Мушкилот ва пешниҳод

«Вазифаи хонагӣ»-и Президент ба роҳбарияти нави ШСХК «Барқи Тоҷик»

№77 (3223) 15.07.2014

Сари вақт, дар сатҳи хуб ва сифати баланд иҷро гардидани дастуру ҳидоятҳои Роҳбари мамлакат аз ҷониби масъулини ширкат марҳилаи сифатан нави фаъолияти онро оғоз мебахшад

Бари точик

Аз  рӯзҳои  аввали давлатдории худ  Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқавории кишварро ҳадафҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ эътироф ва интихоб намуда, барои расидан ба онҳо аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода бурда истодааст.

Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки чанде пештар, бо мавриди истифода қарор гирифтани нақби «Шаҳристон» кишварамон аз бунбасти коммуникатсионии дохилӣ пурра раҳо гардида, ба як сарзамини воҳид табдил ёфт. Дар самти ҳифзи амнияти озуқавории мамлакат низ имконият ва захираҳо зиёданд. Танҳо масъулинро мебояд аз онҳо самаранок истифода намоянд. Бинобар ин, дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳурӣ дар панҷ моҳи соли 2014 ва вазифаҳо барои оянда Вазорати кишоварзӣ, сохторҳои он ва роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки «барои бартарафсозии камбудиву норасоиҳои мавҷуда ва самаранок истифода бурдани мавсими ҳосилғундорӣ, сари вақт ба роҳ мондани кишти такрорӣ ва омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони оянда чораҳои таъхирнопазир андешанд». Дар ҳамин радиф, баҳри расидан ба ҳадафи дигар, ки рушди тамоми соҳаҳо ба он иртибот дорад, таъмини истиқлолияти энергетикӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ икдомоти зиёде ба сомон расидааст.

Бо дарназардошти муҳимияти ин омил соли 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ирсоли Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон минҷумла зикр намуда буд, ки «Ислоҳоти низоми истеҳсол ва интиқоли қувваи барқ яке аз масъалаҳои зарурии ҳалталаб мебошад, ки татбиқи он боиси беҳшавии вазъи молиявии соҳа ва мутобиқсозии фаъолияти ҳамаи зинаҳои он ба талаботи иқтисоди бозорӣ хоҳад гардид».

Табиист, ки дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардидани ин таъкиди Сарвари давлат ба раванд ва нишондиҳандаҳои фаъолияти Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» вобаста аст.

Тавре ҳамагон иттилоъ доранд, панҷуми июли соли равон бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» иваз карда шуд.Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарияти нави ширкат дастур дод, ки «барои муайян намудани мувофиқати тахассусии кормандони ин ширкат ба вазифаҳои ишғолнамуда, санҷиши натиҷаҳои иҷрои уҳдадориҳои мансабӣ, сатҳи дониш, малака ва маҳорати касбии онҳо ҳамаи кормандони он аз аттестатсия гузаронда шаванд». Таъкид гардид, ки «сифат ва самаранокии кори Ширкати саҳомии холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» ва хусусан ҳолати иқтисодию молиявии ин ширкати бонуфуз бояд баланд бардошта шавад». Дар робита ба беҳсозии ҳолати молиявии ширкат зикр гардид, ки «таваҷҷуҳи махсус ба фаъолияти роҳбарият ва кормандони Раёсати фурӯши барқ зоҳир карда шавад, то ки ҳолатҳои номатлуб, ба мисли азхудкунии ғайриқонунии маблағҳо, рӯйпӯш намудани дуздии муштариён, аз меъёрҳои маъмулӣ зиёд нишон додани талафоти технологию тиҷоратии неруи барқ аз миён бардошта шавад».

Эътироф бояд кард, ки давоми чанд соли охир вазъи ширкати мазкур чандон хуб набуд ва қариб дар ҳама самтҳои фаъолият камбудиҳо ба мушоҳида мерасиданд. Бовар дорем, ки фаъолияти кории роҳбарияти нави ширкат дар заминаи он талаботе, ки дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ намудани онҳо рисолати ШСХК «Барқи Тоҷик» маҳсуб меёбад, оғоз шудаву ба ин минвол идома хоҳад ёфт. Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон соли 2013 дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон минҷумла зикр намуда буд, ки «Дар соҳаи энергетикаи кишвар таъмини пурраи талаботи мамлакат бо неруи барқ ва гармӣ дар фаслҳои тирамоҳу зимистон тавассути барқарор намудани иқтидорҳои мавҷуда, истифодаи манбаъҳои алтернативии истеҳсоли қувваи барқ ва ба кор андохтани иқтидорҳои нав, инчунин татбиқи сиёсати самараноки сарфаи неруи барқ, паст кардани талафоти он, амалисозии лоиҳакашӣ ва бунёди марказҳои барқу гармидиҳӣ ва дар ин асос расидан ба истиқлолияти энергетикӣ аз ҷумлаи вазифаҳои аввалиндараҷаи мо мебошад». Аз ин бармеояд, ки омилҳои зикршуда барои роҳбарияти нави ШСХК «Барқи Тоҷик»  бояд сармашқи фаъолият маҳсуб ёфта, барои расидан ба ин ҳадафҳо аз тамоми имкониятҳо самаранок истифода намоянд. Роҳбари давлат борҳо иброз дошта буд, ки «… рушди имрӯзу фардои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз истифодаи боигарии асосии мамлакатамон, яъне захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии бузург дорад». Ибрози чунин андеша аз ҷониби Сарвари хирадсолори давлатамон асоси воқеӣ дорад, зеро ягон кишвари дунё бе рушди энергетика, инчунин коммуникатсияи ҳозиразамон тараққӣ карда наметавонад. Аз ин лиҳоз, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди неругоҳҳои барқи обиро «калиди ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва афзоиши неруи содиротии кишвар» мешуморад. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги барқароршавандаи гидроэнергетикӣ мебошад, ки истифодаи оқилонаи онҳо на танҳо ба манфиати мардуми мамлакат, балки ба нафъи кишварҳои минтақа низ хоҳад буд.

