Хотирае ба солномаи таърихи аср

№90 (3570) 15.07.2016

33Ғояи кашидани хатти 500 — киловолтаи Шимолу Ҷануб замоне пайдо шуд, ки Тоҷикистон ба бунёди Неругоҳи  барқи обии ­«Норак» шурӯъ кард.

Давлати абарқудрати Иттиҳоди Шӯравӣ ба омӯзиш ва татбиқи ғоя шурӯъ намуд.  Хатти 500 — киловолтаи Шимолу Ҷануб мебоист меҳвари пайвандгари шабакаи идоракунии интиқоли барқи Тоҷикистон мешуд. Барои ин лоиҳае лозим буд. Мувофиқи лоиҳа, хат аз болои ду қуллаи тамоми сол барфпӯше, ки аз сатҳи баҳр 3500 метр баланд аст, мегузашт. Вале насиб набудааст. Давлати абарқуд­рати шӯравӣ натиҷае ба даст наовард. Барои ҳалли масъала дуюмин давлати абарқудрати ҷаҳон — ИМА даъват шуд. Ҳар ду давлати абарқудрат тамоми донишу маҳорати худро сарф намуданд. Тадқиқотҳои лабораторӣ ҳам гузарониданд. Ҳосили бозҷӯйиҳои лабораторӣ ҳамин шуд, ки гуфтанд: ин кори бефоида аст, чунки дар чунин баландӣ аз нисф зиёди неруи барқе, ки аз ҷануб ба шимол интиқол меёбад, талаф мегардад. Аз ин рӯ, бо дарназардошти дигар мушкилиҳо хулоса шуд: Лоиҳаи хатти 500 — киловолтаи интиқоли барқи Шимолу Ҷануб амалинашаванда аст. Ин замоне буд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз татбиқ нагардидани лоиҳаи мазкур хавфу хатаре намедид ва бо хотири ҷамъ аз пайи супоришҳои Кремли Москва буд. Неругоҳи барқи обии «Норак» ҳамчун нуқтаи марказӣ 90 фоизи тамоми ҳаҷми барқи ҷумҳуриро истеҳсол мекард. Қисмати ҷануби мамлакат аз ин марказ бо неруи барқ таъмин мегардид. Қисмати шимол аз Тошкент, ки маркази барқи ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ буд, неруи барқ мегирифт ва гӯё мушкилоте набуд. Бехабар аз он ки маҷрои ҳаёт якмаром нест. Таърих гувоҳ аст, ки ҳатто дарёҳои бузург тарки маҷро мекунанд. Панҷ аср пеш дарёи Ому ба баҳри Хазар мерехт. Вале бо мурури замон якбора тарки маҷро кард ва оби худро ба баҳри Арал бурд.

Ба фаромӯшӣ супоридани лоиҳаи хатти барқи Шимолу Ҷануб яке аз саҳвҳое буд, ки аз шуури шахшудаи миллӣ бармеомад. Ин ҳам аз ҷумлаи мушкилиҳои аз парешонӣ гирд овардани миллат, аз порча ба порча тақсим гардидани мамлакат ва раҳонидани Тоҷикистону наҷот додани давлати тоҷикон буд, ки бар дӯши Сарвари ҷавони мамлакат афтод.

