Хатлон. Парвариши харгӯш дар хоҷагии ҷангал

№51 (4157) 23.04.2020

ХаргушБо мақсади дар амал татбиқ намудани «Барномаи давлатии рушди соҳаи харгӯшпарварӣ дар вилояти Хатлон барои солҳои 2019 — 2023» масъулини Муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангал парвариши харгӯшро ба роҳ монданд.

Муовини директори муассиса Қувваталӣ Назиров зикр кард, ки айни ҳол 50 сар харгӯши маҳаллӣ парвариш ёфта истодааст, ки вобаста ба шароит, марҳила ба марҳила саршумори он зиёд карда ­мешавад.

Сулаймон СУЛТОНОВ,

«Садои мардум»