳсулоти содиротӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ, вобаста ба завқи истеъмолкунандагон, ҳадафи асосии Сарвари давлат мебошад. Барои муваффақ шудан дар ин самт Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон таъкид намуданд, ки «… ҷиҳати дастрасӣ ба маълумот оид ба номгӯи маҳсулоти содиротӣ ва корхонаҳои истеҳсолкунанда зарур аст, ки портали савдои Тоҷикистон такмил дода шуда, корхонаҳои саноатӣ барои муаррифии маҳсулот ва пайдо намудани шарикони хориҷӣ сомонаҳои интернетии худро таъсис диҳанд. Вазорати саноат ва технологияҳои нав бояд бо истифода аз таҷрибаи байналмилалӣ ва бо мақсади муаррифии маҳсулоти ватанӣ маълумоти дахлдорро бо зикри номи корхона, номгӯи маҳсулоти содиротӣ ва дигар иттилооти зарурӣ мунтазам ба нашр расонад».

Чун таъсиси сомонаҳои интернетӣ ҳамчун муаррификунандаи маҳсулоти истеҳсолии ватанӣ дар дохил ва хориҷи кишвар мебошад, дар Паём махсусан таъкид шуд, ки метавонанд омили муҳимтарини ҷалби муштариён гарданд. Дар ин замина Пешвои миллат ба як қатор вазорату идораҳои масъули соҳа супоришҳои мушаххас доданд. Ҳамзамон, Вазорати рушди иқтисод ва савдо, Агентии содирот ва Палатаи савдо ва саноат вазифадор шуданд, ки барномаи рушди содиротро барои солҳои 2021-2025 таҳия ва ба баррасии Ҳукумати кишвар пешниҳод намоянд. Албатта, муаррифии маҳсулот аз ҷониби истеҳсолкунандагон заминаи асосии бомуваффақият ба савдо баровардани маҳсулот ва рушди соҳа мебошад.

Президенти кишвар дар самти дастрасии соҳибкорону истеҳсолкунандагон ба захираҳои молиявии дарозмуҳлат ва нисбатан арзон, ки то ҳол имрӯз ҳамчун проблема боқӣ мемонад, изҳори нигаронӣ карда, низоми бонкии кишварро вазифадор намуданд, ки он бояд ба рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, фаъолнокии бахши хусусӣ ва гардиши савдои хориҷӣ мусоид ва сарчашмаи асосии дастгирии молиявии ҳадафҳои давлат бошад.

Дар ин замина Бонки миллӣ вазифадор шуд, ки ҷиҳати муайян намудани сабабҳои кам ҷалб гардидани сармояи дохиливу хориҷӣ барои ташкили бонкҳои нав ва камшавии сармояи оинномавии бонкҳои амалкунанда чораҳои зарурӣ андешида, сиёсати пуливу қарзиро ба рушди устувори иқтисоди миллӣ ва афзоиши содирот равона созад.

Ғайр аз ин, Бонки миллии Тоҷикистон вазифадор шуд, ки:

- якҷо бо Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Амонатбонк» ҷиҳати ба таври назаррас зиёд намудани ҳаҷми қарздиҳӣ ба соҳаҳои иқтисодиёт, алалхусус, бахшҳои истеҳсолӣ ва паст кардани фоизи он, чораҳои таъхирнопазир андешад;

- якҷоя бо мақомоти дахлдори давлатӣ барои дар доираи нишондиҳандаҳои пешбинишуда нигоҳ доштани сатҳи таваррум тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардонад;

- бо мақсади таъсиси намояндагии бонкҳои алоҳидаи кишварҳои шарик ҷиҳати таъмини шароити беҳтар барои фаъолияти корхонаҳои истеҳсолӣ бо сармояи шарикон чораҷӯйӣ намояд.

Масъалаи татбиқи амалии ҳадафҳои стратегӣ омили асосии рушди давлат, таъмини зиндагии шоистаи мардум ва обрӯи байналмилалии Тоҷикистон мебошад. Соли 2017 дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ вобаста ба ҳадафҳои стратегӣ иброз гардида буд, ки мо вазифадорем боз ҳам бештар заҳмат кашида, ба иҷрои ҳадафҳои стратегии миллиамон — таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баровардан ва ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолии мамлакат ба ғизои хушсифат ноил гардем, диёрамонро то гӯшаҳои дурдасти он боз ҳам ободу зебо гардонем, корхонаву коргоҳҳои нав бунёд кунем, барои сокинон ҷойҳои корӣ муҳайё намоем ва сатҳу сифати зиндагии халқамонро аз имрӯза дида, баланд бардорем.