Замоне, баъди парокандагии Иттиҳоди Шӯравӣ, ҷумҳуриҳои аъзои ИДМ соҳибистиқлол гардиданд. Ӯзбекистони соҳибис­тиқлол аз баҳри барномаи барқтаъминкунии Осиёи Марказӣ баромад. Сарвари ҷавони давлат сари ҳар қадам ба сахтиҳои азим — мушкилоти на камтар аз бунбасти коммуникатсионии роҳҳо, аз ҷумла сангинтар аз нақби «Истиқлол» рӯ ба рӯ шуд. Буҳрони шадиди тамоман қатъшавии барқ таҳдид мекард ва ин, пеш аз ҳама, Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро ба изтироб меандохт. Дар чунин шароити печида ба сарвари Ҷумҳурии Қирғизистон муроҷиат кард ва дастгирӣ ёфт. Вале аз ин дастгирӣ ҳам хотирҷамъ буда наметавонист. Роҳбари давлат ба хотири бартараф сохтани буҳрони қатъгардонии барқ, таъмини қисмати шимолии мамлакат бо барқ ва раҳоӣ аз мутеъ будан ба барқи Ӯзбекистону Қирғизис­тон амалӣ намудани шабакаи ягонаи барқӣ — бунёди хатти 500 — киловолтаи Шимолу Ҷануби ҷумҳуриро аз барномаҳои аввалиндараҷа ҳисобид. Президент хатти ин лоиҳаро бо тамоми мушкилиҳову мураккабиҳояш аллакай медонист. Вале чун ба амали ӯ бо назари таҳқиқ зеҳн мемонӣ, танҳо як андеша ба сар мезанад: Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Худодод аст, Худо ӯро ба хотири некрӯзии миллати тоҷик ва шукуфоии сарзамини аҷдодӣ ба сари мо овардааст. Ҳар мақсаду нияте, ки ба хотири осудагиву ободонии мамлакат кард, тавфиқ ёфт. Хатти 500-киловолтаи Шимолу Ҷануби кишвар аз ҳамин ҷумла аст. Моҳи июни соли 2004 дар Тошкент вохӯрии сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки Тоҷикистон узви фаъоли он аст, баргузор гардид. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Роҳбари давлати Чин Ху Ҷинтао ҳамсуҳбат шуд.

Ин вохӯриву суҳбат 14-уми июни соли 2006 дар нишасти сарони давлатҳои аъзои  Созмони ҳамкории Шанхай дар Чин самараи бузург дод. Бо иштироки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ва Роҳбари Ҷумҳурии Мардумии Чин Ху Ҷинтао Ҳукумати Тоҷикистон оид ба бунёди лоиҳаи «Лолазор-Хатлон» бо иқтидори 220 кВт ва хатти баландшиддати Шимолу Ҷануб бо иқтидори 500- кВт бо Ширкати чинии ТВЕА шартнома ба имзо расонид.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар бораи маҳорати баланди муҳандисии роҳбарону мутахассисони ин ширкат маълумоти пурра дошт. Эътимоди комил дошт, ки дар сурати ташкили корҳо ширкати чинии ТВЕА бо суръати баланд ва дар наздиктарин муҳлат аз уҳдаи иҷрои шартнома мебарояд. Хизматрасонӣ бауҳдагириву сохтмони лоиҳаҳо ва лавозимоти электронии ширкати мазкур зиёда аз 60 минтақаву мамлакати дунё, аз қабили Амрикову Ҷопон Аврупо, Россия  ва Африқоро фаро мегирад. Президенти мамлакат аз ин бозёфти худ ба нафъи ободониву осудаҳолии сокинони мамлакат, рушди иқтисодӣ ва шукуфоии Тоҷикистони азиз хушнудӣ дошт. Чунки баробари иҷрои барномаи мазкур садҳо корхонаи нави саноативу маишӣ бунёд меёбад.

Аз байн ду моҳ гузашт. Дар чунин муҳлати кӯтоҳ — 16 сентябри соли 2006 хишти аввалини бунёди тарҳи мазкур дар Тоҷикистон гузошта шуд. Дар маросими буридани лентаи рамзии лоиҳа бо даъвати Сарвари давлати тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин Вен Ҷиабао ҳозир буд ва ҳар ду суханронӣ карданд.

- Мардуми Тоҷикистону Чин, — гуфт Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, — бо ҳам дӯсту бародар буда, якдигарро эҳтиром менамоянд. Маҳз розигии мардуми ба мо дӯсту бародар — Чин аст, ки ин лоиҳаи ҷиҳатан муҳим амалӣ мегардад. Оғози сохтмони мазкур нишонаи вусъати тоза пайдо намудани ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин мебошад. Ин лоиҳа на танҳо барои рушди стратегияи худтаъминкунии барқ дар Тоҷикистон аҳамияти калон дорад, ҳамзамон барои содироти барқ ба кишварҳои хориҷӣ низ кумак хоҳад расонид.

