Роғун: Гунаҳкорон ва ҷабрдидагон

№36 (3337) 11.03.2015

Лаҳзае дар ҷоям шах шудам. -Бигзор маро баранд, вале ҳамсару фарзандонамро не, -дар дил муноҷот доштам.

- Паспорт! – бо оҳанги дағал ба ман рӯй овард силоҳбадаст.

Бо дастони  ларзон шиноснома ва чиптаи тайёраро сӯяш дароз кардам. Ин лаҳза чашм ба чашм афтодем. Нигоҳашро пур аз ғазаб ва нафрат дидам. Дилам таҳ кашид, умед аз зиндагӣ баркандам. Вале аз куҷое бахт ба рӯям омад кард. Автоматбадасти  дигаре, ки либоси мулкӣ  дар тан  дар даромадгоҳи тайёра қарор дошт, бо таҳлука ба берун нигариста, фарёд кашид:

- Зуд, рафтем!

Оне, ки дар наздам қарор дошт, ҳуҷҷатҳоямро сӯям партофт ва берун тохт. Силоҳбадастони дигар ҳам башаст аз тайёра берун рафтанд.

Садои «Камарбандро бандед»-и стюардесса маро ба худ овард. Хостам аз ҷой хеста, ҷониби ҳамсар ва фарзандонам назар андозам. Аммо маҷоли хестан накардам. Бори аввал дар 31 соли  будубошам  дар  Тоҷикистон гиря кардам. Намедонам, чӣ ашке аз чашмонам шориданд: ашки шодӣ буд, ки ману фарзандон аз дасти силоҳбадастон раҳо ёфтем ё ашки  талхи оқибати заҳмати инқадарсолаам барои мардуми тоҷик. Даме ки сар боло кардам ва ба мусофирони тайёра нигаристам, донистам, ки ҳама ашки талх дар чашм доранд. Ҳамаро сарнавишти чун ман ба сарашон омада мусофири ин тайёра сохтааст.

Ин буд оқибати заҳмати ман ва ҳамсарам Элеонора Дмитриевна дар Тоҷикистон. Ин буд анҷоми талошу орзуҳо. Замоне, ки ман ба Норак омада будам,  29 сол доштам ва дар синни нафақа бо Тоҷикистон падруд мегуфтам. Дар Тоҷикистон духтарам, ки ҳоло яке аз духтурони номдори шаҳри Москва аст ва  писарам, ки ҳоло директори генералии яке аз иншооти бузурги энергетикии Россия «ЛЕНГАС» аст, ба дунё омаданд, мактаби миёна ва олиро хатм карданд. Агар Тоҷикистонро ватани дуюмам гӯям, ғалат мекунам. Он Ватани аслиам буд. Агар гӯям, ки чун ман вафодортар касе ба ин Ватан  набуд, ғалат намекунам. Ин сухан нест, ин ҳақиқат аст. Дар пиронсолӣ бо ҳамсарам  сайри кӯҳҳо,  соҳили баҳри Роғун, занбӯриасалпарварӣ кардан ҳасрате буд, ки дар дилам монд.  Аммо чӣ кунам, ки тақдир чунин будааст. Бо вуҷуди ин ҳама, нисбати ҷумҳурӣ, мардуми Тоҷикистон дар дил кина не, муҳаббат мепарваридам.