Лозим ба ёдоварист, ки дар Паёми имсолаи Сарвари давлат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 23 апрели соли равон ироа гардид, бахши энергетика дар маркази диққат қарор дошт. Шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки бо мақсади рушди соҳаи энергетика то имрӯз хеле корҳо ба анҷом расиданд, аз ҷумла бо истифода аз ангишти худӣ сохтмони Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе – 2» идома дорад, ки навбати аввали он имсол ба кор андохта шуд. Соли ҷорӣ Неругоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» бо иқтидори 220 мегаватт ва навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо иқтидори пурра, яъне 100 мегаватт, ба истифода дода мешавад. Дар робита ба ин, зимни ирсоли Паёми навбатӣ Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Ҳукумати мамлакат супориш доданд, ки «барои таъмини пойтахт бо гармӣ ва барқ дар се соли оянда ҷиҳати то ба 400 мегаватт расонидани иқтидори Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе -2» чораҷӯйӣ намояд». Зикр гардид, ки дар доираи барномаи давлатии қабулшуда дар мамлакат то охири соли 2013-ум 310 неругоҳи барқи обии хурд бо иқтидори 29 ҳазор киловатт сохта шуда, сохтмони боз 10 неругоҳи хурд бо иқтидори 14 ҳазор киловатт идома дорад. Таъкид гардид, ки «дар баробари ин, бо истифода аз ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ ва  имконияту воситаҳои мавҷуда, аз ҷумла бо роҳи густаришу суръат бахшидани ҳамкориҳои созандаву судманди бахшҳои давлативу хусусӣ ҷиҳати рушди соҳа бояд тадбирҳои муассир андешида шаванд». Аз ҷониби Роҳбари мамлакат ибрози он, ки: «Барои таҷдиди низоми энергетикии мамлакат дар 10 соли охир беш аз 13 миллиард сомонӣ маблағ сарф шудааст ва дар ҳафт соли оянда бо мақсади ташкили фаъолияти устувори инфрасохтори энергетикӣ, рушди соҳа ва расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 22 миллиард сомонӣ равона карда мешавад», далели возеҳи дурнамои нек доштани ин бахш дар ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад.

Эътироф бояд кард, ки сари вақт ҷамъоварӣ нагардидани маблағи истифодаи неруи барқ, дуздии он, зиёд будани ҳаҷми талафот ва ғайра аз ҷумлаи мушкилоти умдаи соҳа маҳсуб меёбанд. Икдоми муҳиму саривақтӣ ва қобили таваҷҷуҳ дар ин ҷода таъсиси зерсохтори нави ширкат  — Раёсати фурӯши барқ маҳсуб меёбад, ки сарварии онро мутахассиси кордону масъулиятшинос ва поквиҷдон Амонулло Саъдуллоев ба зимма дорад. Зерсохтори мазкур моҳи июли соли гузашта ба фаъолият оғоз намуд ва фаъолияташ ба рафъи мушкилоти зикршуда нигаронида шудааст. Дар он беҳтарин мутахассисон ба кор ҷалб шудаанд, ки дар раванди фаъолият аз технологияҳои навин таври густурда истифода менамоянд. Пӯшида нест, ки баъзан кормандони ШСХК «Барқи Тоҷик», ки ба ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ машғуланд, бо истифодабарандагон «забон як карда», даст ба қонуншиканӣ мезананд. Баъди ба фаъолият шурӯъ намудани раёсати зикршуда ин падидаи номатлуб бамаротиб коҳиш ёфт ва бо итминон метавон гуфт, ки дар заминаи фаъолияти пурмаҳсули роҳбарияти нави ШСХК «Барқи Тоҷик» ин падидаи номатлуб ояндаи наздик пурра аз байн меравад. Насби ҳисобкунакҳои барқии электронӣ қадами аввал дар ин ҷода маҳсуб меёбад ва ин раванд мунтазам такмил ёфта истодааст.