Вобаста ба ин масъала бо ташаббуси Президенти кишвар чораҳои зарурӣ андешида шуданд ва амалигардонии ин ҳадафҳо дар фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ, ниҳоди алоҳидаи ҷомеаи шаҳрвандӣ мавқеи хосаро касб намуданд.

Татбиқи амалии ҳадафҳои мазкур имконият доданд, ки Давлату ҳукумат барои роҳандозии стратегияи нави давлатӣ  «Саноатикунонии босуръати кишвар»-ро пешниҳод созад. Пешниҳоди мазкур дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ (соли 2018) эълон гардид, ки барои табдил додани Тоҷикистон аз кишвари «аграрӣ-саноатӣ» ба «саноатӣ-аграрӣ» мусоидат менамояд.

Масъалаи саноатикунонии босуръати кишвар, ки ҳамчун ҳадафи стратегӣ маҳсуб меёбад, дар маркази диққати Президенти кишвар қарор дорад.

Ташаббуси саноатикунонии Тоҷикистон дар пасманзари худ масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани ҷавонон ва аҳолӣ, монеъ гардидан ба таблиғи ақидаҳои ифротӣ, аз байн бардоштани шиддати муносибатҳои ҷамъиятӣ ва ба ин восита таъмини амнияту субот дар мамлакатро дар назар дорад.

Саноатикунонии босуръати мамлакат пайомадҳои зиёди мусбатро доро мебошад. Бунёди корхонаҳои саноатӣ ва инфрасохтори он сабаби бо ҷойи кор таъмин намудани аҳолии мамлакат ва ба даст овардани музди меҳнати кофӣ мешавад, ки боиси баланд шудани некуаҳволии шаҳрвандон мегардад.

Мавзӯи мавриди назар, яъне, саноатикунонӣ, инчунин, сабаби тағйирот дар таркиби ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон мегардад. Сафи шаҳрвандоне, ки дар корхонаҳои саноатӣ кор мекунанд, меафзояд ва ин тағйирот дигаргунии сифатӣ дар таркиби ҷомеаи шаҳрвандии мамлакат аст. Дар ин замина, яке аз ҷанбаҳои муҳими Паёми Пешвои миллатро масъалаи саноатикунонии босуръати кишвар ташкил медиҳад. Дар Паём зикр гардид, ки: «Мо саноатикунонии босуръатро ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии кишвар қабул кардем, зеро рушди саноат барои таъмин намудани устувории иқтисодиёт, ташкили ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротии мамлакат ва рақобатнокии он замина мегузорад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар 7 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ қариб 3 баробар (аз 10 миллиард сомонӣ ба 27,5 миллиард сомонӣ) ва ҳиссаи соҳа дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 5,1 банди фоизӣ (аз 12,6 ба 17,7 фоиз) зиёд гардидааст».

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки «… нишондиҳандаҳои соҳа ҷиҳати иҷрои босифати барномаҳои қабулгардида ҳанӯз нокифоя буда, корҳо дар самти баланд бардоштани рақобатнокии маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, татбиқи сиёсати мусоидат ба содирот ва воридотивазкунӣ қонеъкунанда нестанд».

Бо дарназардошти он ки  нишондодҳо нокифоя арзёбӣ гардиданд, Пешвои миллат дар Паём ба як қатор вазорату идораҳои давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Аз ҷумла, гуфтанд, ки «… роҳбарони вазоратҳои саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо, кишоварзӣ, корҳои хориҷӣ, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Кумитаи рушди маҳал ва Агентии содирот бояд якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо доир ба интихоби минтақаҳо тибқи занҷираи «ашёи хом — истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ — дарёфти бозори фурӯш» тадбирҳои  зарурӣ андешанд».