Захм шифо меёбад, аммо ҷойи он боқӣ мемонад. Хотирот маро ба андеша мебаранд: ба ин мардуми дурандеши бофарҳанги заҳматкаш чӣ шуд? Чӣ онҳоро ба ин роҳ бурд?  То ҳанӯз наметавонам посух пайдо кунам. Шояд «чӣ» не, «кӣ» онҳоро ба ин роҳ бурд? Тасаввур карда наметавонам, ки мардуми меҳнаткаши Роғун, Комсомолобод, чӣ гуна зери ташвиқи  қудратхоҳон, мансабпарастон,   беморони маҳалгаро  таркидани кӯпрукҳо, техникаҳо,  бомбаандозии банд, тороҷи иншооте, ки барояшон хушбахтӣ меовард, надиданд, решаи дарахти пурсамарашонро буриданд ва имрӯз азоби сангини муҳоҷират мекашанд. Сари онҳоро гаранг карда буданд. Акнун куҷоянд Шодмон Юсуф, сарварони зиёиёни аз хоби гарон хеста, файласуфон, иқтисоддонони аз иқтисодиёт, демократҳои аз демократия бехабар, исломгароёни дур аз асли ислом, ки зери шиори «Оллоҳу акбар» мардумро гумроҳ сохта буданд? Ҳол он ки ҳамагӣ ду-се соли дигар лозим буд, ки НБО-и «Роғун» ба кор дарояд. Онҳо мушкилоти НБО-и «Роғун»- ро ба миён оварданд, онҳо сабабгори ба анҷом нарасидани сохтмон ҳастанд.  Онҳо ҳама  гарониро ба дӯши Ҳукумати имрӯзи Тоҷикистон бор карданд. Баъди андешаҳои зиёд ба хулоса омадам: зарурат ба бод кардани коҳи куҳна нест, аммо гузаштаро ба гӯшаи фаромӯшӣ андохтан ҳам ғалат аст. Ин барои насли мо лозим нест, вале донистани он барои насли имрӯз, ки ин ғалатҳоро дубора такрор накунад, ҳатмист. Ин фоҷиаи сохтмони НБО-и «Роғун» нест, ин фоҷиаи халқи Тоҷикистон аст, ки набояд дигарбора такрор ёбад.

Таблиғи дурӯғин мардумро гумроҳ карда буд. Имрӯз ҳам дар зиндагии мардуми тоҷик ин чиз ҷой дорад. Дар пушти сарам автомат мондани бачаи 18-20 -солаи дар рӯймолчаи сараш «Оллоҳу акбар» навиштаро шояд фаромӯш кунам, зеро кӯдак асту зери таблиғ гумроҳ сохта буданд ва ҳоло ҳам, мутаассифона, гумроҳ месозанд. Аммо намедонам, ки ба пиронсолони баҳра аз таҷрибаи рӯзгор бурда чӣ шуда буд? Як лаҳзаро ба хотир меорам: сари роҳ аз Оби Гарм ҷониби Комсомолобод   дар домани кӯҳ  ду деҳае буд. Пайроҳа онҳоро бо роҳи калон мепайваст, барқ надоштанд. Ба шарофати НБО-и «Роғун» ба онҳо роҳи мошингард кушодем, барқ гузаронидем. Ман намояндаи ин мардум ба Шӯрои Олии  ҷумҳурӣ пешбарӣ шуда будам. Бо Сайфиддин ба ин деҳа даромадем. Ҳама мардуми деҳа дар сохтмони НБО- и «Роғун» кор мекарданд. Маро хуб мешинохтанд. Гуфтам, ки аз ташвиши маъракаи интихобот хаста шудам. Хостам лаҳзае бо шумо суҳбат ороям, истироҳат кунам. Мӯйсафедони деҳа дар меҳмонхона ҷамъ омада буданд.  Зиёд суҳбат доштем: дар бораи НБО-и «Роғун», зиндагии ояндаи мардум. Баъд аз суҳбати тӯлонӣ  ман ба роҳ баромадам. Ҳангоми хайрухуш соҳиби меҳмонхона гуфт:

-Писарам, мо медонем барои чӣ ту ташриф овардӣ. Парво накун, дар деҳа чил интихобкунанда  зиндагӣ дорад, мо ҳама чун як тан ба тарафдории ту овоз медиҳем. Мо қадри хизматҳоятро ба мардум медонем, дархост ҳам надорем. Дар як километр дуртар аз деҳа чашмае ҳаст, агар тавонистӣ, дар гузаронидани оби ҳамон кумак кун, натавонистӣ ҳам, гапе нест.

Дар роҳ ба ронандаам Сайфиддин гуфтам:

-Бубин, мардуми деҳа чӣ гуна одию самимӣ ва ростқавланд.

Рӯзи душанбе буд. Баъд аз анҷоми маъракаи интихобот ба раиси Комиссияи интихоботӣ занг задам ва пурсидам, ки чӣ қадар овоз гирифтам. Ӯ гуфт, ки аз ҳарифам 500 овоз бештар гирифтам ва гузаштам. Омади гап  аз он ду деҳа пурсидам, ки чӣ гуна овоз доданд.  Гуфт, ки аз чил нафар интихобкунанда ягон нафар ба тарафдории ту овоз надод. Бовар накардам ва боз пурсидам:

- Аз куҷо медонӣ, ки 40 нафар интихобкунанда?

- Қуттиро бурда будем. Бовар накунӣ, биё, худат бубин!