Сарвазири Ҷумҳурии Мардумии Чин дар ҷавоби суханони Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон чунин иброз намуд:

- Хатти баландшиддати барқи Шимолу Ҷануб бо иқтидори 500 кВт лоиҳаи муҳими иқтисодиву тиҷоратии ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин, ҳамзамон лоиҳаи муҳими қарзҳои имтиёзноки ҷониби Чин дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон мебошад. Оғози ин лоиҳа нишонаи вусъати бомароми ҳамкориҳои дӯстонаи кишварҳои мо арзёбӣ шуда, пешравиест дар бахши ҳамкориҳои иқтисодии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай. Ин лоиҳа бениҳоят бузург буда, мавқеи ҷуғрофиву боду ҳаво дар ин минтақа басо нигаронкунанда мебошад. Аз ин хотир, умед ба он дорам, ки роҳбарону сохторҳои дахлдор ба ин мушкилот ғолиб омада, бо ҳам алоқаи зич барпо намуда, назорати ҷиддиро ба роҳ мемонанд ва мо якҷоя лоиҳаи мазкурро бо сарбаландӣ ба анҷом мерасонем.

Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми суханрониҳо бо мақсади дилгармӣ бахшидан ба кор, ҷазбманд гардонидани коргарони Ширкати чинии ТВЕА дасти ҳар кадоми онҳоро фишурд ва изҳори умед намуд, ки тӯли камтар аз се сол татбиқи ин лоиҳа, бидуни мушкилиҳои сангин, ба анҷом мерасад.

Маросими гузоштани хишти аввал дар пояи кӯҳҳои Анзоб, он ҷое, ки аз баландиҳои он хатти 500 кВт-и барқ мегузашт, доир шуд. Коргарону мутахассисон аз поён ба қуллаҳои кӯҳҳо назар афканда, мушкилиҳо эҳсос мекарданд, вале на ба он дараҷае ки дар ҳақиқат вуҷуд дошт. Замоне ки кор шурӯъ гардид ва онҳо бо мушкилиҳо даст ба гиребон шуданд, ба ҳайрат афтоданд. Аз сабаби он ки мавзеи кор тамоман хавфнок буд, дар баъзе ҷойҳо аз чархбол истифода мекарданд. Лекин ҳолатҳое шуд, ки чархбол ҳам аз уҳдаи ба субут расонидани кор набаромад. Вазъи ҳаво ҳам аз пояи кӯҳ то қуллаи он, ки на камтар аз сеюним километр меомад, фарқ дошт. Гардиши ҳаво дар миёни кӯҳҳои баланд гаронтар мегардид. Овози чархболҳо аз ҳадди эътидол берунтар ба ларзиш мешуд. Дар фазои дохили чархбол чунин ҳолате ба вуҷуд меомад, ки гӯё он ба қаъри замин фурӯ рафта истодааст. Дил ҳаво мегирифт ва тарси азиме ҳавопаймонишинонро фаро мегирифт.

Сарварони Ширкати ТВЕА мушкилоти басаромадаро ба назар гирифта, беҳтарин ширкатҳои хизматрасониро воқеъ дар музофоти Сичуан, ки барои кор дар баландиҳо таҷрибаи бой ва маҳорати баланд доштанд, даъват намуданд. Онҳо ба Анзоб омаданд, вале дар рафти татбиқи лоиҳа соире аз онҳо ба кор тоб наоварда гуфтанд, ки дар умрашон бо чунин лоиҳаи мушкил дучор наомадаанд ва яке паси дигар ба Чин баргаштанд.