Вобаста ба беҳдошти фаъолияти соҳибкорӣ зикр гардид, ки Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Агентии содирот, яъне, ду сохтори муҳими ин соҳа, якҷо бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати баланд бардоштани малакаи соҳибкорон дар самти омода намудани нақшаҳои пешбурди фаъолият мунтазам чораҷӯйӣ намоянд. Вазифа гузош­та шуд, ки бо мақсади таҳияи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар асоси ашёи хоми ватанӣ ва пешниҳоди онҳо ба сармоягузорон дар назди Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷинвест»-и Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо ҷалби мутахассисони дохиливу хориҷӣ воҳиди алоҳидаи қарордодӣ таъсис дода шавад.

Ҳамзамон, нишондодҳои мазкур муайян месозанд, ки бо  кӯшишу талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар панҷ соли охир бо ширкатҳои сармоягузории хориҷӣ ва ватанӣ 14 созишномаи сармоягузорӣ ҷиҳати ҷалби сармояи мустақим ба маблағи беш аз 14 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шудааст, ки бо татбиқи онҳо 20 корхонаи нави истеҳсолӣ бунёд карда мешавад.

Вобаста ба дурнамои ин масъала зикр гардид, ки дар соҳаи энергетика 12 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 16,1 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Қайд гардид, ки дар доираи ин лоиҳаҳо ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба кор андохта шуд. Албатта, бо фаъол гардидани Неругоҳи барқи обии «Роғун» Тоҷикистон метавонад ба яке аз кишварҳои истеҳсолкунандаи неруи барқ дар минтақа табдил ёбад.

Неругоҳи барқи обии «Роғун» бузургтарин ва муҳимтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон ба шумор меравад. Бе Неругоҳи барқи обии «Роғун» рушду тараққиёти босуръат ва ояндаи босаодати давлати Тоҷикистонро тасаввур кардан мушкил аст. Маҳз ба ҳамин хотир Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд: «Ҳаёту мамоти Тоҷикистон вобаста ба Роғун аст».

Бо сохтани Неругоҳи барқи обии «Роғун» имконоти шодобгардонии боз садҳо ҳазор гектар замин дар минтақа муҳайё мегардад. Гузашта аз ин, имконоти Тоҷикистон доир ба истеҳсол ва содироти неруи арзони барқ бамаротиб боло меравад ва аз ин сарвати аз ҷиҳати экологӣ безарар дигар кишварҳои ҳамсоя низ метавонанд баҳравар гарданд. Аз ин хотир, бунёди ин иншооти тақдирсоз ба нафъи кулли минтақа аст.

Масъалаи татбиқи амалии инфрасохтори нақлиёт ва умуман, ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикистон, яке аз паҳлуҳои муҳими Паёми Президенти кишварро ташкил менамояд. Вобаста ба ин масъала зикр гардид, ки «бунёди инфрасохтори нақлиёт барои ба кишвари транзитӣ табдил додани Тоҷикис­тон ва осон намудани содироти маҳсулоти ватанӣ ниҳоят муҳим мебошад. Ҳоло дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст. Соли 2020 лоиҳаҳои таҷдид ва бунёди қитъаи Обигарм — Нурободи шоҳроҳи Ваҳдат — Қарамиқ (яъне Лахш) ба маблағи 3,5 миллиард сомонӣ, Қалъаихумб — Ванҷ  бо арзиши лоиҳавии 2,2 миллиард сомонӣ, Ҳулбук — Темурмалик ба маблағи 200 миллион сомонӣ ва сохтмони пули ҳафтуми дарёи Панҷ  миёни Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар мавзеи Кокул бо 18 километр роҳи мошингард ба маблағи 70 миллион сомонӣ ва дигар лоиҳаҳо оғоз меёбанд».

Ҳоло вобаста ба корҳои таҷдиду сохтмонӣ дар роҳҳои мошингарди Душанбе — Бохтар, Хуҷанд — Исфара, Кӯлоб — Шамсиддин Шоҳин, Шкев — Қалъаихумб, Кӯлоб — Муъминобод, ки ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ идома доранд, дар Паём зикр гардид ва барои дар сатҳи ҷавобгӯи талаботи стандартӣ то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ ба истифода дода шудани онҳо низ супоришҳои мушаххас дода шуд. Дар ин замина вазорату кумитаҳои давлатӣ вазифадор гардиданд, ки «…ҷиҳати дарёфти маблағҳои сармоягузорӣ барои бунёди долонҳои зидди тарма дар қитъаҳои осебпазири роҳи мошингарди Душанбе — Чаноқ ва беҳтарсозии имкониятҳои нақби «Истиқлол» тадбирҳои зарурӣ андешанд».