Мутаассифона, ҳоло ҳам як қисми аҳолӣ аз ҳисобкунакҳои барқии одӣ истифода намуда истодаанд. Барои мисол, тибқи маълумоти мавҷуда, танҳо дар шаҳри Душанбе ба насби 48000 ҳисобкунакҳои электронӣ зарурат аст. Ба андешаи инҷониб, густариш бахшидани назорати фаъолияти кормандони ширкат, ки ба ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ машғуланд, дар заминаи  низоми махсус тавассути компютер муҳиму саривақтист. Тибқи иттилои дастрасшуда, айни замон низоми мазкур мавриди истифода буда,  тариқи он тамоми раванди фаъолияти кормандон дар минтақаи фарогир  барои роҳбарият ҳувайдо аст. Ин иқдом дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои ватанӣ амалӣ мегардад ва айни замон дар вилояти Суғд, ба истиснои навоҳии водии Зарафшон, мавриди истифода қарор дорад. Тибқи нақшаи роҳбарияти раёсати фавқуззикр дар шаҳрҳои Қӯрғонтеппа, Турсунзода, Ваҳдат ва Ҳисор низ ин низом ба наздикӣ фаъол хоҳад шуд. Чунин тарзи кор шароит   фароҳам овардааст, ки пардохти маблағи истифодаи неруи барқ бамаротиб осон ва қулай гардад.

Хурсандиовар аст, ки айни замон дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои ватанӣ пардохти чунин маблағҳо тариқи терминалҳо ба роҳ монда шудааст. Барои мисол, танҳо дар шаҳри Душанбе 345 адад чунин терминал дар сатҳи хуб ва сифати баланд фаъолият доранд. Бо дарназардошти муҳимияти масъалаи мазкур роҳбарияти нави ШСХК «Барқи Тоҷик»-ро зарур аст, то ҳамкориҳояшро бо БДАТ «Амонатбонк» ҷиҳати ба роҳ мондани пардохти маблағи истифодаи неруи барқ бо усули онлайн густариш бахшад.  Бемуҳобот метавон гуфт, ки иқдомоти мазкур баҳри аз байн бурдани падидаҳои номатлуб ва беҳбудӣ бахшидани фаъолияти ширкат мусоидат хоҳад намуд. Хулоса, дар ин ҷода пешравиҳо зиёданд ва ин танҳо оғози кор аст. Масалан, ба шарофати иқдомоти мазкур ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ 20 фоиз зиёд гардида, ин нишондиҳанда рӯз то рӯз тамоюли афзоишро касб намуда истодааст. Дар ҳамин радиф, фарҳанги аҳолӣ оид ба истифодаи неруи барқ бамаротиб боло рафта истодааст, ки ин омил дар самти сарфакорона истифода намудани он такони ҷиддӣ гаштааст. Ҳамзамон, зарур аст, ки ҳисоботи аниқ бобати теъдоди истифодабарандагони неруи барқ омода ва вобаста ба он дар самти ҷамъоварии маблағи истифодаи неруи барқ чораандешӣ сурат гирад. Вусъат бахшидани  таъмиру таҷдиди зеристгоҳҳои барқӣ низ бояд самти афзалиятноки фаъолият бошад. Шоҳиди бевоситаи он ҳастем, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ дар заминаи ҳамкорӣ бо ташкилоту созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявӣ баҳри густариши ин раванд корҳои зиёдеро ба сомон расонида истодааст. Роҳбарияти ширкатро танҳо лозим аст, ки умури назоратро дар самти истифодаи мақсаднок ва саривақтии маблағҳо тақвият бахшида, дар сатҳи хуб ва сифати баланд амалӣ гардидани тадбирҳоро таъмин намоянд. Дар қисмати зиёди ташкилоту муассисаҳои шаҳри Душанбе ҳисобкунакҳои барқии электронӣ насб шудаанд ва ин раванд бояд ба марҳилаи ниҳоии худ расонида шавад. Дар ҳамин радиф, ба низоми электронии пардохти маблағи истифодаи неруи барқ гузаронидани ташкилоту муассисаҳое, ки аз Буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ба манфиати кор хоҳад буд. Мушоҳидаҳо  аз он шаҳодат медиҳанд, ки сарварони ташкилоту корхонаҳо низ ба ин иқдом ҳавасманданд, зеро чунин тарзи кор замина фароҳам меорад, ки ҳисоби дақиқи неруи барқи истифодашуда имконпазир гардад. Боварии комил дорам, ки пешниҳодоти мазкур, ки аз мушоҳидаҳои раванди фаъолият маншаъ гирифтаву ҳадафаш беҳбудии вазъи соҳа аст, аз ҷониби масъулин ба инобат гирифта мешавад.

Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»