Гирифтани иҷозатнома шаффофу сода мешавад

№142 (4248) 24.11.2020

Фабрика форматовизображение_viber_2020-11-23_14-08-56Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ пешниҳоди ҳуҷҷатҳоро оид ба гирифтани иҷозатномаҳои соҳаи саноат тавассути барномаи нави электронии ijozatnoma.tj ба роҳ монд. Ин иқдом имкон медиҳад, ки монеаҳои сунъӣ аз байн рафта, гирифтани иҷозатномаҳо бидуни рафтуомад, бо истифода аз технологияи муосир, шаффофу сода амалӣ гардонида шавад. Инчунин, барнома шароит фароҳам меорад, ки довталабон пардохти боҷҳои иҷозатномаҳоро тавассути низоми бонкӣ иҷро намоянд.

Мутобиқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, намудҳои фаъолият ва номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани иҷозатнома заруранд, дар барнома ҷойгир карда шудаанд.

Довталабон метавонанд барои дарёфти иҷозатномаҳо аз тариқи барномаи электронии ijozatnoma.tj дархост пешниҳод намоянд.

Телефонҳо барои тамос: 221-88-89, 227-71-91.

Суроға: шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 22.