Вобаста ба ҷоннок намудани корҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои аҳамияти дохиливу минтақавӣ, аз ҷумлаи роҳи мошингарди Хуҷанд — Конибодом, Бохтар — Данғара — Кӯлоб, Бохтар — Носири Хусрав ва роҳҳои дигар, ба масъулини соҳа супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар Паёми имсола ба он диққати махсус зоҳир гардид, корҳои ободониву бунёдкорӣ ба истиқболи 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ  мебошад. Дар ин робита, зикр гардид, ки «… дар шаҳру деҳоти кишвар аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва аҳолӣ 1450 километр роҳҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ва 108 пул бунёду таҷдид карда шуданд». Инчунин, Пешвои миллат, аз соҳибкорону шахсони саховатпеша ва ширкатҳои истеҳсолии дохиливу хориҷии кишвар, ки дар ободониву созандагии Тоҷикистон саҳм гузоштаанд ёдоварӣ намуда, дар фаъолият ва корҳои созандагии онҳо барору комёбӣ таманно намуданд.

Масъалаи сохтмон ва меъморӣ ҳамчун соҳаи муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ, инъикоскунандаи рушди кишвар ва сатҳу сифати зиндагии мардум дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ садо дод. Дар ин замина, Пешвои миллат ба масъалаи сатҳу сифати сохтмон, санъати меъморӣ, ороишоти миллии шаҳру деҳоти мамлакат диққати алоҳида зоҳир намуда, таъкид сохтанд, ки «танҳо дар давоми ҳафт соли охир ба маблағи беш аз 37 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор андохта, қариб 8 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ ва иншооти дигар ба истифода дода шудаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ бо дарназардошти афзоиши шумораи аҳолии мамлакат ва бо мақсади ҳалли мушкилоти иҷтимоии мардуми кишвар 135 ҳазор гектар замин барои бунёди манзили истиқоматӣ тақсим карда, дода шуд».

Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон, хосатан, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ташаббускори ҳалли масъалаҳои глобалии сайёра вобаста ба об мебошанд. Бо пешниҳоди Пешвои миллат Созмони Милали Муттаҳид соли 2013 — умро «Соли байналмилалии оби тоза», солҳои 2005 — 2015 -ро Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об — барои ҳаёт» эълон намуданд. Айни ҳол аксари чорабиниҳои ҷаҳонию минтақавии вобаста ба об дар чаҳорчӯбаи ҳамин даҳсола сипарӣ мешаванд, ки боиси ифтихору сарфарозии ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон аст. Дар идомаи ин раванд, бо пешниҳоди Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21 декабри соли 2016 аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ Қатъномае зери унвони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бо ҷонибдории 177 кишвари узви СММ қабул гардид.

Бояд ҳаминро зикр намуд, ки баррасии ин ё он масъалаи муҳим дар сатҳи СММ ва қабули қатънома доир ба он чунин маъно дорад, ки масъалаи баррасишаванда на танҳо барои як давлат ё минтақа, балки барои тамоми кишвари аъзои СММ муҳим ва зарур ба ҳисоб меравад. Яъне, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонистанд бо ташаббусҳо мушкилоти моҳияти умумиҷаҳонидоштаро  пешкаши СММ намоянд ва онҳо қобили қабул шуморида шаванд.

Нисбат ба ин масъала дар Паём, аз ҷумла, зикр карда шуд, ки «дар самти таъминоти аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ ва обёрии заминҳои кишоварзӣ дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд 52 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ дар ҳаҷми 7,8 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст».

Ҳамзамон қайд гардид, ки «ба ҷаҳониён шарҳ додани аҳамияти ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи об, пеш аз ҳама, вазифаи олимони кишвар мебошад. Дар Тоҷикистон истеҳсоли 98 фоизи неруи барқ ба соҳаи гидроэнергетика рост меояд. Хотирнишон месозам, ки истифодаи васеи манбаъҳои барқароршавандаи энергия, бахусус, захираҳои об яке аз сарчашмаҳои асосии тавлиди «энергияи сабз» ва рушди «иқтисоди сабз» ба ҳисоб меравад».