Маълум шуд, ки баъд аз ташрифи ман ба деҳа ҳарифам Ашӯров омада будааст. Ӯ ба мардуми деҳа гуфтааст, ки ба ҳуш оед, ки ба тарафдории кӣ овоз медиҳед. Савченков кофир аст, мову шумо мусулмон. Савченков баъди сохтмон меравад, мову шумо мемонем… Таъсири сухан, таблиғ бештар аз дидани воқеият буд. Намедонам, чӣ асроре буд, ки  мардуми солхӯрдаро ба чунин гуфтору амал водор сохт…

-Бо канда шудани чархи тайёра аз майдони ҳавоии Душанбе шумо ҳам аз Тоҷикистон канда шудед?- рӯй овардам ба Савченков.

- Ҷисман ҳа, вале рӯҳан не. Дӯстонам, ҳамкасбу ҳамкорони тоҷикам аз сохтмонҳои Нораку Роғун зиёд меомаданд. Ба онҳо роҳнамоӣ мекардам, барои кор пайдо карданашон дар Россия  ёрӣ мерасонидам.

-Хоҳиши ба Тоҷикистон баргаштан дар дилатон пайдо нашуд?

- Боре ба писарам гуфтам: «Ҳама ором шуд, монед, ки ман ба Роғун равам».

-Акнун дар ҷоят шин! Агар фирор намекардӣ, кайҳо  чилатро медодем, — гуфт. Талх гуфт, лекин гапи ҳақро гуфт.

Воқеан ҳам баъдтар дӯстонам ба ман гуфта буданд, ки дар рӯйхати исломгароён ва демократҳои силоҳбадаст миёни чил нафаре, ки бояд ба қатл мерасиданд, ту ҳам будӣ.

Тӯли 13 сол талош доштам, ки як бор ҳам бошад, Роғунро бинам. Ин фурсати мувофиқ пайдо шуд. Набераам дар Донишгоҳи энергетикӣ аз рӯи ихтисоси инженер – гидротехник таҳсил дошт. Ӯ мехост мутахассиси ин соҳа шавад. Дар дил гуфтам. Ӯро ба Норак мебарам. Агар аз чашмаш оташ парид, мутахассис мешавад, агар не, аз раъяш бояд гардонд.

Моҳи апрели соли 2007 буд. Бо ӯ ба Душанбе омадем ва аз он ҷо ба Норак рафтем. Дӯст ва бародарам Ҳамроқул Ёров, ки умраш дар сохтмони НБО-и «Норак» гузаштааст, раиси ин шаҳр буд. Ӯ мошини хидматиашро дод. Аз тамоми иншооти неругоҳ дидан кардем. Бо дидани ин нодиртарин марвориди ҷаҳон – НБО-и «Норак» на танҳо аз чашмони набераам оташ парид, балки ӯ ҷойи нишастан намеёфт. Хостам ӯро савори киштие созаму баҳри Норакро тамошо диҳам.  Киштиро мо аз Россия харидорӣ карда, барои рушди сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ ба Норак оварда будем. Он 100 ҷойи нишаст дошт. Аммо афсӯс, ки онро дубора ба Россия фурӯхтаанд.

Баъдтар аз НБО- и «Роғун» дидан кардем. Ин дафъа воқеан ҳам аз хурсандӣ ашк дар чашмонам ҳалқа заданд. Меҳнати ман ва ҳамсолонам ба бод нарафта буд. Он манзарае, ки дидам, ғайричашмдошт буд, қаҳрамонӣ буд. Қатори булдозеру экскаваторҳои япониву амрикоӣ БелАЗ-ҳо касро ба ҳайрат мегузоштанд. Мо орзу мекардем, ки чунин техника дошта бошем.  Кор дар сохтмони НБО-и «Роғун» меҷӯшид. Ин ҳама заҳмати Президентатон Эмомалӣ Раҳмон буд. Ӯ сулҳ овард, мардумро ба ифоқа овард, ба сахттарин монеаҳо тоб оварда, сохтмони НБО-и «Роғун»- ро давом дод.  Талошҳои ӯ Роғунро аз нав зинда сохт.

-Мардум як сабаби кашол ёфтани сохтмони НБО-и «Роғун»- ро  аз Россия низ  медонанд. То кадом андоза ин фикр дуруст аст?