Баҳри онҳое ҳам, ки ба кор тоб оварданд, фаъолият осон набуд. Пеши роҳи мушкилиҳоро ягон қувваю  қудрат гирифта наметавонист. Ба он мушкилиҳо танҳо тоб оварда, татбиқи лоиҳаро пеш бурдан зарур буд. Дар бисёр ҳолатҳо асбобу анҷоми махсуси кӯҳнавардӣ лозим мешуд. Барои тай намудани роҳ, масалан барои масофаи се — сеюним километр вақти зиёд сарф мегардид. Барои расидан ба ҷои кор чор  соат ва  бозгашт аз он ҷо се соат сарф мешуд. Дар маҷмӯъ, ҳафт соат барои кӯҳпаймоӣ сипарӣ мегардид.

Қисмате аз мавзеъҳо ба қуллаҳои кӯҳ рост омад, ки дар он ҷойҳо аз дасти ягон навъи техника  коре намеомад. Коргарон ночор буданд, ки таҷҳизоти то 40 — 50- килоиро сари китф бардошта, қисмати дигареро ба хар бор карда, ба мавзеи кор расанд ва танзими техникиро анҷом диҳад.

Мутаассифона, аксар вақт бо сабаби резиши кӯҳ хар ба вазнинӣ тоб намеовард. Аз ин рӯ, бори хар ҳам бар дӯши коргарон меафтид. Роҳҳо тангу борик ва хатарнок буданд. Танҳо як кафи пой ҷой меёфт. Ҳар кас ҳам бошад, дар чунин роҳи рӯ ба қуллаҳои баланд ва ҳангоми  фуромадан ба сӯи варта худро гум мекунад. Метарсад, ваҳму воҳима вуҷуди ӯро фаро мегирад. Шояд давлатҳои абардқудрати олам — Русияву Амрико дар рафти тадқиқу омӯзиши лоиҳа ин ҳама даҳшатро эҳсос карданд, ки  гуфтанд: «Лоиҳа басо мушкил ва амалинашаванда мебошад».

Ба замми ин, ҳар фасли сол мушкилиҳои сангини худро дошт. Дар гармои  тобистон нурҳои офтоб баданро  чунон месӯзонад, ки ягон хамираи  молиданӣ суде намедиҳад. Аксар коргарони навкор аз таъсири нурҳои офтоб чанд қабат пӯст мепартофтанд. Баръакси ин, шабона ҳаво чунон сард мегардид, ки оби дар зарфҳо монда ях мебаст.

Дар қуллаҳои кӯҳ пайдо кардани оби ошомиданӣ осон нест. Ба татбиқгарони лоиҳа зарур меомад, ки аз барфи қуллаҳо истифода баранд. Ҳайратангез аз ҳама он буд, ки дар чунин баландиҳо хомӯшакҳо  пайдо мешуданд ва аз паи нешҳои онҳо бадан ранги сурх мегирифт. Морҳо бошанд, атрофи хаймаҳо ҳалқа мезаданд. Шабона гургҳо бӯи одам гирифта, то ба рӯз улос мезаданд. Боз хатари минаҳои ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ хобонидаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон. Дар ҳама ҳолатҳои мушкилиҳои сангин  симои Сарвари давлати тоҷикон, Ҷаноби Олӣ  Эмомалӣ Раҳмон пеши чашм ва суханони дилпазираш дар гӯши коргарону мутахассисон бо тамоми ғайрат лоиҳаи 500 кВт-и Шимолу Ҷанубро ба амал татбиқ  мекарданд.

Дар тӯли ин гирумонҳо буҳрони барқӣ дар мамлакат пасанда нагардида, дар қисмати шимолӣ шадидтар мешуд. Моҳи феврали соли 2009 Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон  масъулини ширкати чинии ТВЕА — ро таъҷилан ба вохӯрӣ даъват намуд. Чун онҳо ҳозир шуданд, ҳама имкониятҳои мавҷудаи ширкатро дақиқназарона ба ҳисоб гирифт ва супориш дод, ки татбиқи лоиҳаи 500 -кВт-и хатти Шимолу Ҷанубро пеш аз муҳлат ба анҷом расонанд. Сарфи назар аз мушкилиҳо, масъулини ширкат ин пешниҳодро пазируфтанд. Ин талаби Сарвари давлати тоҷикон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон сабаб дошт: ӯ иқтидори ширкати ТВЕА  ва қобилияту маҳорати касбӣ, обутоби ҳар як коргари техникиву муҳандисии онро мисли  панҷ панҷа медонист. Ба он чӣ ӯ амр намуд, ба иҷрояш боварии қатъӣ  дошт.