Ба масъалаи тағйирёбии иқлим, биёбоншавӣ ва хушксолӣ, ки боиси кам гардидани ҳосилнокии замин мегарданд, Пешвои миллат дар Паём таваҷҷуҳ намуда, таъкид сохтанд: «моро зарур аст, ки маданияти баланди заминдориро риоя намуда, ҷиҳати истифодаи самараноку сарфакоронаи об барои обёрии заминҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои каммасраф дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳифзи захираҳои об тадбирҳои доимӣ андешем».

Ҳамзамон, таъкид гардид, ки «Вазорати кишоварзӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ якҷо бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадоранд, ки дар самти пешгирӣ кардан аз гардиши кишоварзӣ баромадан ва шӯршавии заминҳо тадбирҳои доимӣ андешанд». Инчунин, масъалаи муносибат ба замин ва гирифтани се-чор ҳосил аз он низ баррасӣ гардида, ҷиҳати зиёд намудани майдонҳои кишт, обёрии заминҳои бекорхобида ва бо маҳсулоти аз лиҳози экологӣ тоза таъмин намудани аҳолии мамлакат ба масъулини вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар доираи «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», ҳамчунин, бо мақсади ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳон, пешниҳод гардид, ки ба шаҳрвандони давлатҳои хориҷие, ки ҳуқуқи бо тартиби сода гирифтани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд, раводиди навъи сайёҳии бисёркарата дода, муҳлати он то 60 рӯз дароз карда шавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, зикр карданд, ки бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва ҳавасмандгардонии соҳибкорони хориҷие, ки ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз як миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ менамоянд, пешниҳод мешавад, ки ба онҳо аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи мамлакат раводиди бисёркаратаи панҷсола дода шавад.

«Илова бар ин, бо мақсади содагардонии рафтуомади ҳамватанони бурунмарзие, ки зодагони Тоҷикистон мебошанд, раводиди бисёркаратаи сесола дода шавад. Вазорати корҳои хориҷӣ ҷиҳати татбиқи пешниҳодҳои зикргардида лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқии дахлдорро ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод созад», — тазаккур доданд Пешвои миллат.

Маврид ба зикр аст, ки рушди соҳаи сайёҳӣ самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ, хусусан, дар раванди рушди иқтисод, ба ҳисоб меравад ва аз инҷост, ки ҷиҳати боз ҳам тараққӣ додани он аз ҷониби Ҳукумати мамлакат вобаста ба пардохти андоз ва боҷҳои гумрукӣ як қатор имтиёз пешбинӣ гардидааст.

То ба имрӯз дар мамлакат зиёда аз 200 ширкати сайёҳӣ фаъолият доранд, ки тавассути 15 лоиҳаи инфрасохтори сайёҳӣ аз имтиёзҳои пешбинишуда бархӯрдор гардидаанд. Инчунин, дар нуҳ моҳи соли равон беш аз як миллион нафар сайёҳ мавзеъҳои нодири ҷумҳурии моро тамошо кардаанд, ки нисбат ба соли гузашта 20 фоиз зиёд мебошад.

Зарур аст, ки соли 2020 ва солҳои минбаъда шароити инфрасохтори сайёҳӣ дар мавзеъҳои сайёҳӣ беҳтар ва сатҳу сифати хизматрасонӣ боз ҳам баланд бардошта шавад.

Ба масъалаи низоми суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, беҳтар намудани сатҳи хизматрасонии иҷтимоӣ ба нафақахӯрон ва таъмини устувори низоми молиявии суғуртаи иҷтимоӣ низ дар Паём диққати махсус зоҳир ва зикр гардид, ки «Буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа, ки соли 2013-ум 1 миллиарду 683 миллион сомониро ташкил карда буд, соли 2020 дар ҳаҷми 3,2 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2013 қариб ду баробар зиёд мебошад. Ҳоло дар мамлакат 700 ҳазор нафар нафақахӯр, аз ҷумла, 148 ҳазор маъюб, 5277 нафар ятими кулл ва 74 ҳазор ятим зери сарпарастии давлат қарор доранд.

Соли ҷорӣ аз ҳисоби буҷети давлат муассисаҳои пиронсолон ва маъюб, беш аз 36 миллион сомонӣ маблағгузорӣ шудаанд, ки ба ҳар як нафар 22 ҳазору 600 сомонӣ рост меояд».