-Ман хабар дорам, ки пешниҳодҳо нисбати сохтмони НБО-и «Роғун» зиёд буданд. Ширкати «Хайрок холдинг лимитид»-и ИМА, Ҳукумати Покистон таваҷҷуҳ барои сохтмони НБО-и «Роғун» доштанд. Тоҷикистон бояд то сарҳади Афғонистон 250 км, Покистон тавассути Афғонистон то Покистон 450 км хатти барқ мекашид. Покистон омода буд, ки як миллиард доллари ИМА барои сохтмон ҷудо кунад. Лоиҳаи қарордод барои тасдиқ ба Шӯрои Олӣ фиристода шуда буд. Аммо ҷанги шаҳрвандӣ монеи татбиқи ин лоиҳа гашт.

Соли 1994 миёни ҳукуматҳои Россия ва Тоҷикистон созишнома дар бораи сохтмони НБО- и «Роғун» ба имзо расид. Иҷрои он ба дӯши «РусАл» гузошта шуд.  Ман аз ин хурсанд шудам. «РусАл» ибтидо соли 1997 ҷамъияти аксионерии «Роғунсервис»-ро бунёд намуд. Аммо Дерипаска муносибати манфиатҷӯёна (меркантилӣ)  ба ин иншоот намуд. Мувофиқи нақша ӯ бояд дар наздикии Данғара корхонаи истеҳсоли алюминийро бунёд мекард. Барои онро бо барқ таъмин намудан барояш баландии обанбори 200 -метра дар НБО-и «Роғун» кифоя  буд. Банди обро хилофи нақша мехост аз бетон бунёд кунад, ки ин комилан ғалат буд. Сарфи назар аз муносибати хуб доштани Президенти шумо- Эмомалӣ Раҳмон бо  Дерипаска ӯ манфиатҳои миллиро боло гузошт, қатъан мухолифи пешниҳоди Дерипаска  баромад. Воқеан, баъдтар ҳангоми мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон дарк кардам, ки барои ӯ манфиатҳои миллию давлатӣ аз ҳама боло меистанд.  На ҳар роҳбар метавонист ба ин миқдор азобу фишорҳое, ки ба иртиботи Роғун ба сари ӯ омад, тоб оварад. Эътироф накардани ин ҳақиқат дидаву дониста сафедро сиёҳ гуфтан аст.

Дерипаска кӯтоҳназарӣ кард, Ҳукумати Россия исроркорӣ накард. Ман ба унвони В. В. Путин ҳамчун саринженери НБО-и «Норак»  ва роҳбари сохтмони НБО-и «Роғун» нома навиштам. Моҳияти НБО-и «Роғун» ва аҳамияти иқтисодию стратегии онро шарҳ додам. Гумон доштам, ки баъд аз мутолиаи он аз ҷониби Владимир Владимирович гардиши наве дар муносиботи Россия ба сохтмони НБО- и «Роғун» ба миён меояд. Аммо афсӯс, ман аз номи С.Михайлов, муовини сардори Департаменти энергетикаи Вазорати саноат ва энергетикаи Россия номаи сатҳие гирифтам. Дар он зикр ёфта буд, ки пешниҳодҳои хуб, ба эътибор мегирем.

Ҳоло талабгорони ин  иншооти дар дунё нодиртарин зиёданд. Ман маълумот дорам, ки Хитой ҳам ба анҷом додани сохтмони он  моил аст.

-Вале НБО-и «Роғун» мухолифон низ дорад. Онҳо гӯё барои монеъ шуданашон дар сохтмони он асос доранд.

-НБО-и «Роғун» дер ё зуд бо тамоми иқтидораш сохта мешавад. Далелҳои мухолифони НБО- и «Роғун»  мисли нақш дар рӯйи реги соҳили баҳри Норак аст, ки бо расидани мавҷ шуста мешавад.

Аввал далели онҳо чунин буд, ки сохтмони НБО-и «Роғун» боиси хушк гаштани баҳри Арал мегардад. Имрӯз НБО-и «Роғун» нест, аммо баҳри Арал хушк шуд. Паст гаштани сатҳи оби баҳри Арал ҳанӯз ҳангоми азхудкунии даштҳои ташналаби поёноби Амударё  аз ҷониби Ӯзбекистон оғоз гашта буд. Аммо доногӣ карданд, дар ҳеҷ куҷо дар ин бора ҳарфе нагуфтанд. Агар НБО-и «Норак» намешуд, канали  Қароқурум, ки биёбонҳои Туркманистонро ба гулистон табдил дод, бунёд намегашт. Ман дар сохтмони ин канал иштирок доштам ва ҳамаро хуб медонам.