Шароити вазнине, ки зимистони охири соли 2008 ва аввалҳои соли 2009 ба сари Ҷумҳурии Тоҷикистон овард, Президент, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро сахт ба изтироб оварда буд. Ин сахтӣ набояд аз хотираҳои сокинони мамлакат зудуда гардад. Зимистон сангин, сарду сербарф буд ва Сарвари давлат ғами ҳар сокини  кишварро аз ӯ зиёдтар мехӯрд. Тоҷикистон тӯли 20 сол чунин сардии шадид ва тӯлониро дар ёд надорад. Системаи таъмини барқ ба зимистони вазнин тоб наоварда, хароб шуд. Бар асари он шаҳрҳои калони мамлакат, ки таъмини гармиашон аз ҳисоби барқ буд, буҳрони неруи барқро шадидтар гардониданд. Калонтарин шаҳрҳои қисмати шимолии мамлакат, аз қабили Хуҷанду Истаравшан, Конибодому Исфара бе неруи барқ монданд.

Ширкати ТВЕА ба хотири иҷрои супориши Сарвари давлати тоҷикон ба зиммаи онҳое, ки андаке ҳам ба татбиқи лоиҳаи  хатти 500 кВт- и Шимолу Ҷануб алоқа доштанд, уҳдадориҳои иловагӣ гузошт. Ҳама кормандон аз баҳри истироҳат гузаштанд. Дар кӯтоҳтарин муҳлат шумораи коргарони ширкат аз ду ҳазор ба чор ҳазор нафар расонида шуд. Коргарон ба ҷои моҳи май ба кор моҳи март дар болои яхпораҳо оғоз намуданд.

Дар натиҷа, 29 ноябри соли 2009, лоиҳаи хатти 500 кВт- и Шимолу Ҷануб бо ибтикори Президенти мамлакат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, сарфи назар аз тамоми шароити мураккабу вазнин, якуним сол пеш аз муҳлат анҷом пазируфт.  Сарвари давлат, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ  Раҳмон  дар лаҳзаҳои охирини анҷомёбии кор иштирок намуда, ба сифати иҷрои лоиҳа  баҳои баланд дод ва гуфт: «Таҳти мадади беандозаи Ҳукумати Чин ширкати ТВЕА 1,5 сол пештар лоиҳаи мазкурро ба анҷом расонид. Ин лоиҳа чун рамзи дӯстии халқҳои Тоҷикистону Чин ба солномаи таърихи Тоҷикистон ворид хоҳад шуд, ҳамзамон дар ёди халқу миллати тоҷик то абад боқӣ хоҳад монд».

Сипас, Сарвари давлати Тоҷикистон ба кормандони ширкати ТВЕА зиёфати шоҳона доду аз як сар бо онҳо даст фишурда, бо забони чиноӣ гуфт: «Сиесиё», яъне раҳмат.

Хатти баландшиддати 500 кВт-и Шимолу Ҷануб дар якҷоягӣ  бо хатти 220 кВт-и Лолазор — Хатлон, хатти 220 кВт-и Хуҷанд – Айнӣ шабакаи ягонаи таъмини барқи мамлакат буда,  бо тамоми  шукӯҳу шаҳомат ва зебоияш шаҳодатномаи иродаи матин ва файзу баракати Сарвари давлати тоҷикон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ  Раҳмон  буда, ёдгориест аз нигораҳои ҷовидонаи таърихии ӯ.

 Раҷаб Мардон, нависанда