Масъалаи расонидани кумак ба оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон ва шахсони эҳтиёҷманд дар маркази таваҷҷуҳи Давлату Ҳукумат қарор дошта, дар ҳама суханронӣ ва сафарҳои кории Пешвои миллат ба шаҳру навоҳии кишвар, пеш аз ҳама, ба дастгирии ин қишри ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Роҷеъ ба ин масъала дар Паём таъкид шуд, ки «дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар дастгирии молиявии муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва оилаҳои камбизоат афзалият дорад ва ин бартарият дар солҳои минбаъда низ боқӣ мемонад».

Дар робита ба ин зикр гардид, ки «… бо мақсади дастгирии иҷтимоии табақаҳои осебпазири ҷомеа нафақаи шаҳрвандони маъюби то 18 — сола, инчунин, дигар гурӯҳҳои маъюбон, ки кор намекунанд ва ба нигоҳубин эҳтиёҷ  дошта, ба онҳо дар асоси Қонун «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» нафақаи иҷтимоӣ таъин шудааст, пешниҳод менамоям, ки аз 1 сентябри соли 2020 нафақаи онҳо 50 фоиз зиёд карда шуда, андозаи он ба нафақаи нафақагироне, ки тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» муқаррар гардидааст, баробар карда шавад. Тадбири мазкур имкон медиҳад, ки вазъи иҷтимоии қариб 30 ҳазор нафар нафақагир беҳтар гардад.

Инчунин, ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани шароити иҷтимоии нафақагирони кишвар пешниҳод менамоям, ки аз 1 сентябри соли 2020 ҳадди ақал ва ҳадди ниҳоии нафақа аз рӯи синну сол ва нафақаи заминавӣ, инчунин, нафақаҳои меҳнатии шаҳрвандон 15 фоиз зиёд карда шаванд.

Дар баробари ин, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои буҷетӣ, инчунин, стипендияи донишҷӯён ва дигар намудҳои стипендия 15 фоиз ва музди меҳнати кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизматчиёни ҳарбӣ 10 фоиз зиёд карда шавад».

Зикр намудан бамаврид аст, ки новобаста аз буҳрони молиявии ҷаҳонӣ, ҷой доштани ноустувории иқтисодиёти давлатҳои пешрафта, вазъи имрӯзаи молиявии кишвар маоши соҳаҳои буҷетӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ боло бардошта шуд, ки албатта, ҳамаи ин тадбирҳо аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат сарчашма мегиранд.

Ҳамин тариқ, Паёми имсолаи Пешвои миллат боз як қадами қатъӣ ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад. Дар умум, Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба беҳбудии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.

Зимни бурдани пурсишу назарсанҷиҳо дар байни сокинони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ оид ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» фикру андешаҳои мусбат баён гардиданд. Аз ҷумла, сокинони кишвар оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, такмили низоми ҳимояву дастгирии фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, таҳияи Кодекси андоз дар таҳрири нав, вусъат додани истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ, бунёди инфрасохтори нақлиёт, таъмини аҳолӣ бо оби босифати ошомиданӣ, имтиёзҳо дар рушди соҳаи сайёҳӣ, пешрафти соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, татбиқи сиёсати ҷавонон, занон ва оила ва рушди варзиш изҳори андеша намуда, ин ҳамаро намунаи олии ғамхории Сарвари давлат нисбат ба мардум арзёбӣ менамоянд.

Бояд зикр кард, ки дар Паём, дар баробари таҳлилу баррасӣ ва дурнамои масъалаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, ҳамзамон, паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсии кишвар, аз ҷумла, тандурустӣ, илму маориф, фарҳанг, ҷавонон, занону модарон, худшиносии миллӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳамкориҳои минтақавию ҷаҳонӣ, масъалаҳои вобаста ба хатару таҳдидҳои замони муосир ва дигар мавзӯъҳои сарнавиштсози ҷомеаи Тоҷикистон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд, ки шарҳу тавзеҳи онҳо масъалаи алоҳида аст.

Бинобар ин, муаллиф маҳз ба таҳлили самти иқтисодӣ-иҷтимоии Паёми Пешвои миллат, ки инъикоскунандаи рушди бонизоми иқтисодиёти кишвар мебошад, таваҷҷуҳ намудааст.

Рамазон Раҳимзода Ҳамродоктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон