Мақсад ба системаи ягонаи интиқоли неруи барқи мамлакат пайвастан аст

№100 (3246) 28.08.2014

Дар доираи татбиқи лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ дар самти таъмини аҳолӣ бо неруи барқ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати «Помирэнерҷӣ» корҳои зиёдеро амалӣ намуданд. Акнун сокинони ВМКБ дар тамоми фасли сол бо неруи барқ таъминанд.

Айни замон бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани интиқоли неруи барқ ба шаҳраки Ваҳдати ноҳияи Шуғнон, ноҳияҳои Рӯшон ва Дарвоз Ширкати «Помирэнерҷӣ» дар асоси шартнома бо пудратчиёни маҳаллӣ сохтмони хати баландшиддати 110 киловаттаро оғоз намудааст. Ҳоло дар масофаи ҳашт километр корҳои васлу насби сутунҳои оҳанин ва кашидани симҳои интиқолдиҳандаи неруи барқ анҷом ёфтааст. Тибқи нақша татбиқи ин лоиҳаи муҳим то охири сол пурра амалӣ мегардад.

Интиқоли неруи барқро барои истифодабарандагон тариқи хати баландшиддат Ширкати «Помирэнерҷӣ» бори нахуст дар ноҳияҳои баландкӯҳ оғоз намуд. Бо мақсади иҷрои корҳои васлу насби таҷҳизоти интиқолдиҳандаи неруи барқ дар асоси озмун Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Бадахшон ТАДЭС» ҷалб гардид. Феълан чор гурӯҳ аз ҳисоби мутахассисони маҳаллӣ дар ин кори созанда ҳамарӯза заҳмат мекашанд. Ин аст, ки дар муддати кӯтоҳтарин шаш сутуни оҳанин бо васли симҳои иқтидорашон баланд насб карда шуд.

Мирзоҳаёт Иброҳимов -  сармуҳандиси ҶСП «Бадахшон ТАДЭС» иброз дошт, ки дар баробари ин соли гузашта дар масофаи 10 км аз шаҳри Хоруғ то деҳаи Гожаки деҳоти «Дарморахт» кашидани хати баландшиддат бо насб намудани сутунҳои оҳанини баландиашон то 28-метра бо сифати баланд анҷом ёфт.

Татбиқи лоиҳаи мазкур имрӯзҳо бомаром ҷараён дорад. Айни ҳол дар масофаи 8 километр корҳо бо сифати баланд ва ҷавобгӯ ба стандарти ҷаҳонӣ анҷом дода шудаанд.

Бо мақсади интиқоли қувваи барқ бо сифати баланд кабелҳои аз 150 то 1000- метраи интиқолдиҳандаи неруи барқ дастрас карда шуд. Сатҳу сифати он аз ҷониби мутахассисони ширкат пайваста назорат мешавад. Аллакай 11 ҳазор метри он аз санҷиш гузаштааст.

Дар доираи нақша -чорабиниҳои Ширкати таъминкунандаи неруи барқ «Помирэнерҷӣ» дар дигар ноҳияҳои ВМКБ низ хати баландшиддати 110-киловатта кашида мешавад ва ба ин васила тамоми шабакаҳои барқии вилоят ба системаи ягонаи интиқоли неруи барқи мамлакат пайваст мегардад.

Ш.Шоҳқосимов, «Садои мардум»