-Шояд онҳоро хатари дар натиҷаи заминҷунбӣ канда шудани банди об ба чунин амал водор сохтааст?

-Ин афсона аст. Масъалаи устуворӣ нисбати заминларза ҳанӯз барвақт  ташхис ёфта буд. Дар иртибот бо НБО-и «Норак» ҳам  ин гапҳо буданд. Баландии обанбори Норак 300 метр аст. Роғун — ҳамагӣ 35 метр баландтар. НБО-и «Норак» қариб 45 сол аст, ки дар пой устувор мебошад ва садсолаҳои дигар устувор боқӣ мемонад. Институтҳои зиёде сари ин масъала замони шӯравӣ кор карданд. Аз рӯи масштаби 1:50 устувории обанбори НБО-и «Норак» зери таъсири зилзилаи сунъии аз 6 то 10 бал санҷида шуда буд. Санҷиши охирин аз рӯи 11 бали ҷадвали Рихтер  гузаронида шуд. Вале комилан таъсире ба обанбор нарасид. Ҳамаи ин маводҳо дар Институти зилзиласанҷии Тоҷикистон мавҷуд аст. Чунин як тадқиқот дар Роғун низ гузаронида шуд. Ин ҳама гапҳои беҳуда ҳастанд. Хулосаи Бонки Умумиҷаҳонӣ низ воқеият будани устувории обанбори НБО-и «Роғун»-ро собит сохт.

-Пас мухолифат бар чӣ асос аст?

-Ман ҳам намефаҳмам барои чӣ аст. Ҳол он ки НБО-и «Роғун» дар асоси мактуби муштараки роҳбарони аввали Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон ба бюрои сиёсии КМ ПК Иттиҳоди Шӯравӣ тарҳрезӣ гашт ва сохтмонаш шурӯъ шуд. Ба ин НБО аз Тоҷикистон дида, Ӯзбекистону Туркманистон бештар манфиат доранд.  Агар он сохта шавад,  дар Ӯзбекистон 320 000 гектар замин обёрӣ ва ҳолати обёрии 1 000 000 гектар заминҳо дар ин кишвар беҳ мегардад.

Дар Ӯзбекистон барқ аз ҳисоби стансияҳои оташӣ истеҳсол карда мешавад, ки  8-9 маротиба дар қиёси барқи истеҳсоли НБО-и «Норак» гаронтар аст. Замони шӯравӣ зимистон Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва тобистон Тоҷикистон ба Ӯзбекистон барқи арзон медод. Ӯзбекистон  дар тобистон стансияҳои барқиашро, ки ҳар сол зарурат ба тармим доранд, бозмедошт ва таъмир мекард. Мутаассифона, бо буридани хатти барқи баландшиддат дар сарҳади Ӯзбекистону Тоҷикистон Ӯзбекистон ин хатти пайвандгари манфиатҳои мардуми ин ду кишварро низ бурид.

Агар аз далел пурсед, ҳеҷ далеле на аз нигоҳи техникӣ, на иқтисодӣ ва на сиёсӣ барои монеи сохтмони НБО-и «Роғун» гаштан вуҷуд надорад. НБО-и «Роғун» на танҳо барои Тоҷикистон, балки барои тамоми Осиёи Марказӣ паровозе аст, ки қатори беохири вагонҳои пурборро мекашад…

Посе аз шаб гузашта буд. Вале ҳанӯз суҳбати гарми мо давом дошт.  Николай Григоревич гоҳ-гоҳ дору мехӯрд. Фишор дошт. Бори охир, соли 2010 ӯро аз Роғун  савори ароба, таҳти назорати духтурон то майдони ҳавоии Душанбе  оварда буданд. Шояд Элеонора Дмитриевна хастагии шавҳарашро дарк кард, ки ба суҳбати мо ҳамроҳ шуд:

-Хаста шудед, ба дастархон нигоҳ кунед!

Мо сари дастархон нишастем. Тасмим гирифтем, ки суҳбатро баъдан идома медиҳем.

-Шумо чойи сиёҳ менӯшед ё кабуд?- ба Николай Григоревич муроҷиат намуд ҳамсараш.

-Ман тоҷик, албатта, чойи кабуд!

-Шумо чӣ? -  ба ман рӯй овард Элеонора Дмитриевна.

-Чӣ, магар ман тоҷик нестам?

Шариф Ҳамдампур, Душанбе-Москва-Душанбе